Дар нишасти матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба матолиби нашркардаи шабакаи телевизионии CNN ибрози назар карданд. Ин шабака Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ ва Абурайҳони Беруниро ҳамчун донишмандони узбек муаррифӣ кардааст.
Хуршед Зиёӣ, доктори илмҳои фалсафа дар нишасти рӯзи 6-уми феврал ба рӯзноманигорон гуфт, “Ибни Сино тоҷик аст, вале осори ӯ моли тамоми инсоният аст”.
“Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад ба ҳамаи ҷаҳониён тоҷик будани Абуалӣ ибни Синоро исбот кунад. Вале як чизи дигарро низ ба назар мегирем, паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки бо роҳи ғайритоҷик эълон кардани Сино шабакаи CNN ҷудоӣ андохтан байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти назорат аст. Бинобар ин мо иброз мекунем, ки Ибни Сино тоҷик аст, вале осори ӯ моли тамоми инсоният аст”,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Зиёӣ, ҳанӯз соли 1980 президенти онвақтаи Академия Муҳаммад Осимӣ ва олими тоҷик Мусо Диноршоев ба ҳамаи халқҳои шӯравӣ “тоҷик будани Ибни Синоро исбот карда буданд ва ҳама инро қабул намуда буд”.
Президенти Академия, Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, “ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар фарди тоҷик аст”.
“Мо ба сиёсати давлатҳо кордор нестем, фақат кӯшиш мекунем, арзишҳои миллиеро, ки сирф аз мост, ҳифз намоем.
Олимони мо дар тамоми шабакаҳо мавқеи худро баён карда истодаанд. Мақолаҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳатто видеороликҳо омода ва пешниҳод шуда истодаанд”.
Ба иттилои Хушвахтзода, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази Синошиносӣ амал мекунад. Ин марказ дар базаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ фаъолияташро пеш мебарад.
Хуршед Зиёӣ афзуд, мутахассисони ин марказ баъди нашри “маводи ғайривоқеӣ аз ҷониби шабакаи CNN” корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
“Аз ҷумла, мақолаи пурмуҳтавои Маҳмадсалом Маҳсудов бо 8 далели муътамад, ки зодаи Бухоро ва аз оилаи тоҷик будани Ибни Синоро исбот мекунад, нашр кардем. Ҳамзамон маводи дигар олимон, аз ҷумла, навиштаҳои Босфорд, Семёнов ва дигаронро дар бораи тоҷик будани Ибни Сино чоп шуда буданд, бознашр намудем”,- гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Ҳамчунин, дар Маркази Синошиносӣ 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Сино бо забонҳои русӣ ва англисӣ нашр шуда, ва ҷилди нӯҳум аллакай дар арафаи чоп аст.
“Мо 21 ҷилд китобҳои Синоро ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷой кардем. Ният дорем, рӯзи 11 феврал дар ин мавзуъ мизи мудаввар баргузор кунем.
Имсол бахшида ба 1045-солагии Ибни Сино ба нақша гирифтаем, ки моҳи август як чорабинии илмӣ ва моҳи ноябр симпозиуми байналмиллалӣ оид ба саҳми Сино дар рушди илми ҷаҳонӣ баргузор намоем”,- хабар дод Зиёӣ ба рӯзноманигорон.
Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 27-уми январ ба нашри матолиб дар телевизиони CNN вокуниш карда, гуфта буд, сарчашмаҳои таърихӣ дар ин мавзуъ “ба инобат гирифта нашудаанд”.
“Бидуни ба инобат гирифтани сарчашмаҳои таърихӣ мероси адабии миллати моро ба миллати дигар мутааллиқ медонад, ки мутаассифона хеле баҳсбарангез аст. Ин андешаҳо безамина ҳастанд. Изҳороти расмии кишвари ҳамсоя нест. Посух бояд ба ин амал бо риояи меъёрҳои дипломатӣ, қотеъона, вале дар ҳамин поя бояд бошад”,- иброз дошта буд ӯ.