Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 20:2331.05.2021
Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили мамлакат “Биржаи меҳнати муҳоҷирон” таъсис дода шуд.
Гуфта мешавад, Федератсия дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад.
Директори Биржа Юлдош Эшов таъкид месозад, ки таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар бо кор, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи ҳадафи аслии таъсиси он ба шумор меравад.
Ҳунарпешаи боистеъдоди тоҷик Рафоат Шоазимова бо нақшофарӣ дар филми "Провенциальные мечтатели" (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар ҷашнвораи Итолиё беҳтарин шуд. Тавре худи ҳунарпеша гуфтааст,пирӯзӣ дар ҷашнвораи бузурги байналмилалии Asti Film Festival дар шаҳри Asti барои ӯ "хурсандии ғайричашмдошт" буд.
Коргардони филм, бародари ҳунарпеша - Румӣ Шоазимов дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук низ ин хушхабарро шарҳ додааст. "Мо бениҳоят хурсанд ва хушҳолем! Ташаккури зиёд ба директори кинофестивал Риккардо Коста ва ба ҳамаи ташкилкунандагони ҷашнвораи Asti", - навиштааст Шоазимов.
Филми бадеии "Хаёлпарастони музофотӣ" соли 2020 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шудааст. Пештар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Падарон ва фарзандон" се ҷоиза ба даст оварда буд.
Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар маблағи грантиро барои татбиқи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон тасдиқ карданд. Кӯмаки бебозгашт аз ҳисоби Ассотсиятсияи байналмилалии Рушд, ки аъзои гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дониста мешавад ҷудо хоҳад гардид.
Тибқи иттилои Бонк, Барномаи ислоҳоти андоз тавассути соддагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии андоз ба ислоҳоти ҷории андоз мусоидат хоҳад кард.
Ин, ба гуфтаи бонк, пас аз қабули қарорҳои санҷиши андоз бар асоси арзёбии хавфҳо ва тасдиқи маълумот, ба рушди бахши хусусии нисбатан динамикӣ, инноватсионӣ ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат хоҳад кард.
Эмомиддин Бобоев, машҳур бо лақаби Махсуми Эмомиддин, рӯҳонии тоҷик, дар 83-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ 31-уми май дар деҳаи Чимтеппа, канори шаҳри Душанбе, баргузор шуд.
Пайвандонаш гуфтанд, Эмомиддин Бобоев рӯзи 30-юми май бар асари бемории қанд ва сактаи қалб фавтидааст. Ӯ аз шогирдон ва пайравони мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ ва аз ҳамсабақони домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ гуфта мешавад.
Махсуми Эмомиддин ҳудуди 15 сол дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дарс дода, соле қабл ба рухсатӣ рафтааст. Ӯ дар бисёре аз масоили фиқҳӣ ва шариат дониши амиқ дошт ва ходимони дин аксар вақт аз ӯ дар мавриди масоили никоҳу талоқ машварат мепурсиданд.
Ба гуфтаи пайвандон, махсуми Эмомиддин Бобоев китоберо ҳам дар масоили динӣ таҳия карда, ба итмом расонида буд, аммо барои нашри он фурсат наёфт.
Вазорати молия барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо, инчунин воҳидҳои назди Вазорат озмун эълон кардааст.
Ба Вазорати молия дар маҷмӯъ 277 корманд - аз муовини сардор дар сарраёсатҳо то мутахассиси қаторӣ лозим аст. Маоши моҳонаи доваталабон аз 841 сомонӣ то 2 616 сомонӣ пешниҳод шудааст.
Дар сурати доштани собиқаи корӣ ба сифати хидматчии давлатӣ ба маоши вазифавӣ иловапулӣ зам мешавад. Дар баробари доштани маълумоти дахлдор, довталабон бояд қонунгузории соҳа ва имлои забони тоҷикиро донанд.
Аризаҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхаташон дар сомонаи Вазорати молия нашр шудааст, то 21 июн қабул карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додааст, ки бино бар маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 1 июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд. Инчунин манбаъ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд.
Зиёда аз 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон имрӯз, 31 май ба Душанбе меоянд. Ҳайати мазкур аз намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ва шарҳои бузурги кишвари ҳамсоя иборат аст.
Фардо, 1 июн дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷеси”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Намояндагони тиҷорати ду кишвар масоили амалисозии лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ намуда, инчунин имзои қарордоду созишномаҳо дар бораи таҳвили молу хизматгузориҳо дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки Душанбе ва Тошканд ният доранд, ки ба ривоҷи савдои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ҳаҷми солонаи онро то 1 млрд доллар расониданианд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми май дар раъси як ҳайат бо сафари корӣ ба Эрон рафтааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафарро, "вохӯрӣ бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм" эълон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар ин сафари оқои Раҳимзода ба Эрон, чанд санад ҳам ба имзо расад.
Сафари Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи феврали имсол ҳамтои эрониаш Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе сафар карда буд. Дар ин сафар масъалаҳои мавриди ду назар баҳсу баррасӣ шуданд. Вазири умури дохилии Эрон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқот карда буд.
Читайте также
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
1 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
1 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
2 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
4 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
8 дня назад