fbpx

“Уқёнуси ором” дар Тоҷикистон. Чӣ гуна як мард кадуи 50 кг парвариш кард?

Мирпочо ҳамчунин ба кишти помидору бодиринг ва гулпарварӣ машғул аст...


-1
-1 points
Мирпочо Ҳомидов ва кадуи 50 кг

Мирпочо Ҳомидови 72 сола беш аз 20 сол мешавад, ки ба кадупарварӣ машғул аст. Ӯ имсол навъи  кадуи “Уқёнуси ором” – ро кишт кардааст, ки яке аз ҳосили он беш аз 50 кг вазн дорад. 

Қаҳрамони мо сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.  Масоҳати ҳавлии вай 6 садяк буда, аз ин ҳисоб 2 садяк замин барои киштукор ҷудо шудааст. Мавсуф дар ҳар мавсими деҳқонӣ аз соати 4 – и субҳ мехазад ва дар ду гармхонае, ки каду, помидору бодирнг ва гул парвариш мекунад, то соатҳои 9 -10   машғули кор мешавад.

Муаллифи Your.tj  бо Мирпочо Ҳомидови 72 – сола оид ба махсусияти кадупарварӣ ва дар майдони наздиҳавлигӣ дуруст ба роҳ мондани кори деҳқонӣ суҳбат кард.

Чӣ хел усто деҳқон шуд?

Қаҳрамони мо баъди чандин соли корӣ дар устохонаи таъмири телевизорҳо боз нозукиҳои боғбонию деҳқониро низ ёд гирифт. Хосатан, вақте дар  беморхонаи “Нур” – и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон ҳамчун боғбон шуда кор мекунад, зироткорию боғбонӣ шуғли дӯстдоштааш мешавад.

Қаҳрамони мо соли 1966 мактаби № 12 – уми деҳаи Рӯмонро хатм карда, дар устохонаи “Телеателье» – и шаҳри Хуҷанд  шогирд шуда ба кор даромадааст. Вақте кори таъмири телевизору радиоро  ёд гирифт, ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Хизмати ҳарбиро ду сол дар Украина гузаштааст.

“Дар он ҷо низ устои истгоҳи телефону радио шуда кор кардам. Баъди адои хизмат боз ба Корхонаи таъмири телевизорҳо ба кор даромадам. То пошӯрии давлати Шӯравӣ дар ин ҷо кор кардам. Пасон ба Русия ва Ӯзбекистон рафта, дар сохтмон устогӣ кардам. Ҳамин тариқ,  дар қисми оташнишонии Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд низ чанд сол кор кардам. Шукрона, ки имрӯз нафақахӯр ҳастам. Дар иҳотаи  5 фарзанд ва 17 набера чӣ гуна гузаштани вақтро нафаҳмида мемонам”, – бо хушнудӣ мегӯяд, Мирпочо Ҳомидов.

Оғози кадупарварӣ

Мирпочо Ҳомидов соли 2000 – ум парвариши навъҳои кадуро оғоз кардааст. Замоне, ки ӯ ба синни нафақа расид, вақти худро пурра  ба  кадупарварӣ бахшид. Вай  ҳар сол дар намоишҳои “Сайри харбузаю каду” иштирок карда, соҳиби мукофотпулӣ ва  мавриди таваҷҷӯҳи ом мешавад.

Дар аввал Мирпочо ба парвариши навъҳои таҳҷоии каду ба монанди “Саллакаду”, ”Ошкаду”, “Паловкаду” ва ғайра машғул буд. Чандсол пеш ба парвариши навъи кадуи “Титан” оғоз кард, ки ин навъи каду то 25 – 30 кг вазн  мегирифт. Кадуи “Титан” – ро чанд сол пайиҳам ба намоишгоҳҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ бурдаст.

“Имсол хостам, ки  кишти  навъи дигари кадуро таҷриба намоям.   Ҳамсояам аз Литва тухми навъи кадуии “Уқёнуси ором” – ро овард, ки он вақт моҳи июл буд. Ҳамон замон  4 дона тухмии кадуро кишт кардам, палак сабз шуд, аммо гул нокарда пажмурда шуд”, –  таассуфомез мегӯяд, кадупарвар.

Техникаи парвариши каду

Мирпочо Ҳомидов аз пажмурда шудани кадуи “Уқёнуси ором”  дилмонда нашуда, моҳи феврал боз тухмии ин навъи кадуро корид.  Алҳол, калонтарин каду беш аз 50 кг вазн дорад. Дар болои  гармхонаи  Мирпочо – бобо бодирингҳои маҳаллии гибридшуда ба ҳосил  даромадааст. Палакҳои сабзи бодиринг палаки кадуро  ба қадре аз гармӣ эмин медоштааст.

Ба нақли Мирпочо, навъи кадуи “Уқёнуси Ором” бояд то 150-300 кг вазн гирад, ваде он ба боду ҳавои мро муврфиқ наомад ва аз сабаби гармии ҳаво пусташ шах шудааст.

“Аслан, ман кадуро бо  чунин тарз нигоҳубин  мекунам. Тухми кадуи “Уқёнуси ором” – ро 10 – уми  феврал  дар стакончаҳои полиэтиленӣ коштам. Вақте каду неш зада баромад, онро дар гармхона кӯчат кардам. Палаки каду сабзтар шуда,  авҷ кард, болопӯши гармхонаро гирифтам. Дар 4 -5 рӯз як бор  об мондам. Ҷӯяки он доим   нам истод.  Фақат поруи маҳаллӣ  додам.  Пеш аз кӯчат кардан  ҳам  заминро бо пору коркард намудам. То ҳозир ба палакаи каду    шарбати пору (шарбат дар натиҷаи ҳал шудани пору дар об ҳосил мешавад) низ медиҳам”, – мефаҳмонад, кадупарвар.

Як палаки кадуи Мирпочо – бобо  5-6 то каду баст. Барои калон шудан дар як палак 1-2 то  кадуро монду бас.  Ҳозир 4 адад каду инкишоф ёфта истодааст.

“Ман кадуҳоямро  бардошта наметавонам. Онҳо ҳам мисли инсон зиндаанд. Пажмурда нашавад, гуфта  аз чӯб такякгоҳ сохтам. Кадуро ҳаво хунук нашуда меканам. Онро  имсол низ  ба “Сайри харбузаю каду” мебарорам. Имсол дар парвариши кадуи “Уқёнуси ором” таҷриба ҳосил кардам. Ният дорам, ки имсол низ аз тухмии ин кадуҳо тухмии нав гираму боз бикорам. Соли дигар ҳосили каду калонтар мешудагист”, – тахмин мекунад, Мирпочо – бобо.

Чанд қоидаи ҳатмӣ барои кадупарварӣ

Кадупарвари номӣ қоидаҳои зеринро барои кадупарварон ҳатмӣ медонад, аз ҷумла:

 – Каду калон шавад, таги палакро зер набояд кард, чунки  решаи он дар  рӯйи замин аст.

– Дар вақти пошидани тухмии каду хоки заминро бо  15-20 кг пору  омехта кардан даркор.

– Вақте палак  каду мебандад,  поруи маҳаллиро дар об ҳал карда, ҳар бор ҳамчун ғизо  диҳанд хуб аст.

Кишти  такрории помидору бодиринг

Мирпочо – бобо дар гармхонаи худ ба ғайри каду боз дар як мавсим ду бор помидору бодиринг кишт мекунад. Вай чанде пеш бо як ҳамсоя баҳс кард, ки як помидори гармхонааш 1 кг вазн дорад. Ҳамсоя  шарт гузоштааст, ки агар помидор 1 кг вазн дошта бошад, оши як ба як қарздор мешавад.  Аз гармхона 1 помидор канда, дар тарозу мегузоранд ва мебинанд, ки 1 кг 200 грамм вазн дорад. Ҳамсоя аз аз бой додани шарт дар тааҷҷуб мемонад.

“Дар майдон 4 намуди помидор дорам. Ҳозир  помидорҳои “черри” – и сурху зард, “ракета” ва ду навъи таҳҷоӣ ҳосил андохтааст. Бодиринги гибридшударо,ки тухми калон-калон дорад, дубора кишт кардам. Ҳосили онро ҳар рӯз истифода мебарем. Палак ва баргҳои бодирниг,  ки ба оҳанҳои  гармхона печида баромадааст,  даруни гармхонаро салқинтар нигоҳ медорад”, – мегӯяд кадупарвар.

Дар оилаи Мирпочо-бобо зиёда 20 нафар зиндагӣ мекунанд. Ӯ барои пеши роҳи хароҷоти калонро гирифтан ба кишти помидору бодиринг ва кабудию қаламфур оғоз кард. Ба ӯ дар обмониву каланд кардани кишт набераву фарзандонаш мадад мекунанд.

Гулпарварӣ

Мирпочо – бобо гулпарвари хуб ҳам аст. Дар қисми ҷанубии ҳавлии ӯ боз як гармхонаи хурдтаре ҷой дорад, ки даруни он  гулҳои  зебое сабз шудаанд. Вай каме ғамгин аст, чун имсол аз гармии зиёд гулҳо  пажмурда шуд.

“Тухми гулҳои георгина, астра ва чанд навъ гули сӯзанбаргро писарам аз Аврупо оварда буд. Имсол  аз байни 5 хел гул фақат гули астраи сурх ба ҳавои мо мутобиқ баромаду халос. Дигар гулҳоям зард шуданд. Даромади асосии ман аз фурӯши гулҳо буд. Хайр, имсол гулҳо шукуфон мешудагист”, – умед дорад, Мирпочо- бобо.

Файзуллохон Обидов  


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend