fbpx

USAID ва фабрикаи нассоҷии “Арвис”: Оғози шарикии нав

Ин шарикӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ ба роҳ монда шудааст.


0

7 октябри соли 2024, хонум Анҷали Каур, муовини ёвари мудири USAID оид ба Осиё аз фабрикаи нассоҷии “Арвис” дидан намуд. Ин ташриф як рӯйдоди муҳим дар доираи ҳамкориҳои шарикии USAID ва ширкати пешсафи нассоҷии Тоҷикистон “Арвис” гашт.

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ USAID шарикии худро бо яке аз истеҳсолкунандагони калидии нассоҷӣ дар Тоҷикистон, фабрикаи “Арвис”, оғоз кард. Ин шарикӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба роҳ монда шуда, барои амалишавӣ беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Хонум Анҷали Каур, муовини ёвари мудири USAID оид ба Осиё

Ҳадафи ин ҳамкорӣ беҳтар кардани сифати истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва навсозии равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ мебошад. USAID ба “Арвис” барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои кории баландсифат, кӯмак мерасонанд. Барои ин мутахассисони байналмилалӣ аз Туркия барои ҷорӣ кардани таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ махсусан дар соҳаҳои бофандагӣ ва рангкунӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Муовини ёвари мудири USAID оид ба Осиё, хонум Анҷали Каур, ки санаҳои 7-8-уми октябри соли 2024 бо мақсади дастгирии ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии ИМА ва Тоҷикистон ба кишвар сафар дошт, аз фабрикаи нассоҷии “Арвис” дидан намуд.

Фабрикаи “Арвис”, ки соли 2023 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ шуда буд, айни замон зиёда аз 500 номгӯи маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла ҷойпӯшҳо, сачоқҳо ва хилъатҳои гуногун истеҳсол намуда, онҳоро ба кишварҳои Қазоқистон, Русия ва Белорус содирот менамояд.

Мағозаи фирмавии “Арвис”

Таҷҳизоти корхона аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Амрико, Белгия, Олмон, Туркия, ва Кореяи Ҷанубӣ ворид ва насб карда шуда, қобилияти коркарди солонаи 3,600 тонна нахи пахтаро доранд.

Дар сехҳои гуногуни корхона тортанӣ, суфтакунӣ, бофандагӣ, рангкунии матоъ, шӯъбаҳои тарроҳӣ, дӯзандагӣ ва бандубасти маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир сурат мегирад.

Масалан, дар сехи рангуборкунӣ дар як шабонарӯз то 15 тонна матоъ ранг карда шуда, кормандони сехи лоиҳакашӣ ва конструкторӣ имкон доранд ҳамин миқдор матоъро ба таври худкор бурида омода созанд. Дар сехҳои дӯзандагӣ бошад 88 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ, таҷҳизоти дарзмолкунӣ ва нармкунӣ насб карда шуд, маҳсулот мувофиқи фармоишҳои муштариён ва талаботи бозорҳои истеъмолӣ омода карда мешавад.

“USAID хеле шод аст, ки мо тавонистем бо як ширкати муваффақ, ба мисли “Арвис”, шарикиро оғоз намоем. Умедворем, ки “Арвис” на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон низ пешсаф хоҳад шуд. Ҳоло дар бораи ба даст овардани сертификатҳои зарураи сатҳи байналмилалӣ низ фикр карда истодаем,” – гуфт Анҷали Каур.

Тибқи пешбиниҳо, дар натиҷаи ин ҳамкорӣ то соли 2026 иқтидори истеҳсолӣ аз 40% то 85% афзоиш ёфта, содироти маҳсулоти тайёр аз 25 тонна дар як моҳ то 60 тонна дар соли 2026 афзоиш меёбад. Дар ин замина, даромади солона аз 13,5 миллион сомонии ҳозира ба 54 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Ин ташаббус инчунин ба рушди касбии ҷавонони маҳаллӣ имкониятҳои фаровон фароҳам меорад, ки ин иқдом на танҳо барои “Арвис”, балки барои дигар корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон низ манфиат хоҳад дошт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend