Ғуборро нафас накашед. Барои муҳофизат аз чанг ниқобро чӣ гуна бояд интихоб кард

Дар Душанбе тайи чанд ҳафтаи охир ҳолати ҳаво хеле бад шудааст. Сокинони пойтахт аз сулфа ва нафастангӣ шикоят мекунанд. Тағйирот дар ҳаворо ҳатто бо чашмони одӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Шаҳрро пайдарпай ғубори ғализ мепӯшонад.

Ин водор мекунад, ки ҳадди аққал дар берун ниқоби респиратор пӯшем ва дар хона тозакунандаи ҳаво насб кунем.

Имрӯз дар бораи тарзи дуруст интихоб кардани ниқоб, ки аз хатарноктарин ифлоскунандаи ҳаво – PM2.5 муҳофизат мекунад, маълумот медиҳем.

Ду меъёри асосии интихоби ниқоби таъсирнок барои муҳофизат аз ифлосшавии ҳаво мавҷуд аст:

  1. Самаранокии баланди филтрсозӣ бар зидди ифлоскунандаҳои хатарноки ҳаво (PM2.5).
  2. Паҳлӯҳои ҳавоногузар барои ҳимоя аз даромадани ҳаво аз атрофи ниқоб.

Чаро РМ2. 5 марговар аст?

Зарраҳои PM2.5 хеле сабуканд, бинобар ин онҳо метавонанд рӯзҳо ва ҳафтаҳо дар ҳаво боқӣ монанд. Ҳангоми нафаскашӣ зарраҳои калони чанг ба бинӣ, даҳон ва гулӯ ворид мешаванд. РМ2.5 чунон хурд аст, ки ба шушҳо амиқ ворид шуда, дар он ҷо ҷойгир мешавад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Агентии байналмилалии омӯзиши саратон РМ2.5-ро ба категорияи якуми хатар дохил карданд. Дар ҳоле ки ягон консентратсияи ҳадди имконпазири зарраҳо дар ҳаво муайян карда нашудааст. Чӣ қадаре ки онҳо зиёд бошанд, ба саломатӣ ҳамон қадар бештар зарар доранд.

Дар Душанбе ҳафтаҳои охир, тибқи маълумоти истгоҳҳои мониторингӣ (дар Душанбе танҳо се истгоҳро онлайн мушоҳида кардан мумкин аст), нишондиҳандаҳои мавҷудияти PM2. 5 дар ҳаво аз 150 кам намешавад, ки ин ҳатто барои шахси солим хеле хатарнок аст. Дар ҳамин ҳол нишондиҳандаи имконпазири мавҷудияти зарраҳои РМ2.5, тибқи стандартҳои СУТ, бояд аз 5 микрограмм дар як метри мукааб (мкг/м3) зиёд набошад.

Кадом ниқобҳо ҳаворо бештар филтр мекунанд?

Ниқобҳои муҳофизатӣ рейтинги N90, N95 ё N99 доранд. Ин рамзи стандартӣ фоизи зарраҳои хурдро (то 0,3 микрон) нишон медиҳад, ки ниқоб гузаштани онҳоро бозмедорад.

Масалан, ниқоби N95 бар зидди ифлосшавии 95% зарраҳои хурд, ниқоби N90 барои 90% ва ғайра.

Дар ҷаҳон се стандарт барои зарраҳои то 0,3 микрон маъмул аст ва ҳамаи онҳо аз 95% зарраҳои ҳаво муҳофизат мекунанд:

  • N95: NIOSH – 42CFR84 (ИМА)
  • KN95: GB2626 – 2006 (Чин)
  • FFP2: EN 149-2001 (Аврупо)

Респираторҳои бо СТАРТАРТИ KN100 ва FFP3: на камтар аз ≥ 99% зарраҳои сахтро филтр мекунанд.

Гирифтани ниқоби сертификатдор муҳим аст. Он ҳам дар баста ва ҳам дар худи ниқоб навишта шудааст. Баъзе истеҳсолкунандагон дар ҳар як ниқоб ва рақами силсилавӣ онро муайян мекунанд.

Ниқоб бояд зич часпад ва ҳавоногузар бошад

Боварӣ ҳосил кардан муҳим аст, ки ниқоби муҳофизати шумо аз ифлосшавии ҳаво ба рӯй, махсусан ба бинӣ хуб мувофиқат мекунад. Вақте ниқобро мепӯшед, набояд эҳсос кунед, ки ҳангоми нафаскашӣ аз паҳлӯҳо ҳаво мебарояд.

Яке аз роҳҳи хуби санҷиш ин пӯшидани айнак аз болои ниқоб аст. Агар он буғнок шуд, ин нишонаи он аст, ки аз ниқоб ҳаво аз ҳад зиёд мебарояд.

Ихроҷи ҳаво нишон медиҳад, ки ниқоби шумо наметавонад, тамоми ҳавоеро, ки ҳангоми нафаскашӣ ба бадан ворид мешавад, самаранок филтр кунад.

Баъзе истеҳсолкунандагон андозаи гуногунро пешниҳод мекунанд ё ба ниқоб калидакҳои пластикӣ насб кардаанд, ки ба танзими андозаи респиратор имкон медиҳад.

Дар дохили ниқоб барои нафаскашӣ бояд фазои холие бошад. Он ба хараки бинӣ маҳкам часпад ва набояд ба лабҳо ва бинӣ бирасад. Ин махсусан барои ниқобҳое, ки ҳангоми машқҳо дар фазои кушод истифода мешаванд, муҳим аст.

Баъзе ниқобҳо дорои сарпӯшакҳо барои ихроҷи ҷараёни ҳаво мебошанд, ки аз таршавӣ ҳангоми нафаскашӣ пешгирӣ мекунад.

Дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи ниқобҳо якдафъаина мебошанд. Дар маҷмӯъ тавсия дода мешавад, ки онҳоро на бештар аз 10 соат истифода баред.

Дар Душанбе респираторро аз куҷо харидан мумкин аст?

Респираторҳои муҳофизаткунандаи KN95 на танҳо дар дорухонаҳо дастрасанд, балки онҳоро дар мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ ё сомонаҳои рекламавӣ низ пайдо кардан мумкин аст.

Нархи онҳо вобаста ба васлак, доштан ёнадоштани қолиби пластикӣ ва сарпӯшакҳо аз 15 то 35 сомонӣ аст.

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо

Skip to toolbar