Дар Душанбе ҳукми парвандаи пурсарусадои марги Судайси 2-сола дар кӯдакистони хусусии «Саволу Ҷавоб» («Почемучка») содир гардид.
Мудири муассиса Рухшона Исматуллоева ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ, мураббия Боғигул Раҳимова бошад ба 5 сол маҳкум шудаанд.
Дар ин бораи «Азия-Плюс» бо такя ба иттилои як манбаи худ хабар дода навиштааст, ки ҳукмро суди ноҳияи Синои пойтахт содир кардааст, аммо санаи дақиқи эълони ҳукм гуфта нашудааст
Суд фарзандони ноболиғ доштани маҳкумшудагонро ба назар гирифта, иҷрои ҷазоро то ба 8-солагӣ расидани кӯдакон ба таъхир гузошт. Маълум нест, ки айни ҳол синни фарзандони маҳкумшудагон чанд аст.
Фоҷиа дар моҳи майи ҳамин сол рух дод. Писарбачаи 2-сола ҳангоми хоби нисфирӯзӣ дар кӯдакистон ба панҷараи кат бо сараш овезон монда, ҷони худро аз даст дод. Ин ҳодиса вокуниши шадиди ҷомеаро ба миён овард.
Нисбат ба мураббияи 29-сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 175 КҶ ҶТ “Иҷро накардани вазифаҳои таъмини амнияти ҳаёту саломатии ноболиғ” кушода шуд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки кӯдакистони «Саволу ҷавоб» ғайриқонунӣ фаъолият мекард. Ба гуфтаи ӯ, иҷозатномаи муассиса аввали сол ба анҷом расида буд ва баъди фоҷиа кӯдакистон баста шуд.
Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар робита ба марги кӯдак нисбат ба панҷ нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аз ҷумла ёрдамчии мураббия, ки бояд дар вақти ҳодиса назди кӯдак мебуд, роҳбари муассиса, ду корманди Вазорати маориф, ки масъули иҷозатномадиҳӣ буданд ва вазифаи худро иҷро накардаанд, инчунин духтури санитарӣ, ки фаъолияти чунин муассисаҳоро назорат мекард.
Ба гуфтаи ӯ, тафтишот анҷом ёфта, 4 август парванда ба суд фиристода шуда буд.
Дар бораи он ки дигар айбдоршавандагон чӣ гуна ҷазо гирифтаанд, чизе гуфта нашудааст.









