Усто – Тақдири табақтарош. Табақҳои чӯбини калонтаринро дар Тоҷикистон, кӣ месозад

Азизов Тақдир 40 сол мешавад, ки аз рӯйи чӯбтарошӣ рӯзгори худро пеш мебарад. Ӯро дар бо тахалуси ” Устотақдири табақтарош” мешиносанд, ки тавассути касби пешакардаи худ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардааст.

Азизов Тақдир Ҳавлоевич зодаи ноҳияи Нуробод буда, беш аз нисфи умри худро сарфи табақтарошӣ намуда, рӯзгори хешро аз ҳисоби ҳамин касб пеш мебарад.

“Ҳама пасандоз – сарфи дастгоҳи чӯбтарошӣ”

Ба Устотақдир ин касб аз гузаштагонаш ба мерос намондааст. Ӯ замони дар Ӯзбекистон қарор доштанаш ба ин касб дил мебандаду аз ҳисоби пасандози чандинмоҳааш дастгоҳи чӯбтарошӣ харида ба кор оғоз мекунад.

“Соли 1981-пас аз хизмати ҳарбӣ ман барои таъмини рӯзгор ба Ӯзбекистон рафтам. Дар ноҳияи Гулистони Ӯзбекистон 9-моҳ кор кардам ва аз ҳаққи меҳнатам барои худ як дастгоҳи чӯбтарошӣ харидам. Он замон бояд пулро ба хона мебурдаму сарфи зиндагӣ мекардам. Он ҷо бо устои табақтароше шинос шуда, ба ин касб майл пайдо кардам.

Тамоми нозукиҳои касбро ман аз устоҳои Ӯзбекистонӣ омӯхтам. Вақте ба деҳа баргаштам, аввал дар хонаи истиқоматиам табақтарошӣ мекардам. Баъдан бо назардошти зиёд гардидани муштариён дар маркази ноҳияи Нуробод корхона кушодам. Ҳоло ягон зарра пушаймон нестам, ки ҳамон вақт тамоми пасандозамро сарфи дастгоҳи чӯбтарошӣ кардам”- мегуяд, Устотақдир.

Устотақдир, айни замон ба ғайр аз омода намудани табақ, инчунин тамоми намуди зарфҳоеро, ки аз чӯб тайёр мешаванд, омода мекунад. Маҳсули дасти ӯро натанҳо сокинони маҳалливу шаҳру навоҳии мамлакат, балки меҳмонон аз хориҷи кишвар низ харидорӣ мекунанд.

“Президент дар ҳар сафараш маро хабар мегирад”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳар як сафараш ба минтақаи Ғарм аз ҳоли Усто -Тақдир пурсон мешавад. Баъзе аз табақҳои омоданамудаи Устотақдир ҳаҷман калон мебошанд, ки он муштариёни зиёдеро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷумла бо супориши президент як табақи Устотақдир ки ҳаҷмаш як метру си сантиметрро ташкил медиҳад ба Осорхонаи миллӣ интиқол дода шудааст.

“Президенти кишварамон қариб дар ҳар сафарашон ба минтақаи мо аз ҳолам пурсон мешаванд. Дар як сафарашон омада табақи калонтарини сохтаамро диданд ва супориш доданд, ки онро ба Осорхонаи миллӣ ҳамчун намунаи ҳунари мардумӣ баранд. Пас аз ин чунин табақҳо муштариёни зиёд пайдо карданд”, – нақл мекунад, усто.

Табақҳои Усто-Тақдир то Русия рафтаанд

Устотақдири табақтароши Нурободӣ маҳсули дасти худро дар чандин намоишҳои сатҳи милливу байналмиллалӣ ба намоиш гузошта, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

“Соли 2013-буд, маро аз тарафи Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия бурданд. Вақте тамошобинон ба маҳсулотҳои мо менигаристанд, аз ҳама бештар ба харидорӣ намудани табақҳои ман майл мекарданд. Баъди оне, ки намояндагони расмӣ аз макони намоишгоҳ дидан намуданд, мо озод гардида, акнун ҳуқуқи ба фурӯш гузоштани масулотҳои худро доштем.

Он вақт бо худ 37-табақ бурда будам ва дар муддати 3-соат ҳамаи онро ба фурӯхтам. Ҳатто як марди солхӯрдаи рус наздам омаду изҳори ташаккур кард, ки мо чунин ҳунарҳоро зинда медорем”,- ба хотир меорад, Устотақдири табақтарош.

Писар пайрави падар

Азизов Тақдир соҳиби 9-фарзанд, шаш духтар ва се писар мебошад, ки аз онҳо танҳо як фарзандаш касби падарашро интихоб намудааст.

“Ҳоло писари дуюмам дар корхона бо ман якҷоя кор мекунад. Ӯ танҳо маълумоти миёна дорад, вале аз хурдӣ ба табақтарошӣ майлу рағбат пайдо карда, ҳамеша дар вақти кор ба ман ёрӣ мерасонд. Дигар фарзандонам бо роҳи худ рафтанд ва ман ҳам маҷбурашон накардам. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки як фарзандам касбамро идома медиҳад”,- мегӯяд, Устотақдир.

Дар замони фаъолияти кории худ Устотақдир, шогирдони зиёдеро дар роҳи омода сохтани табақ ва дигар зарфҳои чӯбӣ тарбия кардааст, ки ҳоло ҳар яке аз онҳо корхонаҳои алоҳидаи худро доранд ва ба мардум хизмат мерасонанд. Ғайр аз ин чанд тан аз мактаббачагон пас аз дарс ба назди Устотақдир рафта, ба нозукиҳои табақтарошӣ ошноӣ пайдо мекунанд.

“Ман кӯшиш мекунам, ки ҳунари миллӣ аз байн наравад. Аз ин рӯ ҳар хоҳишманде дари корхонаамро кӯбад бо ҷону дил қабулаш мекунам, то ҳунар омӯзаду аз уҳдаи пешбурдӣ зиндагӣ барояд. Бачаҳое ки аз таҳти дил омӯхтан мехоҳанд аз шӯълаи чашмонашон даркашон мекунам ва аз таҳти дил нозукиҳои ҳунарро меомӯзонам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Ӯ дар давоми фаъолияти хеш боре ҳам аз касби интихобкардаи худ хаста ё пушаймон нашудааст.

“Фикр мекунам, ки табақтарошӣ ба ман қувват бахшидааст. Зеро бисёри ҳамсолонам аз саломатии худ шикоят мекунанд. Аммо ман ҳар боре ки бо чӯбу тахта кор мегирам, худамро аз ҷавони 18-сола кам намеҳисобам”,- бо табассум мегӯяд, Устотақдир.

Қаҳрамони мо натанҳо аз уҳдаи табақтарошӣ, балки аз омода сохтани дару тиреза, роҳаткурсӣ ва дигар таҷҳизотҳои рӯзгор ба хубӣ мебарояд. Айни ҳол ӯ дар корхонаи чӯбтарошиаш ҳамроҳи писараш ва ду шогирдаш ба таёр кардани ҳама намуди зарфҳои чӯбин ва дару тиреза машғул мебошад.

Ба гуфти Усто беҳтарин ва боқувватарин табақҳо аз чӯби дарахти чормағз сохта мешаванд.

“Ҳар чӣ қадар дарахт солхӯрда бошад, ҳамон қадар табақ хушсифату боқувват мебарояд. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем бештар аз чӯби дарахти чормағз зарф омода кунем”, – мегӯяд Устотақдир.

Баҳруллои Маҳмадшариф барои Your.tj

Skip to toolbar