“Уқоби тоҷик” – Нурулло Алиев чӣ гуна ба UFC роҳ ёфт ва ғалаба кард

Нурулло Алиеви 23-сола 9 набардро бебохт анҷом додааст.


Ғалабаи размикори тоҷик дар UFC

Нурулло Алиев

Нурулло Алиев аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар ташкилоти бонуфузи UFC баромад мекунад. Нахустин рақобаташро дар ин ташкилот бо ғалаба анҷом дод. Нуруллоро ҳаводорони варзиши муҳорибаҳои омехта бо лақаби “Уқоби тоҷик” мешиносанд.

Муаллифи Your.tj, Фаридун Сафарзода бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёт ва муваффақиятҳои ин варзишгар нақл кард.

“Аз волидон пинҳонӣ ба тамрин мекардам”…

Нурулло Алиев зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳоло 23 сол дорад. Дар хурдсолӣ ба варзиш он қадар завқ надошт. Вале кӯдаки шӯх буд ва ҳамеша аз пайи ягон саргузаште мегашт. Рафтори ӯ аҳли оиларо ба ҳайрат меовард.

Гоҳе барои тамошои тамрини бародаронаш ба толор мерафт. Бародари калонии Нурулло – Алишер аз гӯштини тарзи озод тамрин мекард.

“Маҳз бародарам дар дилам меҳри варзишро бедор кард. Пинҳонӣ аз волидон дар синни 12 солагӣ ба толор барои тамошои тамринҳо ӯ мерафтам. Он ҷо Абдурозиқ Олимов мураббӣ буд. Падарам аз тамринҳои бародарам замоне огоҳ шуд, ки дар як гузориши телевизионӣ муваффақияти ӯро дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ намоиш доданд.

Баъди ин машғулиятҳои акаамро манъ кард. Ман бошам, пинҳонӣ бо баҳонаи дарсҳои иловагӣ аз намуди гӯшитини тарзи озод ба тамринҳо шуруъ кардам. Орзу доштам, ки ба ташкилоти бонуфузи UFC роҳ ёбам”- ба хотир оварда, гуфт Нурулло.

Нишони тиллои ғайриинтизори Нурулло

Боре Нурулло барои дастгирии як дӯсташ дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба панкратион омад. Барои иштирок зери вазни 77 кило як нафар намерасид. Алиев, ки дар толор ба сифати тамошобин менишаст, барои иштирок кардан ба мусобиқа таклиф шуд. Ҳамин тавр, Нурулло бо мағлуб кардани 2 нафар соҳиби нишони тилло аз риштаи панкратион гардид.

“Тамринҳоям аз гӯштин дар ҷараёни рақобат ба ман кӯмак кард ва соҳиби имтиёзҳои бештар гардида, ғолиб шудам.”-мегӯяд, Нурулло.

Роҳ ба мусобиқаҳои Осиё

Раиси Федератсияи панкратиони Тоҷикистон Восеъ Юсупов, ки худ варзишгари касбӣ ҳам буд, тавонмандии ин ҷавонро ба назар гирифта, пас аз ғолибият ӯро барои иштирок ба чемпионати Осиё даъват мекунад. Нурулло ҳам пас аз якуним моҳи тамринҳо дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дод.

“Восеъ Юсуповро мураббии аввалини худ медонам. Пас аз ғолибияти ғайриинтизор маро таклиф кард, ки аз ҳамин намуди варзиш дар чемпионати Осиё ширкат варзам. Аз ҳамон вақт шавқи варзиш дар дилам бештар аланга зад. Волидонам ҳам кӯшишҳои маро дида, дигар монеи тамринҳоям нашуданд”,- бо эҳсос нақл кард қаҳрамони мо.

Баъдан Нурулло аз намуди панкратион дар шаҳри Сочии Русия тавонист, ки қаҳрамони ҷаҳон шавад. Ӯ борҳо соҳиби нишонҳои фахрии чемпионати Осиё аз ин намуди варзиш гардидааст.

Нурулло ҳангоми рақобат

4 маротиба тамрин дар як рӯз

Қаҳрамони мо барои орзуи деринааш – роҳ ёфтан ба UFC бештар тамрин мекунад. Дар як рӯз се ё чор маротиба Нурулло ба машқу тамрин андармон мешавад.  Да ин баробар ӯ дар Амрико, Доғистон, Русия ва Тоҷикистон тамринҳояшро мавсим ба мавсим идома медиҳад.

“Ба реҷа ва рӯйхати ғизо аҳамияти ҷиддӣ медиҳам. Дар як рӯз то чор маротиба, гоҳ аз мураббӣ пинҳонӣ ҳам машқ мекунам”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.

Монандии Нурулло бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Нуруллоро бисёриҳо ба размикори муваффақи доғистонӣ дар вазни сабук – Ҳабиб Нурмуҳаммадов монанд мекунанд. Ҳатто инро Президенти UFC ҳам ба Нурулло гуфта буд.

“Маро ба Ҳабиб монанд мекунанд. Инро ҳатто падари Ҳабиб ҳам гуфта буд, ки наврасиҳои ман ба фарзанди ӯ хеле монанд аст. Бале, Ҳабиб варзишгари муваффақу машҳур дар ин ришта аст. Аммо ҷаҳониён бояд маро бо исми Нурулло шиносанд. Бо номи кишварам Тоҷикистон шиносанд”- гуфт Нурулло.

Нурулло Алиев ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Масири пуршебу фарози Нурулло ба сӯи UFC

Пас аз иштирок дар чандин мусобиқаҳо, ба хусус мусобиқаи Gorilla Fighting Championship ва Battle on Volga Нурулло дар 9 рақобат танҳо ғалаба кард.

“Пас аз ғалабаҳои пайиҳам бовариям ба худам бештар шуд. Дилам гувоҳӣ медод, ки то расидан ба орзуи бузургам танҳо чанд қадами дигар боқӣ мондааст.”- ба ёд овард Нурулло.

Вохӯрӣ бо Президенти UFC дар Амрико

Пас аз музаффарият дар мусобиқаи Battle on Volga Нурулло бо даъвати менеҷераш ба Амрико рафт. Аммо дар Амрико менеҷер ӯро фиреб кард.

“Ман бо даъвати менеҷерам ба Амрико виза гирифтам. Ҳамааш аз рӯи нақша буд, вале вақте ба Амрико рафтем, пас аз 2 ё 3 рӯз дигар менеҷерамро пайдо накардам. Ӯ дигар ба зангҳоям ҷавоб надод. Хеле рӯҳафтода ва ноумед шудам. Намедонистам, ки ба танҳоӣ дар он ҷо чӣ кор мекунам”,- гуфт Нурулло.

Вале бо гузашти чанд муддат дар Амрико ӯ менеҷери нав пайдо мекунад. Вай аз кишвари Бразилия буда, 22 соли охир дар Лас – Вегас зиндагӣ ва фаъолият кардааст.

“Пас аз муддати кӯтоҳ менеҷери нав пайдо кардам. Ӯ толори калони варзишӣ аз намуди ҷиу-ҷитсу дошт. Ҳамин тавр, мо ба Лас-Вегас парвоз кардем ва бо менеҷер аз наздик ошно шудем”,– афзуд Нурулло.

Нурулло бо президенти UFC Дана Уайт дар Амрико

Менеҷери нави Нурулло бо президенти ташкилоти UFC Дана Уайт аз наздик ошно буд. Пас аз чанд рӯз Нурулло бо менеҷераш ба мусобиқае, ки дар Лас-Вегас ҷараён дошт, рафт. Онҳо он ҷо бо Дана Уайт вохӯрданд.

“Бо ӯ вохӯрдан орзуи ҳар як варзишгар аст. Менеҷер маро бо президент шинос кард. Бо Дана Уайт ҳамсуҳбат шудам. Ба ин суҳбат пешакӣ каме омодагӣ дида будам.

Худ ва кишварамро ба ӯ муаррифӣ намуда, гуфтам, ки “ният дорам то ду соли оянда қаҳрамони UFC шавам ва мехоҳам бо шумо аз ҳозир қарордод ба тасвиб расонем”. Дана Уайт ҳамон замон гуфт, ки “ту ба Ҳабиб хело манандӣ, гапҳоят ба ман маъқул, биё ба ҳуҷраи кориям меравем” ”- бо эҳсоси хушҳолӣ ба ёд овард Нурулло.

Як қадами дигар то расидан ба орзуҳои кӯдакӣ

Ин вохӯрӣ ва суҳбат ба Нурулло ҷуръат ва боварии бештар мебахшад. Дана Уайт ба ӯ пешниҳод кард, ки як рақобататро тамошо мекунам ва дар сурати ғалаба роҳи ту ба сӯи UFC боз мешавад.

Нурулло моҳи сентябр барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC бо варзишгари амрикоӣ Ҷош Уики сабқат мекунад. Омодагии ҷиддии ӯ имкон дод, ки дар раунди аввал зафар ёбад ва бо UFC қарордод ба тасвиб расонад.

Ҳамин тавр, Нурулло аввалин варзишгари тоҷик маҳсуб мешавад, ки дар UFC баромад мекунад. Ҳарчад аз ин пештар Нурулло бо ташкилоти Дана Уайт – «Dana White Contender Series» шартнома ба имзо расонида буд, ҳоло маҳораташро дар UFC намоиш медиҳад.

“Рақобат бо Уики амрикоӣ барои ман мушкил гузашт. Чунки дар раванди сабқат ӯ ангушташро ба чашмам зад ва ман қариб, ки ӯро намедидам. Чанд дақиқа табиб ҳам рақобатро боздошт ва ба гуфт, ки 5 дақиқа вақт дорам то рақобатро идома диҳам, агар не мағлуб мешавам. Аммо ман ҳама чиз хуб аст гуфта, бо як чашми баста тавонистам, ки музаффарият ба даст биёрам”,-мегӯяд Нурулло.

Аввалин рақобат дар UFC

26 феврали соли 2023 дар таърихи ҳунарҳои размӣ (ММА)-и Тоҷикистон рӯйдоди муҳим сурат гирифт. Нурулло Алиев дар ташкилоти асосии размгарони дунё – UFC ба рақобат мепардозад. Дар таърихи тақрибан сисолаи UFC Нурулло аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин ташкилот гардид.

Рақиби “Уқоби тоҷик” размикори пурқуввати бразилӣ Рафаэл Алвес буд. Нурулло Алиев ва Рафаэл Алвес қарордоди ҳамкорӣ бо UFC-ро пас аз иштирок дар лоиҳаи “Dana White`s Contender Series” ба даст оварданд. Варзишгари тоҷик моҳи сентябри соли 2022 дар кӯшиши аввал барои роҳёбӣ ба ин ташкилот дар рақобати интихобӣ набарди худро бо ғалаба ҷамъбаст кард.

Ғалабаи Нурулло Алиев

Нурулло соли 2018 нахустин набарди худро дар ҳунарҳои размӣ (ММА) барпо кард. Ба ӯ ҳамагӣ 4,5 сол ва 7 набард кифоя буд, то қарордод бо UFC-ро ба даст орад. Рафаэл Алвес бошад, 13 сол заҳмат кашид ва 26 набард гузаронд то ба UFC барояд. Соли 2020 Рафаэл дар набарди ҳалкунанда барои роҳёбӣ ба UFC дар раунди дуюм ҳарифи худро “буғӣ” кард.

Ҳамин тавр, Нурулло Алиев шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиягиро шикаст дод. Баъди бозӣ ӯ гуфт, ин пирӯзии худро ба модараш, ки чанд рӯз пеш зодрӯз дошт ва барои ӯ хеле нигарон буд, мебахшад.

Ҳадаф – муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст

Нурулло Алиев, ки ҳоло танҳо 23 сол дорад, дар 9 набард 9 ғалаба кардааст. “Уқоби тоҷик” аллакай ба саҳифаҳои таърихи UFC ҳамчун нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ташкилоти бонуфузи размӣ дохил шудааст. Ӯ мегӯяд ҳама талошу кӯшишҳояш баҳри муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст.

Пас аз бомуваффақият сипарӣ кардани рақобат дар марҳилаи интихобӣ ӯ эълон кард, ки тайёр аст баъд аз як ҳафта набарди аввалини худро дар UFC гузаронад. Ташкилкунандагон ишора карданд, ки ҳоло саросема нестанд. Инак, бо гузашти 6 моҳ Нурулло нахустин набарди худро доир кард ва ғалаба ба даст овард. Ӯ ҳадаф дорад, ки танҳо баҳри пирӯзӣ ба майдон барояд ва мухлисонро ноумед накунад.

Дивизиони сабук, ки дар он Нурулло баромад мекунад, яке аз дивизионҳои аз ҳама рақобатпазир буда, дар он размикорони машҳур аз қабили Ислом Махачев, Чарлз Оливейра, Ҷастин Гейҷӣ ва Дастин Порйе баромад мекунанд. Услуби размии Алиев ҳунарнамоии варзишгари машҳури ин ришта Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба хотир меорад. Нурулло имкон ва абзорҳои заруриреро дорад, ки дастовардҳои размикори доғистониро такрор кунад.

Фаридун Сафарзода