Ҳунарманди саҳнаҳои ҳаҷвӣ Маҳмадулло Кабиров дар синни 62-солагӣ даргузашт

Ҳунарманди театр ва иштирокчии барномаи маъруфи «Шӯхиҳои Аловуддин» Маҳмадулло Кабиров дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзи 15-уми апрел роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода хабар дод.

Отахон Саидзода дар суҳбат ба Your.tj гуфт, Маҳмадулло Кабиров то соли 2019 дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар кору фаъолият дошта, дар як қатор намоишноҳо нақш офаридааст. Ҳамчунин илова кард, ки марҳум ду соли ахир дар бистари беморӣ қарор дошт.

Маҳмадулло Кабиров зодаи ноҳияи Файзобод мебошад ва миёни тамошобинон бештар бо нақшҳои ҳаҷвии худ шинохта шуда, дар барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин» бо образи «Шаҳбози устод» ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ аз ҳамкорони наздик ва ҳамсафари эҷодии Аловуддин Абдуллоев ба шумор мерафт ва ба гуфтаи манбаъҳо, байни онҳо пайванди хешутаборӣ низ вуҷуд дошт.

Қаблан Аловуддин Абдуллоев дар суҳбатҳо таъкид карда буд, ки Кабиров ҳунарманди боистеъдод буда, як муддат бо устоди зиндаёд Усмон Алиев ва ҳамчунин бо ҳунарманди шинохта Қиёмиддин Чақалов кор кардааст.

Skip to toolbar