Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба фоҷеаи ба дарё партофтани 4 кӯдак аз ҷониби модараш вокуниш кард
Дата публикации: 15:4415.07.2025
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пас аз ҳодисаи ба дарё партофтани чор кӯдак аз ҷониби як модар дар Фархор, бо нашри як баёния дар сомонаи худ аз ҷомеа ва мақомот хост, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон чораҳои ҷиддӣ ва фаврӣ андешанд.
Дар ин баёния марги кӯдакон “ташвишовар ва нигаронкунанда” арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки чунин ҳолатҳо бедории ҷомеа ва таҷдиди назар дар системаи ҳифзи кӯдакро тақозо мекунанд.
“Таҳлилу омӯзиши ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар намояндагони қонунӣ ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад, вайрон карда мешавад”, – омадааст дар баёния.
Ин ниҳод бо ишора ба ҳодисаи охир, ки дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон рух дод, илова кардааст, ки бояд муҳити муҳофизаткунандаи кӯдакон дар ҷомеа ташаккул ёбад ва сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти тарбия ва назорати кӯдакон боло бурда шавад.
Шаби 29 ба 30 июни соли ҷорӣ Мадина Ҳалимова, сокини 27-солаи ноҳияи Фархор, худ ва чор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт. Зан зинда берун монд, аммо ҳамаи кӯдаконаш – се духтари 2, 3 ва 5-сола, як писарбачаи 2-моҳа ҷон бохтанд.
Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола ва Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳаро дар рӯзи ҳодиса пайдо карда буданд.
Пас аз ҳашт рӯз ҷасади Ёсамини дусоларо аз дарёи Панҷ сокинони Афғонистон ёфта, ба мақомоти Тоҷикистон супориданд. Танҳо ҷасади Латофати 5-сола то ҳол пайдо нашудааст.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби эҳтимолии ин амалро “муноқишаи оилавӣ” арзёбӣ карданд, аммо шавҳари зан ва падари ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки Мадина гирифтори бемории рӯҳӣ будааст ва дар табобати духтурон қарор дошт.
Қаблан низ ҳолатҳои ба об андохтани худ ва фарзандон аз ҷониби занон расонаӣ шудааст. Аз соли 2013 то 2020 ҳафт ҳолати худ ва кӯдаконро ба об андохтани занон сабт шудааст. 17 августи соли 2020 сокини ноҳияи Рашт худ ва се фарзандашро ба дарёи Сурхоб партофта буд ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад