Убайдулло Раҷабов: Озодӣ барои инсони эҷодкор мисли обу ҳаво зарур аст

20-уми март ӯ 80-умин баҳори умрро қайд кард. Бо оромӣ. Бе ягон маросими хосе.

Мо бегоҳи 19-ум сӯҳбат доштем. Севуним соат. Аз Кумитаи телевизион то боғчаи Нишони давлатӣ, убур аз бологоҳи Шаршара, то Шарқи Озод. Гуфтугӯ дар ҳавои кушод бо Убайдулло Раҷабов.

Ва инак…

Баҳонаи…

Ӯ ҳам рафт…

Убайдулло Раҷаб рафт…

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон…

Коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, рафт, ба мо падруд гуфт…

Инак бар хоки сари марқадаш гул рӯйиданист…

Руҳат шод!

Турбатат пурнур!

Ному ёдат гиромӣ!

Сарнавишт

Медонед? Ӯ дар 5-солагиаш ба мактаб меравад.

Медонед? Ӯ дар 16-солагиаш аз хона фирор мекунад.

Медонед? Ӯ пеш аз ҳама дарси мусиқӣ ва рассомӣ меомӯзад.

– Ман саркашӣ аз сарнавишт кардаам. Бисёр мехостам, ки таҳсил намоям. Аммо фарзанди хурди хона, ки будам, падарам меросбари хеш таъйинам карда буданд.

Соли 1957. Баъд аз ба даст гирифтани номаи камол ба оҳистагӣ аз хона фирор кардам. Аввалин бор озими Сталинобод шудам. Ҷоеро намедонам. Кӯеро суроқ надорам. Намедонам, бо лутфи Худо, бародарам Қимматуллоро, ки ин ҷо дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ таҳсил мекард, ба тасодуф дарёфтам. Аз дидани ман ҳам шоккӣ буду ҳам шод. Аттестатро ба дасташ додаму фирорамро қисса кардам.

Акс аз бойгонӣ

Киро устоди аввалини хеш меҳисобед?

– Устоди нахустини банда Эфим Исаевич Мителман буданд, ки хеле роҳнамоиву роҳкушоӣ бар ҳунари ман кардаанд. Лекин ҳамчунин Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, София Туйбоевна, Алиназар Хоҷаев ва чанде дигар ҳунармандони варзида, ки дар Студия ба мо дарс мегуфтанд, ҳаққи устодӣ доранд.

Чаро фаъолиятро дер оғоз кардед ва он ҳам на дар пойтахт: соли 1968, дар Театри драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб…

– Не, аслан чунин нест. Соли 1964 мо 16 нафар Студияи маҳорати актёриро хатм кардем ва дар байни хатмкардагони аввалин 5 нафар дар Театри академӣ-драммавии А. Лоҳутӣ ба хидмат пардохтем. Ҳамон сол маро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва 3 сол дар хидмати Ватан будам. Дарси таълимиро аз Самарқанд шурӯъ карда, баъди муддати кӯтоҳ муовини командири взвод ва командири взвод (гарчанде ин гуна зуд аз ҷо хестан мумкин набуд) таъйин шудам. Соли хизмати мо бо масоили Осиёи Марказӣ дар Қарақалпокистон Округи Осиёи Марказиро ташкил намуданд, ки аз тамоми гӯшаву канори СССР афсарони зираку ҳушмандро ҷамъ оварда буданд. Дар ин байн, намедонам, ки дар ман командирон чӣ дидан, маро ба сафи ин Округ фиристоданд ва боқии хидматро дар Округи махсус гузаронидам. Ноябри соли 1967 хидмати ҳарбиро тамом кардам.

Вақте ба Театри Лоҳутӣ баргаштам, ки ҷои ман банд буд. Назди директори театр даромада, далел пеш бурдам, ки “ман аз ин ҷо ба хидмати Ватан рафтам ва тибқи Қонуни мудофиаи СССР баъд аз хидмат ман бояд дар ҷои кори пешинам баргардонида шавам”. Ва ҳамин хел ҳам шуду ман дар аввали соли 1968 дар Театри Лоҳутӣ ду нақш бозӣ кардам.

Акс аз бойгонӣ

Лекин ҳамон сол Театри драмаи мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализодаи дар вилояти онвақта Кӯлоб баъди солҳои аз фаъолият мондан, бозкушоӣ шуд ва ҳунармандоне, ки аз вилоят дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаъолият доштанд, ба ин даргоҳ даъват шуданд, аз ҷумла банда низ. Дар он ҷо аз соли 1968 то 1970 фаъолияти ҳунарӣ доштам, нақшҳои хурду бузурги зиёде ба монанди Хуршед аз драммаи «Орзу»-и М. Назаров ва Ҳоҷӣ Нуъмон аз «Ишқи африқоӣ»-и П. Меримеро офаридам. Аммо сиёсати норавшани директори вақтии театрро, ки аслан марди тасодуфӣ дар ҳунар буд, бардошта натавонистам ва 20-уми майи соли 1970 дигарбора баргаштам ба Театри Лоҳутӣ.

Озодӣ барои фаъолияти як эҷодкор то чӣ андоза муҳиму таъсиргузор буда метавонад?

– Озодӣ барои инсони эҷодкор мисли обу ҳаво зарур аст. Инсон бе обу бе оксиген ҳеч гоҳ умр ба сар бурда наметавонад. Эҷодкор – бе озодӣ!

Озодии ҷисмӣ, озодии рӯҳӣ, озодии ақлонӣ, озодии баёнӣ ва дигару дигар озодиҳое, ки ҳаст, ҳамааш барои инсони эҷодкор лозим аст ва ҳеч фард бидуни озодии комил эҷодкор буда наметавонад. Барои эҷодкор монеа гузоштан, дасташро бастан, суханашро қатъ кардан, маҳшар аст, марг аст. Бубинед, Самарқанду Бухороро бо ҷабру зулм сохтанд, обод карданд, тавонистанд, аммо бидонед, ки ҳамон замон ҳам мусаввирону мунаққишон ва ононе, ки ба нигориш машғул буданд, комилан озод гузошта мешуданд.

Театрро чӣ гуна дарёфтед?

– Чун Академияи улуми зиндагӣ: туро бар ту нишон медиҳад.

Пайванди Шумову театр ташбеҳи чист?

– Мисли ду пой: яке худ, дигаре театр. Бе ҳамоҳангӣ пеш наравӣ.

Театр аз нигоҳи Шумо?

– Хонаи инсоншиносӣ, хонаи хештаншиносӣ.

Театр андар театр

Аз минитеатре огаҳӣ ёфтем, ки дар дохили театри Лоҳутӣ ташкил шуда, “ғайрирасмӣ” фаъолияти назаррас мебарад. Ҳикоя ё худ таърихчаи ин чи гуна аст?

– Дар ҳақиқат, фаъолияти гуруҳи хурди мо хеле овозадор шуда буд. Дар оғоз ман барномаҳои консертии театрро барандагӣ мекардам ва фурсат, ки даст дод, як-ду монолог ва чанд миниатюраи ҳаҷвӣ рӯи саҳна гузоштам. Чун ин аз ҷониби тамошобин хуб қабул гардид, Ортиқ Қодиров ва Сайидмурод Мардоновро ҷалб кардам. Аз намоиш то намоиш мо машғули ҷустуҷӯву коркарди саҳнаҳои нав будем. Дигар бар души мо масъулияти иловагӣ зам шуда буд. Мо мардумро одат кунонида будем ва дигар консертҳои театр беминиатюраҳои мо намегузашт. Дар ҳар консерт 2-3 монолог ва 5-6 саҳнаи хурди мазҳакавӣ, ки зермаънои тарбиявӣ-ахлоқӣ дошт, манзури бинандагон мегардонидем. Кори мо он гуна шуд, ки худ аз худ минитеатр эътироф гаштем.

Билохира, фаъолияти гуруҳ васеътар шуд ва берун аз театр ба шаҳру ноҳияҳо мо – панҷ нафар – камина, Сайидмурод Мардонов, Ортиқ Қодир, ронанда ва радист – ба сафари хидматӣ баромада, дар як рӯз дар ду ноҳия намоиш нишон медодему плани якмоҳаи театрро дар 7-10 рӯз анҷом дода бармегаштем.

Ин амалкарди моро роҳбарияти театр хеле хуш пазируфт, аммо… буданд нафароне, ки дигар моро чашми дидан надоштанд.

Акс аз Меҳрофарин Наҷибӣ

Ҷилои “Оина”

Устод, чаро “Оина”? Дар зермафҳуми он чиро ниҳон мебинед?

– Ба он хотир “Оина”, ки чанд маъниро ин вожа ниҳон доштааст:

– аввалан, оина асли театр аст – театр ҳамон чиро нишон медиҳад, ки мебинад, мисли оина;

– баъдан, оина покист, покизагист, шаффофист ва инро аз фарди рӯ ба рӯяш талаб мекунад;

– саввум, оина дар равшанӣ ва зери нурҳои офтоб хосияти ҷилодиҳӣ пайдо мекунад, ки агар ба чашм бирасад, ҳар хобмондаро бедор мекунаду ҳар зӯреро беҷо месозад ва беихтиёр даст ҷонибаш мебардорад;

– ва бидуни оина инсон худро ороста карда наметавонад, бидуни театр ҷомеа пероста намегардад;

Оғози фаъолиятро дар ёд доред?

– Бале, 8-уми июни соли 1990 маросими оғози расмии фаъолияти Театри намунавии миниатюраи “Оина” дар майдони бузурги Фархор ба таври бошукӯҳ баргузор гардид. Мо бо омодагии хеле хуб ва намоишҳои комилан ҷадид ҳамоишро баргузор кардем. Овозаи чорабинӣ то ба Душанбе расид ва шаҳрдорӣ бо сарварии марди накӯном, ки аз ӯ банда хеле мамнуну сипосгузорам – Мақсуд Икромов аз натиҷа хушнудӣ карда, моро ҳам шод намуданд: – ҷое барои театр замин интихоб кунед, мо онро ҷудо карда, ба ихтиёратон месупорем.

Фаъолияти мо ба зудӣ равнақ ёфт ва дар тамоми шаҳру навоҳиву кӯҳистонҳо театр сафари ҳунарӣ анҷом дод. Ёд дорам, ҳангоме мо дар Панҷакент будем, мардуми ҳамсоякишвари ӯзбек ҳам моро бо самимияти хоса даъват карданд ва дар Самарқанду чанд ноҳияи атрофи он ҳунарнамоӣ низ доштем.

Акс аз бойгонӣ

Сабаби рафтани Шумо аз театр дар чӣ буд?

– Ман танҳо аз сарварии театр даст кашидаву истеъфо додам, аммо аз ҳамаи корҳои бачаҳо огаҳам ва мо аз ҳам ҷудо нашудаем.

Таҷдиди андеша

Бар вазъи имрӯзи театри тоҷик чӣ андеша доред?

– Медонед, мардум барои чӣ ба театр мераванд?

Барои тамошои намоишнома ва гирифтани пандеву дарсе аз он.

– Не, асосан барои дидани ҳунарпеша мардум ба театр мераванд. Мераванд то бубинанд, ки ҳунарманд чӣ гуна нақшро бозӣ мекунад, чӣ “девонагӣ”-е ба рӯи саҳна меорад. Имрӯз бошад, театри тоҷик кам ҳунарманде дорад, ки дар ҷомеа эътироф гашта бошад. Ҳастанд нафароне, ки нақшро хуб бозӣ мекунанд, аммо нақши қолабӣ дар ҷомеа дигар пазироӣ надорад, дар хотираҳо ҳаккокӣ намегардад. Нақшро бояд ҳунарманд зинда кунад, ҷон бахшад.

Имрӯз бинои Театри миллӣ қомат меафрозад ва дар назар аст, ки театрҳои пойтахтро дар ин ҷо ҷамъ меоваранд. Аз ташкил ва фаъолияти минбаъда мекардаи он чӣ умед доред ва оё он метавонад фазои театриро дар кишвар дигар созад?

– Бидонед, ки ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва аз дигаршавии вазъ умеде намемонад.

Устод, пас намеандешед, ки театри тоҷик имрӯз ба як таҳаввулот ва навгӯии ҷиддӣ ниёз пайдо кардааст?

– Ҳамаи гап дар сари ана ҳамин аст. Ҳар давра бояд маҳсули эҷодӣ худро дошта бошад ва кам тақлид бар гузашта бикунад, ки дилгир мешавад. Мебояд театри тоҷик театри асри XXI-ро созмон диҳад.

Акс аз бойгонӣ

Устод, Шумо поягузори ҳаҷви тоҷик ҳастед. Ҳаҷв чӣ таъриф дорад?

– Воқеаеи аҷибу ғариберо аз зиндагӣ гирифта, адабӣ намудаву дар чаҳорчӯбаи саҳна ворид сохта, бидуни таҳқиру тавҳин ба бинанда нишон додан, ин ҳаҷв аст.

Гузаштани Шумо ба ҳаҷв чӣ гуна буд: аз хурдсолӣ ин гуна будед ва ё минбаъд ин ҷодаро паймудед?

– Дар хурдсолӣ каму беш шӯхӣ мекардам, аммо дар асл ин маҳорати ман дар саҳнаи театр ифшо гардид ва баъдан онро бо қонуну қоидаҳои ҳаҷв такмил додам. Устоди ман дар соҳаи ҳаҷв Аркадий Рай ҳисоб меёбад, ки маҳз аз китобҳои ӯ ба саволи “ҳаҷв чист?” посух дарёфтам.

Нахустсаҳнаи ҳаҷвиятон дар хотир монда?

– Бале, “Дар меҳмонии Сайрам-хола” буд.

Дар байни намоишҳои Шумо баъзе саҳнаҳои аҷибе ҳаст, ба мисли “Молокосос”. Дар пайи инҳо мушкилӣ ва хилофи назар эҷод намешуд?

– Буд, – механдад ӯ, – онро дар телевизион сабт намуда будем ва ҳатто баъди аввалин намоиш дар телевизион нисфи коргаронро аз кор ронданд.

Таҳдидҳо буданд?

– Бале, аз ҷониби муллоҳо дар зери интиқоди шадид гирифтор шуда будам. Аммо дар ёд дорам, вақте дар Файзобод дар як сафари ҳунарӣ қарор доштем, Домулло Калонзода баъди намоиш наздам омаданд. Аз дилам гузашт, ки оиди “Молокосос” чизе мегӯянд. Омаданду аҳволпурсии гарм карданд ва ман бо табассум пешопеш пурсидам, ки “Бобои домулло, саҳнаи “Молокосос”-ро қабул кардед?”. Чеҳраашонро каме ҷиддӣ карданду гуфтанд:

– Кори Шумо дуруст ва мавриди қабули ман буд. Шумо он ҷо муллоро аз оятфурӯш ҷудо кунонидед ва ҳамонҳоеро ба танз кашидед, ки аз кӯчаи дину диёнат нагузашта буданд.

Имрӯз ҳаҷву танз дар кишвар дар кадом поя аст?

– Ҳаҷви тоҷик имрӯз кӯҳна аст. Дигаргуниро мехоҳад. Ҳаҷв чизи шахшуда нест, бар сари он бояд ҳамеша кор кард, такмил дод, дигаргун сохт, то мардум қабул кунанд. Аммо дар ҳаҷви мо то ҳол навоварие дида намешавад.

Беҳтарин ҳаҷвнигори имрӯз?

– Беҳтарин эҷодкор ҳамонест, ки талаботи ҷомеаро дарк мекунад. Беҳтарин ҳаҷвнигор ҳам дар ҳамин радиф аст.

Имсол 80-солагии умр ва 60-солагии фаъолияти эҷодиатон аст: аз рӯзгор ва кори эҷодии худ розӣ ҳастед?

– Агар гӯям, ки қисман розияму қисман на, чӣ хел мешавад? Ман умри нек ва фоъолияти эҷодии хуб доштам, аммо на он ҳамаи зарфиятҳое, ки доштам, бароварда тавонистам. Мехостам бисёр корҳои дигар кунам, ки имконият даст надод.

Фикр мекунед, чанд фисади истеъдодатонро истифода кардед?

– Ҳудуди 40-50 фоизашро.

Мегӯянд: «Марги ҳунарманд замоне фаро мерасад, ки ҳунараш бимирад». Ҳунарро чӣ зинда медорад?

– Ҳунарро касбияти волои ҳунарманд.

Агар рӯзе худро аз ҳунар дур бинед, чӣ ҳоле дошта метавонед?

– Он рӯз мемирам.

Анҷоми анҷомҳо

Бо Убайдулло Раҷабов дар пешгоҳи Шарқи Озод хайрухуш мекунам. Ӯ ба дохил медарояд. Ба соат менигарам: панҷи бегоҳ. Нафаси амиқе мекашуму сар медиҳам. Раъду барқ беш мезанад. Ва чакраҳои борони найсон рӯи себаргаҳои наврӯидаро мешӯяд. Борон меборад.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Skip to toolbar