Узрхоҳии “Барқи тоҷик” аз мардум: Аз 10 декабр барқро дигар қатъ намекунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Иҷозаи парвозҳои мунтазам ба Хуҷанд ба ширкати AZUR

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии AZUR air ҷиҳати наҷоми парвозҳо бо хатсайри Иркутск-Хуҷанд-Иркутск иҷоза дод. Дар ин бора дар Фармони Росавиатсия аз 3 декабр сухан меравад. Дар фармон қайд мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба иҷро карда мешаванд.

“Додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ, ки дар фармони Росавиатсия аз 03.12.2020 №1463-п зикр шудааст, қарор ё асос шуда наметавонад.

Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад”, – қайд мекунад Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ.

Аммо дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин бора то ҳол ягон огоҳиномае нагирифтаанд.

“Ширкати ҳавопаймоӣ то ҳанӯз ба мо муроҷиат накардааст, инчунин аз ҳамтоҳои русиягиамон ҳам оид ба ин масъала ҳеҷ маълумоте нарасидааст”, – зикр карданд дар Агентӣ.

Додгоҳи ҳарбии Душанбе як сарбози “сӯзанхур”-ро як сол зиндонӣ кард

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, як сарбози қисми ҳарбии 45095 ноҳияи Рӯдакиро барои як сол равонаи зиндон кард. Ба эътирофи  додгоҳ ин сарбоз  барои саркашӣ аз идомаи хидмати сарбозӣ  сӯзан хурдааст.

Додгоҳ, ҳамчунин ин сарбозро ҷазои дигаре дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 120 соат бо давомнокии на бештар аз 3-соат дар як рӯз низ додааст.

Тавре муовини раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Бахтиёр Искандарзода хабар дод, ин сарбоз Азизҷон Юлдошев будааст, ки бо ҳадафи саркашӣ аз адои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ ба ҷони худ хатар эҷод кардааст.

Ӯ бо роҳи маъюб кардани узвҳои бадани худ, рӯзи 5-уми феврали соли 2020, тахминан соати 10.00 дақиқа, дар дохили синфхонаи қисми ҳарбӣ як сӯзанро аз дохили кулоҳи сарбозиаш бароварда, онро ду пора намуда, фурӯ бурдааст,- гуфтааст Искандарзода.

Ба гуфтаи ин манбаъ, сарбоз Азизҷон Юлдошев санаи мазкур, тахминан соати 21-30 дақиқа бидуни сабаб ва бо ҳамин мақсад худсарона маҳалли хизматашро тарк намудааст, ки худи ҳамон рӯз аз тарафи гуруҳи кофтуковии қисми ҳарбӣ аз ҳудуди ноҳияи Варзоб дастгир ва ба қисми ҳарбӣ баргардонида шудааст. То кунун назари наздикони Азизҷон Юлдошев барои расонаҳо дастрас нест

Нисбат ба соли 2019 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 66% кам шуд

Пандемияи COVID-19 ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ зад: бар асари пандемияи коронавирус нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта имсол шумори сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкунанда 66% кам шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 320 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 66% камтар аст.

Соли гузашта 1 млн 254 ҳазор нафар сайёҳон ба тамошо ва сайру саёҳат ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Дар чунин шароит ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ба сайёҳии дохилӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

“Барқи тоҷик” аз мардум узр пурсид ва гуфт аз 10 декабр барқро дигар қатъ намекунад

Дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуда, аз 10 декабр интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.

Дар муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст, барои имсол кашол ёфтани ин корҳо аз муштариён маъзарат хоста мешавад.

Ҳамчунин аз истеъмолгарони неруи барқ хоҳиш мешавад, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд.

“Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Душанбе ҳарчи зудтар омадани мутахассисони Чинро интизор аст

Таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва муовини вазири савдои Чин Юй Цзянхуа рӯзи 8 декабр ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Завқӣ Завқизода қайд кард, ки Чин имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ ба шумор рафта, соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 660,9 млн. долларро ташкил дод.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи Созишномаҳои техникӣ солҳои 2018-2019 аз ҷониби Чин барои рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии кишвар 1 млрд. 700 млн юан маблағ ҷалб карда шудааст.

“Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла ҷониби Чин мутахассисони дигари худро ҳарчи зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе, инчунин таҷдиди роҳҳои дохили шаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод равона менамояд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Дар Суғд барои бениқоб гаштан 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

Дар вилояти Суғд аз оғози ҳамагирии коронавирус то кунун барои набастани ниқоб, ки дастури Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус аст сокинонро бештар аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Аз тарафаи кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвадон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ нисбат ба 1277 нафар бо қисми 1 моддаи 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст. Дар ин бора Фурқат Шарифов ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

Аз 1277 нафар  86 танашонро ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, 335 нафарашонро кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафарашонро шахсони воқеиро ташкил медиҳанд.