Ҳунари меросӣ. Чӣ тавр танӯри тоҷикиро ба ИМА бурданд

Фурқат Юнусови 59 соларо дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун танӯрсозе, ки пешаи авлодиро идома медиҳад, мешиносанд. Ӯ ин ҳунарро аз падараш омӯхта, имрӯз низ бо фармоиши сокинон ва нонвойҳо танӯрҳои девориву заминӣ месозад. Чанд сол пеш танӯри сохтаи усторо як ҷавони яҳудитабор, ки дар Хуҷанд ба воя расидааст, харида ба Амрико бурда буд. Таърихи бурдани он ҷолиб аст.

Муаллифи Your.tj ба устохонаи танӯрсоз Фурқатҷон Юнусов рафта, бо ӯ дар бораи тарзи кор бо лой ва бартарияти танӯри гилин аз бетонӣ суҳбат кард. 

“Аз пешаи авлодӣ дур шуда натавонистам”

Танӯрсоз маънии зиндагиашро дар пеш бурдани кори ҳунари меросӣ медонад. Ба бовари вай, дар баҳору зимистон болои хоктӯда истода, кор кардан тани инсонро бедард мекунад. Хок хосияти ба худ кашида гирифтани рутубати пой ва миёнро доштааст.

Фурқат Юнусов пас аз хатми мактаби миёнаи № 20-и шаҳри Хуҷанд ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 44 дохил шуда, касби ронандагиро аз худ мекунад. Хидмати ҳарбиро дар Ҷумҳурии Гурҷистон солҳо 1983-1985 ба ҷо меорад. Баъдан давоми 30 сол дар коргоҳи “Селстрой-2”-и шаҳраки Ғафуров ба ҳайси ронанда фаъолият дошт.

Бо нақлиёти шахсӣ аз соли 1995 то 2016 дар хатсайрҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҳамчун бригадир ва ронанда кор кард. Албатта, дар зарфи ин солҳо низ танӯр месохт. Мисол, дар солҳои 2014-2016 дар шаҳри Душанбе барои сохтани танӯрҳои нонпазӣ заҳмат бурд, аммо ба ин кор вақту нерӯашро пурра бахшида наметавонист.

Гузаштагони ҳунарманд

“Қариб 8 сол мешавад, ки бо сохтани танӯрсозӣ машғулам. Аз ҳунари бобоӣ дур шудан ғайримикон будааст. Ман дар оилаи кулолгари номӣ дар маҳаллаи Разоқи нави шаҳри Хуҷанд ба дунё омадам. Падарам Мухтор Юнусов (1930 – 2019), бобоям Муҳаммадюнус Ашӯров (1860-1937), амаки шоирам Кулолии Хуҷандӣ (1947-2020) кулолгарони забардаст буданд. Имрӯз дар пайравӣ ба онҳо ману додарам ҳунари меросиро пеш мебарем”,- бо ифтихор афзуд танӯрсоз.

“Як хуми бобоям сохтаро бо нархи 300 доллар харида будем”

Падари равоншоди Фурқатҷон Юнусов дар солҳои шӯравӣ дар артели ҳунармандии “Правда”, ки ба оҳакпазию кулолгарӣ ихтисос ёфта буд, кор кардааст. Дар ин ҷо якчанд намудҳои коса, табақ, пиёлаҳои сафолин месохт. Баъдтар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар хона мустақилона бо кулолгарӣ машғул буд. Ба ду писари худ ҳунари авлодиро ба пуррагӣ ёд дод.

“Рӯзе як ҳамсоя аз падарам хоҳиш мекунад, ки хум (зарфи сафолини калон, ки ба ҷои яхдон кор мебурданд)-и кӯҳнаи дар хонаашбударо фурӯхта диҳанд. Падарам хуми ӯро хуб аз назар гузаронида, дилашон гум мезанад. Зеро дар лаби он хум нишони дасти падарашон, ки се барги гул буд, мебинанд. Дар замони гузашта ҳар устои кулолгар рамзи хоси худро дошта будааст, ки дар ягон кунҷи зарфи сохтааш ҳатман муҳри шахсӣ мемонд.

Баъдан падарам аз ҳамсоя хуми сохтаи бобоямро бо арзиши 300 доллари амрикоӣ харида буданд. Ба нигоҳи саволбарангези мо, фарзандон, ки чаро бо чунин нарх хуми кӯҳнаро харидед, қатраи ашк резонида гуфта буданд, “ба ин хум дасти падарам расидааст, инро дида бобоятонро дидагӣ барин шудам” Ман аз ин муносибати падар дарк кардам, ки қадри ҳунар аз зар беш буда, маҳсули дасти ҳунарманд нишон аз умри ӯст”,- хаёлмандона гуфт устои кулолгар.

Танӯри нонпазиро аз чӣ гуна хок месозанд?

Фурқат Юнусов хоки ширадорро, ки барои кори кулолгарӣ мусоид аст, аз деҳоти Исфара, деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов дастарс мекунад. Нархи 1 КамАз чунин хок ба 2 ҳазор сомонӣ баробар будааст. Аз ин гуна хок танӯри нонпазӣ, кӯза, коса, табақ, хуми бадошт сохтан мумкин мебошад.

“Хоке, ки хости дили кулолгар аст, ёфтан душвор. Масалан, солҳои 2011-2012 дар шаҳри Москва барои як соҳибкори хуҷандӣ, ки дар мавзеи Рублёвка қаҳвахона бо номи “Согдина” ифтитоҳ кард, аз рӯи шартнома 21 танӯри нонпазӣ бояд месохтам. Аммо дар Москва, ки хоки сиёҳу номувофиқ дорад, хоки дилхост ёфт нашуд.

Мо бо он соҳибкор хоки ширадор ҷуста, то шаҳри Калуга рафта будем. Дар пайи ҷустуҷӯи хок вақти зиёде рафт. Ахиран, ба як мавзеъ расидем, ки хокаш барои кори кулолгарӣ мутобиқ аст. Хокро ёфта, 21 танӯрро сохта, барои тайёр кардани ҳар яке аз онҳо 120 доллари амрикоӣ дастмузд гирифта будам”,- ба ёд меорад танӯрсоз.

Техникаи омодасозии лой

Устои танӯрсоз ба хоки ширадор об мегузорад, хок давоми 1 соат дам гирифта, намнок мешавад. Лойи нимтайёрро мисли ҳавзак кушода, ба болои он пашми гӯсфандро, ки қаблан болои кунда гузошта, бо доскалла буридаву бо савачӯб (навдаҳои рости дароз) пашмро тит кардааст, мепартояд. Бо каланд хокро кашад, пашм дар қабат-қабати лой ҷо мегирад. Лойро лағат карда, хуб тагурӯ мекунад. Лойи ҳалшударо ба болои шол рехта, 1 шабонарӯз дам медиҳад.

“Чанд рӯз пештар барои омода кардани 5 танӯр лой тайёр карда мондам. Лойро бо селофан маҳкам пӯшонидам, то ҳаво ба он надарояд. Аслан, лой ду рӯз дам гирад, кифоя аст ва корро оғоз кардан мумкин. Агар лой селофанпеч истаду ба он ҳаво нарасад, то 1 моҳ лой дам гирад, зарар надорад. Дар сурате, ки ба лой ҳар вақт об пошида истанд, то он хушк нашавад”,- фаҳмонид кулолгар.

Кафшери гилӣ ё васли тахтаҳои танӯр

Кулолгар лойи тайёрро гирифта, бо назардошти андозаи фармоишшудаи танӯр тахтаҳо ё девораҳои онро рост мекунад. Баъд аз сахттару хушктар шудани лой тахтаҳои шаклгирифтаро рӯйи замин рост гузошта, онро бо асбобҳои махсуси ғундаку тавонча тап-тап мезанад.

Бо ин роҳ сахту ҳамвор шудани девораҳои онро таъмин мекунад. Баъдан девораҳои танӯрро болои ҳам гузошта, кунҷҳои ба ҳам пайвастшавандаро бо об тар карда, гӯё кафшери гилӣ мекунанд.

“Танӯри хонагӣ бештар аз ду қабат сохта мешавад, ки 75-80 см дарозӣ дорад. Модарону духтарон ба он то 3 қатор нони миёнаҳаҷмро меғунҷонанд. Танӯр барои нонвойхона аз 4-5 қабат ё девора иборат аст, ки дарозии он ба 1-1,5 м баробар мешавад. Боз як махсуситяи корам дар он аст, ки барои тайёр намудани ҳар танӯри нонпазӣ лойро нағз пазонида, қабатҳои онро ғафс мекунам.

Чаро? Барои он, ки он солҳои дароз хизмат кунад. Аммо мизоҷон мегӯянд, ки дигар устоҳои танӯрсоз девораи танӯрро тунуктар мекунанд. Ҳатто бархе ҳамкасбон ба ман борҳо гуфтаанд, ки ман ҳам девораашро тунуктар кунам”, – бо ҳаяҷон шарҳ медиҳад Фурқат-усто.

Бастани лаби танӯр ва ороиши он аз пасмондаҳои лой

Танӯрсоз чор ё панҷ зуволаи лойро болои шол партофта, бо пой лойро лағаткӯб мекунад. Лой мулоимтар мешавад, онро ба ду лӯла ҷудо карда, бо даст ҷӯвакунон дароз месозад. Ин кор маҳз дар болои гилем бояд иҷро шавад, то аз замин ба таркиби лой хокмайда ё чизи дигаре наомезад.

“Бо бастани лаби танӯр кор ба охир намерасад. Аз лоймайдаҳое, ки дар рафти кор гирифта, ҷамъ мекунем, поёнтари лаби танӯрро ороиш медиҳем. Яъне ягон порча лой ба партовгоҳ намеравад. Онро ҷамъ карда, тар кунонида дар вақти ороиш истифода мебарем”,- гуфт танӯрсоз.

Ангишт дар кори танӯрсозӣ барои чӣ истифода мешавад?

Тавре Фурқатҷон Юнусов фаҳмонид, барои тезтар шах ва ё хушк кардани танӯр аз ангишт истифода мебарад.

“Вақте девораи танӯрро ба ҳам часпонида, рост мекунем, ба дарунаш ангишти гиронидаро мегузорем. Он сӯхта, девори танӯри навро гарм карда, мехушконад. Барои танӯри майдаро хушк кардан 20 кг ангишт сарф мешавад. Барои хушк кардани танӯри калон, ки нонвоён фармоиш медиҳанд, то 40 кг ангиштро месӯзем. Дар баробари истифодаи гармии ангишт чунин танӯр давоми 10-12 рӯз хушк мешавад”, – тавзеҳ дод кулолгар.

Танӯри гилин хуб аст, ё бетонӣ?

Фурқат Юнусов боре ҳам танӯри бетонӣ насохтааст ва нахоҳад сохт. Ӯ бар ин назар аст, ки чунин танӯр қобили қабул набуда, ҳеҷ гоҳ ҷойи танӯри гилинро гирифта наметавонад.

“Ба фаҳмиши ман, дар танӯри бетонӣ пухтану хӯрдани нон аз ҷиҳати экологӣ тоза нест. Ҳамин хел мефаҳмам, ки нони дар он пухтаро хӯрдан баробар аст, ба хӯрдани семент. Барои саломатӣ зиён дорад, хӯрдани чунин нон.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар сохтани танӯрҳои бетониро бештар дидаам, зеро он ба кисса арзонтар меафтад. Нонвойҳои пуртаҷриба медонанд, ки танӯри гилин беҳтар аст. Агар касе фармоиш диҳад, ки танӯри бетонӣ соз, ҷавоби рад медиҳам”,- қатъан гуфт танӯрсоз.

Танӯри тоҷикӣ дар Амрико

Танӯрҳои барои нонпазӣ сохтааш ба ҷуз дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон талаботи зиёд доштан боз дар кишварҳои Исроил, ИМА, Олмон, Русия ва Ӯзбекистон талабгарон пайдо кардааст.

Масалан, чанд сол пеш танӯри сохтаи усторо як ҷавони яҳудитабор, ки дар Хуҷанд ба воя расидааст, харида ба Амрико бурда буд. Таърихи бурдани он ҷолиб аст.

“Ин танӯрро бо падари шодравонам сохта будем. Танӯри тайёршударо бо бистар (матрас) печонида, дар қуттии тунукагин гузошта, барои сафари дурудароз тайёр карда будем. Он бо тай кардани хатсайри дароз Қазоқистон – Туркия – Амрико ба суроғаи лозимӣ бешикаст рафта расида буд. Ба соҳиби амрикоияш, ки пешаи нонвоиро он ҷо пеш бурд, хизмати арзанда кард. Вай аз ҳар нони дар танӯри сохтаамон пухтаро бо арзиши 1 доллари ИМА фурӯхта, давоми 2 сол миллионер шуда буд”,– бо ваҷд қисса кард устои танӯрсоз.

Қаҳрамони мо, танӯрҳои босифату бенуқсон ва кӯзаҳои хушнамуд сохта тавонистанашро ба он рабт медиҳад, ки аз падараш дуои роҳ гирифтааст. Ӯ низ дар навбати худ ба фарзандони мардум (худаш 3 духтар дорад) ҳунарашро омӯзонидааст.

Зимнан, фарҳангшиносон бар ин назаранд, ки як қатор касбу ҳунарҳо ба монанди кулолгарӣ, бофандагӣ, мӯзадӯзӣ, оҳангарӣ ва ғайра бо фаъолияти ҳунармандони авлодӣ ривоҷ ёфтааст. Кулолгаре, ки дар борааш қисса шуд, ба ин нукта далел шуда метавонад.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar