Ҳунарманди моҳир. Чаро президент ба Нилуфар нишони Аълочии фарҳангро дод?

Нилуфар Давлатзода 31 сол дорад ва қариб аз уҳдаи ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ мебарояд. Ӯ дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ қуроқдӯзӣ ва муҳрабофӣ мекунаду зиндагиашро пеш мебарад. Омӯзиши ҳамаи ин ҳунарҳоро Нилуфар аз 15 солагиаш оғоз карда, ҳоло ба як ҳунарманди чирадаст бадал шудааст.

Тавре Нилуфар қисса кард, вай ҳанӯз аз хурдсолӣ пораҳои матоъро гирифта барои лухтакҳояш курта медӯхтааст. Модари Нилуфар низ дӯзандаи моҳир буд ва завқу ҳаваси духтаронашро дида, ба онҳо касбашро омӯзондааст.

“Модарам ба мо дар аввал дӯзандагиро омӯзонданд, сипас ман гулдӯзӣ, зардӯзӣ қуроқдӯзиро низ омӯхтам. Ҳар боре ҳунари наверо аз худ мекардам, боз мехостам, ки ягон ҳунари дигарро омӯзам. Дунёи ҳунар маро торафт ба худ мекашид. Аҷибаш он буд ки аз худ кардани ҳар ҳунареро, ки ният мекардам, ба зудӣ ёд мегирифтам”, – мегуяд, Нилуфар.

Пас аз хатми мактаб Нилуфар бо маслиҳати модараш ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил мешавад, то ки қолинбофӣ ва адрасбофиро низ ёд гирад.

“Завқи баландамро ба ҳунар, модарам медонистанд, аз ин рӯ маслиҳат доданд, ки ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шавам. Дар коллеҷ мувофиқати рангҳо ва дурусту бехато кашидани эскизҳоро хубтар аз худ кардам. Ҳамчунин, адрасбофию қолинбофиро омӯхта, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва кор бо мӯҳраю нигинаро, ки пештар низ метавонистам, тақвият додам”, – мегӯяд Нилуфар.

Нилуфар ҳанӯз аз синни 15 солагӣ барои наздикону ҳамсояҳо курта медӯхт, барои наварӯсон болишту курпачаҳои гулдӯзӣ омода мекард. Ҳамчунин, барои кӯдакон ҷӯробу ҳар гуна либосҳо аз пилла мебофт. Аз ҳамон замон ӯ алакай ёрдамчии модар буд. Чунки падараш онҳоро аз хурди партофта рафта буд ва бори зиндагӣ бар дӯши модараш буд.

Нилуфар ҳамакора мардумро ҳайрон кардааст

Пас аз як соли таҳсил дар коллеҷ Нилуфар ба шавҳар мебарояд ва таҳсилро ғоибона хатм кунад. Нилуфар пас аз хатми коллеҷ ба Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб (Нилуфар зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб аст) ба кор медарояд. Ӯ акнун андармони кори хонаву давлат аст ва ҳамчунин дархости муштариёнашро қабул мекунад.

“Бисёриҳо суол мекунанд, ки ту чӣ тавр аз уҳдаи ин ҳама кор мебароӣ, кай вақт меёбӣ?. Ман мегӯям инсон агар хоҳад ҳама корро карда метавонад. Баъзан вақт, агар рӯзона барои дархостҳоям вақт наёбам, онҳоро шабона омода мекунам”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

Чанд сол мешавад, ки ҳунари нигинзанӣ дар Тоҷикистон маъруфият пайдо кардааст ва Нилуфар ин ҳунарро низ аз худ кардааст.

“Ман ин ҳунари мардумии Суғдро ба ноҳияи худамон овардам ва ба дигар минтақаҳои кишвар ошно сохтам. Пештар мо муҳраҳоро дар картон, латта ва рамкаҳо месохтем, ки зуд фарсуда мешуданд ва ё мешикастанд. Баъдан фикр карда баромадам, ки нигинҳоро дар лаълиҳои оҳанин оро диҳам, чунки он намешиканад ва ҳам ширеш дар он хубтар мечаспад”,- мегӯяд, Нилуфар.

Лаълии ҷашнӣ ба 30-солагии Истиқлолият

Нилуфар як соли аввал танҳо барои худ лаълиҳоро оро медоду машқ мекард. Чун дар ин кор навшогирд буду кораш ба худаш писанд намеомад.

“Дар аввал ман танҳо нигинаҳоро мечаспонидаму боз аз нав мекандам, чунки ба худам маъқул намешуданд. Оҳиста-оҳиста нозукиҳои касбро аз худ кардам ва инак 2 сол мешавад, ки маҳсулотхоямро ба намоишу фурӯш мебарорам” – мегӯяд Нилуфар.

 

Ӯ вобаста ба ҳар як ҷашну маросим, ки рамзи махсуси худро дорад, лаълиҳоро бо нигин оро медиҳад, чун онҳо ҳам намоишҳоро зебу зиннат медиҳанд ва ҳам харидор доранд.

“Мо зиёдтар аз рӯйи тақвим кор мекунем, барои ҳар як ҷашну маросим пешакӣ тайёрӣ мебинем. Барои мисол, баҳри таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ лаълии ҷашнӣ омода карда истодаам”-, гуфт Нилуфар.

Нилуфар лаълиҳоро ҳамроҳи шогирдонаш дар мактаб омода мекунад, то ки онҳо низ ин касбро омӯзанд. Агар дар мактаб корро анҷом дода натавонад, онҳоро ба хона меораду, то нимашабӣ худаш омода мекунад.

Туҳфаи аз ҷониби президент

Маҳсули дастранҷи Нилуфарро ба ғайр аз мизоҷони бешумораш, боз дар чорабиниву намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода мебаранд. Ӯ дар озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

“Соли 2017 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи президенти Чин Си Ҷин Пин дар боғи “Ирам” лаълиҳои омода кардаи маро дида, баъд аз намоиш ба ман нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Точикистонро доданд”, – мегӯяд, Нилуфар Давлатзода.

Нилуфар Давлатзода пешакӣ рамзҳоро дар интернет мебинад, онро дар варақ тасвир мекунад ва ба рангҳо ҷудо намуда ба бозор рафта вобаста ба ранги рамз, нигина мехараду бо як эҳтиёткори нигинаҳоро дона – дона дар рӯи лаълӣ мечаспонад.

“Баъзан вақт худам ҳам мегӯям, ки ин ҳунарро мепартоям, чунки бениҳоят мушкил аст. Як нигини хато часпондашуда корро расво мекунад ва маҷбур мешавем, ки корро аз нав сар кунем. Ин расмкашӣ нест, ки бо қалам оро диҳӣ ва ягон хато кардӣ, зуд ислоҳ кунӣ. Нигин танҳо як шакл дорад ва кораш зиёд аст. Ҳар кадаре, ки рамз хурд бошад, ҳамон қадар кораш мушкилтар мешавад”, мегӯяд, ӯ.

Нилуфар соҳиби як духтарчаи 4 сола мебошад. Шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ӯ айни ҳол барои ҷашни Истиқлолият ҳаргуна ороишотро бо шогирдонаш омода карда истодааст, то ки рӯзи ҷашн маҳсулоти дастиашонро ба намоиш гузоранд.

Аминҷон Раҳматзода

Skip to toolbar