fbpx

Умри дубораи оҳанпораҳо. Дар Душанбе аз онҳо чӣ истеҳсол мекунанд

“Эҳёи фулузот” наздики ду сол боз дар баробари корҳои барқарорсозии корхона, ҳамзамон истеҳсоли арматура дар он ҷараён дорад.


2
2 points
Акс: Your.tj Идибеки Саид

“Эҳёи фулузот” дар шаҳри Душанбе яке аз корхонаҳоест, ки ба коркарди дубораи партовҳои оҳану металл машғул аст. Дар ин корхона барои сохтмону фаъолияти хоҷагидорӣ арматура истеҳсол мекунад.

Муаллифи  Your.tj ба ин корхона рафт ва аз кори он гузориш омода кард.

“Эҳёи фулузот”

“Эҳёи фулузот” наздики ду сол боз дар заминаи як корхонаи куҳна амал мекунад. Дар баробари корҳои барқарорсозии корхона, ҳамзамон истеҳсоли арматура дар он ҷараён дорад.

Музафар Бобоев яке аз мутахассисони ин корхона мегӯяд, ки онҳо аз соҳибкорон ва одамони алоҳида дар асоси шартнома оҳанпораҳо қабул мекунанд.

Корхонаи мазкур аз партовҳои металлӣ ва оҳанпораҳо арматураи ҳаҷмҳои 12 то 22 мм истеҳсол мекунад.

Соҳибони он ният доранд вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар оянда ҳаҷмҳои дигари арматураро низ истеҳсол кунанд. Инчунин дар нақша доранд, ки хати истеҳсоли сим кушоянд ва дар сурати ба истифода додани он имкони истеҳсоли мех низ фароҳам мегардад.

“Дар корхона вобаста ба талабот аз 50 то 70 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд. Айни ҳол наздики 30 мутахассиси хориҷӣ барои васлу насби хатҳои нави истеҳсолӣ машғули кор ҳастанд”,- шарҳ дод Бобоев.

Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талабот аз 200 то 400 тонна арматура дар як моҳ мебошад.

Ба гуфтаи масъулони корхона маҳсулоти онҳо тамғаи А400 мебошад, ки сифати хуб ба ҳисоб меравад ва истифодаи он барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои то 4-5 ошёна иҷозат дода мешавад.

“Мо ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки пеш аз ҳама сифати маҳсулоти худро беҳтар намоем. Бо беҳтар кардани сифат мо метавонем муштариёни худро зиёд намоем. Баъзе аз дӯстони мо, ки ба воридоти арматура аз Русия ва Эрон машғул ҳастанд, мегӯнд, сифати маҳсулоти шумо дар баробари онҳо қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти мо арзонтар аст”,- афзуд Музаффар Бобоев.

Дар корхонаи “Эҳёи фулузот” филтрҳо насб карда шудааст, ки ба гуфтаи онҳо то 90% партовҳоро безарар мегардонад.

Партовҳои металлӣ пурра коркард мешаванд

Дар корхонаи “Эҳёи фулузот” оҳанпораҳое коркард мешаванд, ки асосан соҳибкорон онҳоро аз гирду артоф ҷамъ карда меоранд, мегӯяд Неъматзода Наим, муовини сардори раёстаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданок ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми об кардани оҳанпораҳо дар печҳо моддаҳои ифлоскунанда, аз ҷумла чанг, оксиди карбон, оксиди нитроген, сулфур ва каме сионид ҳам ҳосил мешавад.

“Вале инҳо ҳама дар доираи меъёр аст. Аз меъёр зиёд нест. Барои безараргардонӣ иншоотҳои безараргардонии ҳаво мавҷуд ҳастанд, ки кашида мегиранд, безарар карда, баъдан ба ҳаво мепартоянд”, – шарҳ дод ӯ.

Корхона айни ҳол барои як сол захира оҳанпора дорад.

Аз 1400 кг металлпорае, ки об карда мешавад, ба ҳисоби миёна 400-500 кг партовҳои “шлак” боқӣ мемонад. 900 кг ҳамчун арматура истеҳсол мешавад.

400-500 кг, ки ҳамчун партов гирифта мешавад, боз такроран коркард мешавад.

Неъматзода Наим

“Онро дигар корхонаҳо гирифта такроран об карда, аз он боз металлҳои боқимондаро мегиранд ва дар охир чизе, ки боқӣ мемонад, дар роҳсозӣ, барои таҳкурсии роҳҳо истифода бурда мешавад”,- гуфт Неъматзода.

Коркарди дубораи партовҳо, аз ҷумла партовҳои маишӣ, пластикӣ ва сахти маишӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои экологӣ боқӣ мемонад.

Мувофиқи омори Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон 25 корхонаҳои коркарди партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ, 10 коркарди партовҳои коғаз ва қуттиҳои картонӣ, 18 коркарди партовҳои оҳан, 4 коркарди партовҳои оҳак ва 1 коркарди партовҳои резинӣ мавҷуд аст.

Идибеки Саид, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend