Прокуратураи генералӣ ҷузъиёти таҷовуз ва қатли як духтари 9 соларо аз ҷониби марди 45 сола шарҳ дод. Дар ин ҳодиса як сокини ноҳияи Хуросон Рустам Болтахонов гунаҳкор дониста ва ба ҳукми абад маҳкум шудааст.
Тавре додситонии кулл менависад, Рустам Болтахонов 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дақиқа дар ҳолати мастӣ, духтараки 9 сола Бобокалонова М.- ро, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст.
Сипас дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба Бобокалонова М.М. 10 сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кӯдакона дода, нисбати ӯ ҳаргуна ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад.
Аммо Болтахонов бо ин қонеъ нашуда духтаракро таҷовуз мекунад, ки дар натиҷа духтарак аз ҳуш меравад. Вақте ба худ меояд гиря карда мегӯяд, ки ҳамаашро рафта ба модараш нақл мекунад.
Болтахонов бо мақсади фош нашудан ва руйпӯш намудани ҷиноят, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ ӯро ба қатл мерасонад. Ҷасади кӯдакро бошад дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ медорад.
Сипас тахминан соати 21-22 ӯ ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷуйбори сементии (латок) обгузар, ки дар куча дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст партофтааст.
Оиди ҳолати мазкур санаи 17 августи соли 2021 аз ҷониби прокурори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, нисбати Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и КҶ ҶумҳурииТоҷикистон првандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтни тафтиши пешакӣ ба суди вилояти Хатлон,ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 кисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯъи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст.