logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳушдори КҲФ аз боронҳои пуршиддат ва омадани сел

Ҳарорати ҳаво 10 - 15 дараҷа паст мешавад.

Your tj

15:4512.10.2023

13 октябр дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво номусоид шуда, борони пуршиддат меборад.

Ҳарорати ҳаво 10—15 дарача паст мешавад.

Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз меҳмонону сокинони кишвар даъват намудааст, ки эҳтиёт намоянд, чун имкони омадани сел дар бархе ноҳияҳои кишвар вуҷуд дорад.

Ба иттилои Кумита, дар натиҷаи бориш дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки 13-14 октябр дар якчанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои Бадахшон хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

ҚҲФ мегӯяд дар натиҷаи бориш эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар меафзояд.

Инчунин эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об низ вуҷуд дорад

“Эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасонҳа вуҷуд дорад”, - таъкид кардааст КҲФ.

Кумита ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу манзилҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу хок тоза намоянд.

Гуфта мешавад, ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, сутуни рекламаҳо шавад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намуд.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сайругашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ намоянд.

Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Комментарии (0)

Читайте также

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

2 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

2 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

4 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

4 дня назад

Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад

4 дня назад