Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:3619.01.2026
Тоҷикстандарт аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳангоми харид ва истифодаи консерваҳо эҳтиёткор бошанд, зеро маҳсулоти вайроншуда метавонад боиси заҳролудшавӣ ва бемории ботулизм гардад.
Ба иттилои ин ниҳод, соле даҳҳо оила дар кишвар пас аз истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, махсусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир ва карам, ба ботулизм гирифтор мешаванд. Гуфта мешавад, сабаби асосӣ риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва коркарди ҳароратӣ ҳангоми омодасозӣ дар шароити хона аст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, танҳо консерваҳои тамғадор ва бо санаи равшани истеҳсол харида, онҳоро дар ҷои хунук нигоҳ дошта шавад ва аз истеъмоли банкаҳои дамида, зангзада ё бӯйнок худдорӣ карда шавад.
Дар сурати ошкор шудани маҳсулоти шубҳанок шаҳрвандон метавонанд ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд 5 нафар узви як оила пас аз истеъмоли консерваи дар шароити хона омодашуда заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳодиса рӯзи 14 январ дар деҳаи Хавотаги ноҳияи Спитамен рух додааст. Дар соли 2026 ин нахустин ҳолати чунин заҳролудшавӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад