fbpx

Ғунучини пахта дар Суғд. Ҳашарчиён дар бораи чиниши пахта чӣ мегӯянд?

Барои ҳар килограмм пахта 1 сомонӣ пардохт мешавад.


0

Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд  тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки 133 ҳазору 800 тонна ашёи пурқимати саноатӣ – пахта ҷамъоварӣ намоянд. Бино ба маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят аз аввали мавсим то  санаи 17 – уми октябри соли равон  дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор 99 ҳазору 856, 8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза  қариб 60 ҳазор пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор  баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд. Муаллифи Your.tj ба майдони пахта рафт ва дар баробари чидани пахта аз суҳбатҳои ҷолиби пахтачиноне, ки аз тарафи коргоҳашон ба пахтачинӣ омадаанд нақл кард.  

Гурӯҳи ҳазорнафари ҳашарчиён, ки аз ҳисоби кормандони соҳаҳои тандурстӣ, маориф ва фарҳанг ҷамъ омада буданд, соати 8 – и саҳар ба замини пахтазори корхонаи давлатии кишоварзии  Палоси шаҳри Бӯстон ҳозир шуданд.  Ман ҳам мисли дигар ҳашарчиён ду хатро гирифта, чинишро сар кардам.

Дилбар Саидова

Пахтачини якум: “Пахтачинӣ осон нест!”

Соате нагузашта бо  Дилбар Саидоваи 64 –  сола, ки аз  тарафи дасти чапам пахта мечид, шинос шудам. Ӯ сокини шаҳри Хуҷанд буда, беш аз 30 сол ба ҳайси рӯбанда кор мекунад. Ҳар сол дар мавсими пахта ба чиниш меояд. Дилбар-хола аз дигар пахтачинон хеле пеш рафта буд. Халтаи якумаш аллакай пур  шуда, акнун халтаи дуюмро ба миён бастанӣ буд, ки ӯро ба суҳбат банд кардам.

“Бачам, устухонам дар кори саҳро шах шудааст. Ман дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ба воя расидаам, лекин шаҳриям гуфта худро эрка накардаам. Падарам дар минтақи Навобод замини кишт доштанд. Дар он ҷо чиниши пахта, ягона кардани зироатҳо ва дигар кори кишоварзиро ёд гирифтаам. Имрӯз ҳам аз корхона ба пахтачинӣ равон карданд. Аз саломатӣ ягон шикоят нест, шукр гуфта, пахта чида истодаам. Чанд вақт пеш ба муддати 10 рӯз ба ноҳияи Ашт фиристода буданд. Дар он ҷо низ ҳар рӯз то 50 – 60 кг пахта чидам. Ба ҳар килогармми чидашуда 1 сомонӣ доданд, аммо аз ҳисоби пули коркардаамон ҳаққи хӯроки шабонарӯзиро низ ба ҳаҷми 8,5 сомонӣ дошта гирифтанд”, – ба ёд овард Дилбар Саидова.

Пахтачинӣ
Пахтачинӣ

Холаи Дилбар ба ҳоли ҷавононе, ки як соат пахта чида, миёндард шуданд, ҳайрон монд. Ӯ табассумкунон гуфт, ки мо ҳам ҷавонӣ доштем, рӯзе то 100 кг пахта мечидем, аммо нотобу миёндард  намешудем.

“Албатта, дар вақти чиниши пахта  миён дард мекунад, ин кори осону роҳат нест.  Ин дард  хунро гарм карда, равғани баданро об мекунад.   Фарқ надорад, ки якдаста ё дудаста мечинед, муҳим аст, ғайрат дошта бошед. Ҷои  таъриф нест, як кампири 64 сола, ки  9 набера дорад, дар як  рӯз то 50 кг пахта мечинад. Аммо ҷавони 18-20 сола чӣ? Ҳатфаи гузашта низ ба саҳро омада будем. Дар сари тарозу як ҳодисае шуд. Як ҷавонписар дар даст халта назди тарозу омад.  Халтааш 3-4 кг вазн  дошт. Ба саркор гуфт, килои пахтаи чидашударо ба номи  ду кас нависед. Саркор ончунон ғазабӣ шуд ва гапҳои хунуке гуфт, ки замин кафаду ман дароям”, – нақл кард Дилбар-хола.

Зебӣ Акрамова

Пахтачини дуюм: “Якдаста ҳам пахта чидан мумкин” 

Зебӣ Акрамоваи 62 сола, ки дар  шафати холаи Дилбар пахта мечид,  ба суҳбати мо мароқ зоҳир кард. Дар мавриди тарзи чиниши пахта гуфт,  ки аз давраи ҷавонияш якдаста пахта мечид. Ӯро муаллимоне, ки дар мавсими пахтачинӣ роҳбаладӣ кардаанд, борҳо сарзаниш мекардаанд, ки дудаста пахта чинад.

“Ёд дорам, ки моро аз мактаб ба пахтачинӣ мебурданд. Ман нисбат ба ҳамиснфон  кам  мечидам, чун фақат бо як даст аз ғӯза пахтаро кашида мегирифтам ва бо дасти дигар  пояи онро медоштам. Бо ҳамин тарз ҳам то 60 – 70 кг пахта мечидам. Дар умрам як бор барои зиёд чидани пахта мукофот (он термос буд) гирифтаам. Акнун синну солам ба ҷое рафт. Беш аз 10 сол мешавад дар Идораи оби шаҳри Хуҷанд  кор мекунам. Ҳар сол аз тарафи корхона ба пахтачинӣ меоям. Ҳатфаи пеш 30 кг пахта чидам. Имрӯз ҳам ҳаракат мекунам, ки ҳамин қадар чинам”,- гуфт холаи Зебӣ.

Холаи Зебӣ то нифирӯзӣ ду халтаро пур кард.  Ӯ ёрии дигаронро нахоста, худаш ду халтаи пурборро бардошта,   то сари хирман  бурд. Айни  ба тановули  хӯроки нисфирӯзӣ баромадан ифтихоромез гуфт, ки 15  кг пахта чидааст.

Санавбар Раҳматова

Пахтачини сеюм: “Пахта камҳосил шудааст”

Санавбар Раҳматоваи 52 сола дар хати байни замин пахта мечид. Ӯ чанде пеш дар муассисаи давлатии Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд ба ҳайси гулпарвар ба кор даромад. Пеш аз ин хонашин буд.  Пас аз гузашти 20  сол боз  ба замини пахта омад.

“Охирин бор 20 сол  пеш барои кӯмаки як хешованди кишоварзамон   пахтачинӣ рафта будам. Имрӯз бо  супориши корхона ба  замини пахта омада, ҳайрон шудам. Пештар замини пахта дигар хел буд. Ҳосили  бисёр дошт. Баъд аз якум чин ҳам кӯракҳои зиёд  мешукуфт. Ҳозир ба мо гуфтанд, ки чиниш дар ин замин якум бор аст. Аммо, ба назарам, пахтааш хеле кам аст. Хайр, мекӯшам, ки то 30 кг  пахта чинам”, –  мегӯяд, холаи Санавбар.

Бобоҷон Хилватов

Пахтачини чорум: “Аз пахтачинӣ одам касал намешавад”

Баъди нисфирӯзӣ дар майдони пахта  бо Бобоҷон Хилватови  57 – сола шинос шудем. Вай  32 сол боз дар бахши Тоҷик-Телекоми шуъбаи алоқаи шаҳри Хуҷанд ҳамчун  васлгар кор мекунад.  Имрӯз ӯ низ ба ҳайси ҳашарчӣ ба майдони пахта омадааст.

“Ҳавои тозаи пахтазор бароям хеле маъқул шуд ва  замони кӯдакиро ба ёд овард. Пахтачиниро аз модар омӯхтаам. Мо бачаҳо ба он кас дар чиниши пахта ёрӣ медодем. Баъзан вақт  даруни пахтазор модарро гум карда, гиря мекардем. Модарам дар ягон хат халтаи васеъро, ки пури пахта карда буд, мегузошт ва  мегуфт, ки аз ҳамин хат ба дигар ҷо наравем. Сарфи назар аз ин, ба дигар хатҳои пахта мегузаштему  гум мешудем”, – бо лабханд ба ёд овард Бобоҷон.

Бобоҷон Хилватов то нисфирӯзӣ 25 кг пахта ҷамъоварӣ кард. Ҳоло халтаҳои пас аз нифирӯзиашро ба тарозу нагузошта боз тахмин зад, ки 25 -30 кг  тиллои сафед чидааст.

“Дар овони ҷавонӣ пахтачини фаъол будам. Туҳфаҳои хотиромонеро соҳиб  шуда будам.  Аз мукофтотҳо  як зарфи ороишӣ боқӣ мондааст. Дар баробари рафтани синну сол қуввати одамӣ ҳам кам мешудааст. Аз пахтачинӣ одам бемор намешавад,  баръакс, саломатиаш беҳтар мешавад. Падарам  94 сола мебошанд. То ҳозир бардаму солиманд, чун дар замини кишти додаронам бисёр вақт мегузаронанд. Ман ҳам дар пайравӣ ба падар серҳаракат будан мехоҳам,то кам бемор шавам”, – арз дошт Бобоҷон Хилватов.

Мӯза дар болои  хоки лойолуд

Хате, ки ман  аз он пахта мечидам, хокаш намӣ доштааст. Фаҳмидам, ки чанд рӯз пеш дар  хат об мондаанд. Маҷбур то нисфирӯзӣ дар  ин хат истода, пахта  чидам. Ба таги мӯзаам як қабат хоки лойолуд часпид.  Ҳар боре қадам гузорам, пойам мелағжид. Қисми поёни халтаам, ки ба замин мерасид, тар ва хоколуд  шуд. Холаҳое, ки дар барам буданд,  бо шӯхӣ гуфтанд, ки “нағз, халтаатон вазнинтар мешавад, чидан гиред”. Соати 12: 30 барои хӯроки нисфирӯзӣ баромадам. Ранги мӯзаам сафед шудааст. Хоку гиле, ки ба соқу рӯи мӯза часпида буд, дар нури Офтоб хушк  шудааст. Баъди нисфирӯзӣ чиниши пахтаро дар  ин хат давом додам, чун то ҷое  хушк шуда буд. То соати 16:30 чиниши пахта давом кард. Дар маҷмӯъ, 16  кг пахта чидам. Ҳамсуҳбатон маро  дар поёни хирман дида,  пурсиданд, ки  чӣ қадар  пахта чидаам. Донистам, ки онҳо аз 50 кг боло чидаанд. Барои ҳамин аз гуфтани килои чидаам шарм дошта,  худдорӣ  кардам.

Тавре сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Маъруфҷон Шарифиён иттилоъ дод, имсол масоҳати кишти пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба 57 ҳазору 159 гектар расонида шуд. Аз ҷумла, васеъ намудани масоҳати кишти пахта нисбат ба соли сипаригашта дар шаҳру ноҳияҳои Ашт – 140 гектар, Бобоҷон Ғафуров – 287 гектар, Ҷаббор Расулов – 782 – гектар, Зафаробод – 2786 гектар, Истаравшан – 24 гектар, Спитамен – 4 гектар ва Мастчоҳ – 3649 гектар таъмин гардид.

Алҳол ба ҳар килограмми пахта 1 сомонӣ маблағ пардохта шуда истодааст, ки  то ҷое пахтачинонро руҳбаланд мекунад. Аммо гурӯҳи ҳашарчиён, ки давоми як рӯз ба замини пахта меоянд, ройгон пахтачинӣ мекунанд.

Файзуллохон ОБИДОВ

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend