logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Узбекистон баъди 4 сол сарҳад бо Афғонистонро боз кард

Гузаргоҳи марзӣ аз моҳи августи соли 2021 баъди ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон»* баста шуда буд.

Your tj

12:3403.12.2025

Узбекистон баъди 4 сол сарҳад бо Афғонистонро боз кард

Мақомоти Узбекистон аз боз шудани гузаргоҳи марзии пули Тирмиз-Ҳайратон дар сарҳад бо Афғонистон хабар доданд. Акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд бевосита ва бехатар рафтуомад кунанд, навиштааст хабаргузории "Fergana News" бо такя ба иттилои расмӣ.

Таъкид шудааст, ки азсаргирии ҳаракати шаҳрвандон тавассути пули болои Амударё ба маънои бекор шудани низоми раводид нест. Яъне ҳам барои шаҳрвандони Узбекистон ва ҳам Афғонистон талаботи доштани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда боқӣ мемонад.

Гузаргоҳи марзӣ аз моҳи августи соли 2021 баъди ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон»* баста шуда буд. Ин вазъият, ба иттилои манбаъ, сафарҳои соҳибкорони узбекро ба Афғонистон хеле душвор карда буд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми содироти мол ва хизматрасонӣ аз Узбекистон ба Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Баъди боз шудани роҳҳои мустақим интизор меравад, ки ин нишондиҳанда дар соли 2026 ба 2,5 миллиард доллар мерасад.

Қаблан ҳукуматҳои ҳар ду кишвар изҳор дошта буданд, ки дар ояндаи наздик мехоҳанд гардиши молро то 2 миллиард доллар боло баранд.

*Толибон дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ