Моҳи майи соли ҷорӣ бар асари омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хонаҳои истиқоматии сокинон валангор гардид. Дар баробари вайрон шудани хонаҳои истиқоматӣ, мардум тамоми дороияшонро аз даст додаанд ва то ҳол хонаҳояшонро барқарор карда натавонистанд. Онҳо мегӯянд, ки кӯмакҳои аз тарафи ҳукумат омада барои барқарор кардани зарарҳои расида нокифоя аст.
Гузориши муфассали муаллифи Your.tj Аминҷон Раҳматзода аз кӯчаи Хати Роҳи шаҳри Кӯлоб.
Талоқ барои наҷот аз сӯйи ҳамсоягон
Анорбӣ Абдуллоева яке аз осебдидагони сел дар Кӯлоб мегӯяд, ки шавҳараш ӯро барои он ки мардони бегона аз ғарқшавӣ наҷоташ доданд, талоқ додааст. Ӯ мегӯяд, ки шасти баланди об либосҳояшро даронидааст шавҳараш туро мардони бегона луч дидан гуфта, ба беморхона дар мактубчае талоқатро додам навишта равон кардааст. Ҳоло ӯ бо ду кӯдаки хурдсол танҳову ҳайрон мондааст.
“Ман дар сел ғарқ шудам мардони ҳамсоя базӯр наҷотам доданд, либосҳоямро сел бо шасти баланд даронда буд. Чун ҳолатам вазнин буд, ба беморхона бурданд. Ҳамон ҷо аз шавҳарам мактуби талоқ расид: “Туро мардҳои бегона бе либос наҷот доданд, барои ҳамин ҷавобатро додам” навишааст шавҳарам”, – ашки чашмонашро поккунон нақл мекунад, Анорбӣ.
“80 тахтаи пӯсидагӣ кӯмак карданд”
Ҳавлии Анорбӣ Абдуллоева як тарафаш тамоман кушода аст. Маълум аст, ки як тарафи девори ҳаммом нав сохта шудааст. Дар рӯйи ҳавлӣ тахтаҳои пӯсида, шифер ва халтаҳои семент ба назар мерасад, ба ӯ кӯмак расонидаанд. Вале ӯ имконияти харидани дигар масолеҳи сохтмониро надорад.
“Акнун ман бо ду фарзандам дар нимароҳ мондам, аз хонаву дар нишоне нест. Кӯмакҳое, ки барои барқарор кардани манзил ба мо расид тамоман каманд, 60 қопча семент, 111 шифер, 25 тахтаи нав ва 80 тахтаи пӯсидагӣ кӯмак карданд. Аммо ман бо кадом пул маҳсулоти дигар мехараму барои фарзандонам сарпаноҳ созам? Сел на танҳо хонаам, балки зиндагиамро низ вайрон кард”, – мегӯяд, Анорбӣ.
Ба ғайр аз 5 халта семент дигар чизе надоданд
Манзили Ҳололбӣ Сафарова сокини дигари ҳамин кӯча, низ зарари ҷиддӣ дидааст, вале ба ғайр аз 5 халта сементу маҳсулоти хӯрокворӣ дигар чизе ба ӯ кӯмак накардаанд.
“Хонаи ман аз хонаи ҳамсояҳо дида зиёдтар осеб дид, чунки сел аз қисмати болоии ҳавлии ман оғоз шуд. Лекин ман танҳо 5 қопча семент ва маводи хӯрокае, ки ба ҳама доданд, кӯмак гирифтаам. Сабабшро намедонам, ки чаро ба ман танҳо 5 қопча семент доданду дигар чизе не”, – бо гиря нақл кард Ҳилолбӣ Сафарова .
Ҳилолбӣ Сафарова умедвор аст, ки додаш ба гӯши касе мерасаду дар таъмиру барқароркунии хонааш кӯмакаш мекунанд.
“Моро сармо мезанад…”
Холаи Бибиносо як тарафи ҳавлияшро чодар кашида, девор сохтааст. Дарвоза бошад дар як тарафи ҳавлӣ каҷу пур аз лой мехобид. Ӯро вақти аз хонаи ҳамсоя оташдонро оварданаш вохӯрдем. Маълум шуд, ки плитаву балонҳои газиашонро низ сел бурдааст ва ӯ бо ҳамсояааш бо навбат дар як оташдон хӯрок мепазанд.
Ду хона ва як долони ин хонаводаро об тамоман шуста бурдааст. Мо дидем, ки дар ин ҳавлӣ таъмир рафта истода буд. Ба Валиева Бибинисо 2 куб чӯб, 3 тонна семент ва 111 дона шифер кӯмак карданд.
“Умедворам, ки боз ба ман тахта, хишт ва ҳар чизе, ки барои таъмир лозим аст, кӯмак кунанд, то ки хонаамро созам. Аз набудани шароит қарз гирфта писарамро ба муҳоҷират равон кардам. То ӯ дар он ҷо ҷойи кор меёбаду қарзҳоро пас мегардонад, ки зимистон мешавад. То зимистон хонаҳоро барқарор кардан лозим аст, набошад моро сармо мезанад”, – бо андӯҳ мегӯяд холаи Бибинисо.
“Ба ман 20 халта семент кам доданд”
Дар ҳавлиҳои сокинон сангу шағал шиферҳои шикаставу тахтаҳои бомҳо дар ҳар ҷо парешон буданд. То ҳол беъзе хонаҳо мисли рӯзи сел омада мебошанд. Чӣ хеле, ки сел деворҳои хонаи хоби бобои Ҳалимро вайрон карда буд, ҳамон хел боқӣ мондааст.
“Ҳар рӯз бо ароба хокҳои хонаро ба берун мебарорам. Сум қарз карда сементблок харидам, чунки ҳамсоя ҳар рӯз ҷанг мекунад, ки деворатонро махкам кунед. Ман бо 280 сомон пулӣ нафақаам аз куҷо хонаамро таъмир мекунам”, – мегӯяд, бобои Ҳалим.
Ба ӯ низ 40 қопча семент, 111 дона шифер ва тахта кӯмак карданд. Бобои Ҳалим мегӯяд, ки ба вай 20 халта семент кам додаанд.
“Бо чашмони худам дидам, ки дар паҳлӯи номи ман 60 қопча семент навишта шуда буд, аммо ба ман 40 халта доданд”.
Шикоятҳои бе натиҷа
Аз сокинони кӯчаи Хати роҳ фаҳмидем, ки танҳо ба як оилаи ин кӯча калиди хона тӯфҳа карданду халос, ки Your.tj баъд аз сел омадан дар бораи оилаи холаи Манзармо як гузориши видеоӣ карда буд. Мо боз ба хонаи холаи Манзармо рафтем.
Хонае, ки барои ӯ сохтанд аз 5 ҳуҷра ва ҳаммом иборат аст. Аммо ин зан аз он шикоят дорад, ки ба ӯ на қолин доданду на курпача.
“Ман дар рӯйи замин хоб кунам, касали қанд дорам ин зинапояҳоро оҳан накарданд, фаромада наметавонам ва обравҳои бомро ҳам дуруст накрданд, ки дӯ рӯз пас боронгариҳо сар мешавад. Ҳамаи ремонти кардаашонро шуста мебарад”, – гуфт Манзармо.
Дар ҳавлии ин зан як палатка ҳам дида мешуд, ки пеш аз таъмири хонаи навашон дар ҳамин палатка зиндагӣ мекарданд. Дар ин ҳавлӣ як бино дар ҳоли таъмир буд, ба саволи мо холаи Манзармо чунин посух дод: “Дар ин ҷо писари хурдиям барои худ хона сохта истодааст. Аз сабаби надоштани маблағ хиштпораҳоро аз ҳар куҷо ҷамъ карда девор мекунад”.
Сокинони ин маҳалла, умедворанд, ки ба онҳо боз кӯмак мекунанду хонаҳояшонро таъмир мекунанд. Чандин маротиба шикоят ва дархост ҳам карданд, аммо бе натиҷа.
Хисороти сел
Дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр қубурҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар диданд.
Инчунин, дар хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр ҳазорҳо сар чорво талаф ёфта, қариб 136 гектар майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта, ғалладона, сабзавот ва картошка хароб гардид. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 46 миллион сомониро ташкил дод.