fbpx

Ваъдаи тақдими хона ба ғолибони Бозиҳои Осиё

Дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу Тоҷикистонро зиёда аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки теъдоди рекордӣ барои ҷумҳурии мо аст.


0
Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Бозиҳои Осиё хона ваъда кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо варзишгарон барои ҳар як медал дар Бозиҳои Осиё аз пойтахт хона ваъда дод. Дар ин бора дар гузориши саҳифаи фейсбуки шаҳрдории пойтахт хабар дода шудааст.

Вохӯрӣ бо варзишгарон дирӯз, 18 сентябр баргузор шуд. Зимни он раиси шаҳр барои натиҷаи арзанда дар Бозиҳои Осиё мукофотҳои арзанда ваъда кард.

Ӯ гуфт ба варзишгароне, ки дар Ханчжоу медалҳои тилло ба даст меоранд, дар Душанбе хонаҳои сеҳуҷрагӣ, варзишгароне, ки медалҳои нуқра дарёфт мекунанд, хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ – хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст.

Дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу Тоҷикистонро зиёда аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки теъдоди рекордӣ барои ҷумҳурии мо аст.

Аз 40 навъи варзиши дар барномаи бозиҳо зикршуда варзишгарони тоҷик дар 18 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend