logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳушдори КҲФ: Дар сардиҳо эҳтиёткор бошед!

Хатари яхбандии хатҳои интиқоли барқ ва шикастани дарахтон мавҷуд аст.

Your tj

12:3413.12.2024

Ҳушдори КҲФ: Дар сардиҳо эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад, ки 15-16 декабр сардшавии якбораи ҳарорати ҳаво, бориши шадиди барф, махсусан дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии кишвар, инчунин шамол бо суръати 17-22 м/с ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, қисми ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, Ваҳдат-Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Ш.Шохин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари яхбандӣ, фаромадани тарма ва сангрезиҳо вуҷуд дорад.

Дар натиҷаи бориши барф, яхбандии симҳои интиқоли барқ ва дарахтон эҳтимол дорад. Хатари зарари шамол ва барф ба хатҳои интиқоли барқ, шикастани шохи дарахтон мавҷуд аст.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурати шадид тариқи роҳҳои кӯҳӣ сафар накунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва инчунин қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи гармкунакҳо ва оташдонҳо қатъиян риоя намоянд.

КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳаҳо, минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд.

Барои пешгирӣ кардани садамаҳо дар роҳ, КҲФ хоҳиш мекунад, ки меъёри суръати бехатарро дар ҷойҳои серодам, назди мактабҳо, гузаргоҳҳо, инчунин гардишҳо риоя кунанд.

Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни воситаҳои нақлиётро аз меъёр зиёдтар нигоҳ доранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

11 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ