fbpx
0

Хадамоти муҳоҷира аз корҷӯёни тоҷик хостааст, қонунгузориҳои Тоҷикистону Русияро риоя кунанд, дар интиқоли пул эҳтиёткор буда, маблағро ба афрорд ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд.

Сомонаи расмии ин ниҳод, рӯзи 22-уми сентябр хабар дод, ки кормандонаш дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шаҳрвандони бозгашта ва онҳое, ки акнун ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд, вохӯрӣ анҷом додаанд.

“Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртибот кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак истифода шаванд”, – навиштааст манбаъ.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки бо шахсони ношинос, гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд, ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд, маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд ва аз паҳн намудани маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд.

Вақти дучор шудан ба мушкилот, чӣ бояд кард?

Ин ниҳод дар хитоб ба муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтааст, риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳамияти калон дорад.

“Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия: Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Россия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед”, – омадааст дар иттилоияи Хадамоти муҳоҷират.

Тай чанд рӯзи ахир Хадамоти муҳоҷират бо пахши иттилоия аз сӯҳбату мулоқот ё анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони аз Русия бозгашта хабар медиҳад.

Ба иттилои хадамот, дар чунин мулоқотҳо, ки дар шаҳру навоҳии кишвар низ мегузаронанд, ба сокинон тартиби муайян намудани мақсади ташриф, супоридани имтиҳони забони русӣ, гирифтани иҷозатнома (патент) барои кор, муҳлати будубош ва тарзи гузаштан аз ташхиси духтурро мефаҳмонанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории чунин вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатиро пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва таъмини амнияти онҳо арзёбӣ мекунанд.

Дар чанд соли ахир мақомоти Русия қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатияшро сахттар намуда, рейду санҷишҳоро нисбати муҳоҷирон афзоиш додааст.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буда, ҳамасола ҳазорон нафар аз Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар мераванд. Ҳарчанд мақомот солҳои ахир аз гуфтани омори дақиқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия худдорӣ мекунанд, вале ин кишвар ба манбаи даромади бахше аз хонаводаҳо дар кишвар табдил ёфтааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend