Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:0024.06.2023
Дар робита ба вазъияти амниятии Русия Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.
“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина худдорӣ намоянд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, “барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.
Дар ҳудуди шаҳри Москва, вилоятҳои Москва ва Воронеж низоми амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шудааст.
Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия ин амалиётро ҳамчун ҷилавгирӣ аз амалҳои эҳтимолии террористӣ шарҳ медиҳад. Қаблан мақомоти пойтахти Русия ва вилояти Москва аз таҳкими чораҳои амниятӣ ва иҷрои амалҳои зиддитеррористӣ хабар дода буданд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад