Қурутоб бо ғӯлингро чӣ тавр тайёр мекунанд

Қурутоб таоми анъанавии хеле машҳури тоҷикон аст. Онро дӯст медоранд ва тақрибан дар ҳар як оила омода мекунанд. Аммо қурутобро бо иловаи зардолуи хушккардашуда танҳо дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон чашидан мумкин аст.

Тарзи тайёр кардани чунин як таоми ғайриодиро, ки маззаҳои гуногун – зардолуи ширин, пиёзи бирён ва помидорро ба ҳам якҷо мекунад, Саида Очилдиева, омӯзгори мактаби рақами 20-и ноҳияи Хуросон ба мо нишон медиҳад.

Ӯ бори аввал дар синни панҷ ё шашсолагӣ тарзи омода кардани қурутобро таҷриба кардааст. Модари Саида хӯрокҳои анъанавиро барои аз байн нарафтан, ба ҳамаи фарзандонаш нишон медодааст.

Skip to toolbar