fbpx

Валентина Чупик: вазъи муҳоҷирон дар Русия рӯз то рӯз бад хоҳад шуд

Ӯ боз ҳам муҳоҷиронро таъкид мекунад, ки дар зудтарин фурсат ба ватанашон баргарданд.


1
1 point

Бо оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, муҳоҷирон яке осебпазиртарин бахши ин кишвар ба ҳисоб мераванд. Поин рафтани қурби рубл, болоравии арзиши маводи ғизоӣ ва даъват ба артиш муҳоҷиронро водор кардааст, ки дар бораи интихоби кишвари иқомат андеша кунанд. Муаллифи Your.tj Нодираи Собирзод бо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ Валентина Чупик дар бораи мушкилоти онҳо дар шароити кунунӣ сӯҳбат кард.

Яке аз маъруфтарин ҳомиёни ҳуқуқ, вакили ройгон барои муҳоҷирон ва роҳбари созмони ҳуқуқи башари “Тонг Ҷаҳонӣ” Валентина Чупик ҳоло дар Ереван қарор дорад. Моҳи сентябри соли гузашта дар фурудгоҳи Шереметевои Москва шаҳодатномаи паноҳандгии Чупикро гирифта, вурудашро ба Русия ба муҳлати 30 сол, то соли 2051 манъ карда буданд.

Новобаста аз ин Чупик то ҳол ҳуқуқи муҳоҷирони дар Русия қарор доштаро ҳимоя мекунад. Ӯ пайваста бо ҳамкасбонаш дар тамос ва аз тамоми мушкилоти муҳоҷирон огоҳ аст.

Ба гуфти ҳуқуқшинос, муҳоҷирон комилан ҷиддӣ будани вазъи кунуниашонро дар Русия дарк намекунанд. Бо вуҷуди ҳаводиси ахири миёни Украина ва Русия, нафарони зиёде ҳастанд, ки бо вуҷуди набудани кор ва дар ояндаи наздик эҳтимоли баста шудани марзҳо, мехоҳанд бо хонаводаашон ба Русия бикӯчанд. Вай гуфт, ки имрӯз шумораи ками муҳоҷирон ба ватан бармегарданд.

“Оғози амалиёти низомии Русия дар Украина аз ҳама бештар ба муҳоҷирон зарба зад. Ба мушкилоти кӯҳна мушкилоти нав илова шуд: беқурбшавии рубл, якбора боло рафтани қимати ҳама намуди маҳсулот, бахусус чиптаҳои ҳавопаймо, маҳдудият дар содироти асъори хориҷӣ ва даъвати муҳоҷироне, ки шаҳрвандӣ доранд ба артиши Русия. Амалиёти низомӣ ба муҳоҷирон ҳеҷ чизи хубе наовард” – мегӯяд Чупик.

Тавре ин ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, онҳо якҷо бо гурӯҳи кории худ ҳар моҳ шумораи дақиқи муроҷиатҳоро сабт мекунанд. Муроҷиатҳои аслӣ ба ин созмон ба масоили дарёфти шаҳрвандии Русия марбутанд.

«Теъдоди довталабон, масалан, дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳудуди 650-700 нафарро ташкил медиҳад. Шикоятҳои гуногунро сабт кардем: 30 парвандаи марбут ба боздошти ғайриқонунӣ, 24 – ихроҷи ғайриқонунӣ, 21 шикоят – барои вуруди ғайриқонунӣ, 6 – барои напардохтани маош, 4 – қаллобӣ бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва 1 шикоят дар бораи ихроҷ аз донишгоҳ. Ҳамчунин даъвои марде, ки соҳиби мошинаш пули иҷораро ду баробар зиёд кардааст ва аз зане, ки барои сари вақт сар накардан ба кор патенташ лағв шудааст. Боқимонда аризаҳои оддии шаҳрвандӣ мебошанд”, – шарҳ дод ҳомии ҳуқуқ.

Тарс дар чашми мухочирон

Чупик ба мушкилоти вазъи равонии муҳоҷирон дахл карда, мегӯяд, дар чашмони онҳо воҳима, тарс ва як навъ талафотро мебинад.

“Имрӯз мавзӯи асосии сӯҳбати муҳоҷирон амалиёти низомии Русия дар Украина аст, ки онҳо асосан аз расонаҳои русӣ дарёфт мекунанд. Ин хабарҳо онҳоро метарсонад”, – мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқ ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки мавзӯъҳои сиёсиро танҳо миёни афроди наздикашон ва бештар бо забони модарии худ баррасӣ кунанд, то ягон сухани ғайри қобили қабул барои онҳо мушкилоти нав эҷод накунад.

Хизмати ҳарбӣ замина барои гирифтани шаҳрвандӣ нест

Дар мавриди масъалаи дарёфти шаҳрвандии Русия, ҳомии ҳуқуқи башар қайд мекунад, ки имрӯз муҳоҷирони корӣ маълумотҳои нодуруст доранд, ки гӯё бо ширкат дар амалиёти низомӣ алайҳи Украина ба онҳо шиносномаи Русияро ба таври имтиёзнок медиҳанд.

“Онҳо бояд дарк кунанд, ки хидмати ҳарбии шартномавӣ дар Русия замина барои гирифтани шаҳрвандӣ нест” мегӯяд ӯ. — Зеро сарбоз ҷои истикомати доимӣ надорад. Ариза дар бораи шаҳрвандӣ бояд дар давоми се моҳ баррасӣ шавад, аммо дар асл он як сол ё бештар тул мекашад. Фармондеҳони ҳарбӣ бошанд ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки сарбозон дар замони хидмат барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандӣ ба маҳалли зисташон раванд”.

Валентина Чупик қайд мекунад, ки агар шахс тибқи шартнома ба хидмати ҳарбӣ дар Русия равад ва ҳамзамон дар ин кишвар ҷои истиқомати доимӣ надошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.

«Ба ман аллакай чаҳор шаҳрванди Қирғизистон ва як нафар аз Узбакистон муроҷиат кардаанд, ки тибқи қарордод барои ширкат дар амалиёти низомии Русия даъват шудаанд. Ман ба онҳо маслиҳат додам, ки воҳима накарда дар зудтарин фурсат Русияро тарк кунанд, ба ватан баргарданд ё ба кишвари дигар раван”, – мегӯяд ӯ.

Ба ватан баргардед

Ин ҳомии ҳуқуқ бар ин назар аст, ки дар ояндаи наздик муҳоҷирон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Коҳиши бозори меҳнат, баста шудани марзҳо, болоравии нархҳо, манъи содироти асъори хориҷӣ, миллатгароӣ, меҳнати иҷбории бемузд – ҳамаи инҳо муҳоҷиронро осебпазиртар мекунад ва амнияти онҳо зери суол мемонад, зеро дар Русия фаъолияти қисми зиёди созмонҳоии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил боздошта шудаанд.

Чупик ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки то ҳади имкон ба ватан баргарданд, зеро вазъ дар ояндаи наздик ҳал нахоҳад шуд. Вай ҳамчунин афродеро, ки мехоҳанд ба Русия муҳоҷират кунанд, айни ҳол ба ин кишвар сафар карданро тавсия намедиҳад.

Аммо агар Шумо пешакӣ ҷои кори муаян ва ҷои зист пайдо карда бошед, ҳамчунин боварӣ доред, ки худу оилаатонро таъмин карда метавонед, пас метавонед ба Русия сафар кунед.

Ҷазо барои ширкат дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба васваса афтодаву шартномаро барои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украинаро имзо мекунанд, дар Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Бар асоси моддаи 401-и (зархарилӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, зархарид барои ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ бо маҳрумият аз озодӣ аз 12 то 20 сол муҷозот мешаванд. Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус чалб гардида, бо максади гирифтани подоши модди амал мекунад, шахрванди давлате намебошад, ки дар задухурдхои муссалохона ё амалиёти  чанги иштирок мекунад,  дар худуди он сукунати доими надорад, ба хайати шахсии куввахои мусаллахи давлате, ки дар холати чанг карор дорад, шомил намебошад ва барои ичрои вазифахои расми дар хайати куввахои мусаллах аз чониби давлати дигар фиристода нашудааст.

Мувофиқи моддаи 4011 (Чалб ва иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванд дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар каламрави дигар давлатхо)

Барои ҷалби гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванди доимо дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда барои иштирок дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо, инчунин иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванди доимо дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо, бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend