fbpx

Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводид (виза) ҷорӣ кард. Шарҳ медиҳем, ки аз 20 апрел барои тоҷикистониён чӣ тағйир хоҳад ёфт

Ҳамаи маълумот дар бораи дарёфти раводид ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 8 апрел муҳимият дорад. Ба бисёр саволҳо ҳанӯз ҷавоб нест.


0
Виза ба Туркия

Туркия низоми бидуни раводид (виза)-ро бо Тоҷикистон бекор кард. Қарори дахлдор дар рӯзномаи расмии Resmi Gazete нашр шуд.

“Қарор шуд, ки низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо шиносномаи умумии байналмилалӣ вориди Туркия мешаванд, бекор карда шавад”, – омадааст дар санад.

Фармонро президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон имзо кардааст. Сабабҳои ин тасмим мушаххас нест.

Дар санад гуфта мешавад, ки ин тадбир бар асоси қонун дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалӣ қабул шудааст.

Расонаҳо тасмими Эрдуғонро ба гумонбар шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористӣ дар Русия, ки бар асари он дастикам 144 нафар кушта шуд, рабт доданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тавр метавонанд раводиди Туркияро гиранд, барои ин кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд, барои транзит раводид лозим аст ё не ва он чӣ қадар арзиш дорад. Мо дар ин бора маълумот гирд овардем.

Низоми раводид аз кай ҷорӣ мешавад?

Виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия аз 20 апрел ҷорӣ мешавад. То 20 апрел шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид вориди Туркия шаванд, хабар дод як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Your.tj.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз 15 апрел ҳангоми банд кардан ва харидани чиптаҳо тамоми маълумотро дар бораи раводид аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ талаб кунанд.

Визаро аз куҷо гирифтан мумкин?

Дар Сафорати Туркия ва он раводиди электронӣ нахоҳад буд. Тибқи тавзеҳи сафорати Туркия дар Тоҷикистон, раводид (Visa Sticker) дар сафорати Туркия дода мешавад.

Барои мусофироне, ки тариқи транзит, бидуни берун шудан аз фурудгоҳ Туркияро убур мекунанд, раводид лозим нест.

Дар тавзеҳот ҳамчунин қайд мешавад, ки низоми раводид метавонад муваққатӣ бошад.

Нархи раводид чӣ қадар аст?

Нархи раводид барои ворид шудан ба Туркия аз 60 то 190 доллар муқаррар шудааст. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки арзиши раводиди яккаратаи Туркия 60 доллар ва раводиди бисёркарата 190 долларро ташкил медиҳад.

Онҳое, ки аллакай дар Туркия ҳастанд, бояд чӣ кор кунанд?

Ба гуфтаи сафорати Туркия, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия метавонанд то 90 рӯз бидуни маҳдудият дар он ҷо бимонанд ва ба пур кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ниёз надоранд.

Намогирифт(скриншот) аз саҳифаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар Фейсбук

Барои гирифтани раводид кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Азбаски раводид бояд аз сафорат гирифта шавад, шумо бояд аввал варақаро дар сомонаи https://www.konsolosluk.gov.tr/Visa пур кунед.

Рӯйхати зерини ҳуҷҷатҳо бояд ба варақа замима карда шаванд:

  • Сурати биометрӣ;
  • Ҳуҷҷате, ки банд кардани чиптаи ҳавопаймо (брон)-ро тасдиқ мекунад;
  • Исботи захираҳои молиявӣ дар кишвари истиқомат (ҳисобҳои бонкӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кор, нафақа ё даромади кофӣ ва доимӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақоми амволи ғайриманқул);
  • Ҳуҷҷат дар бораи ҷои истиқомат дар Туркия (банд кардани меҳмонхона, шартномаи иҷора ва ғайра);
  • Номаи даъват ё мактуби ӯҳдадорӣ аз сокини Туркия;
  • Шаҳодатномаи надоштани доғи судӣ;
  • Суғуртаи тиббӣ;

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чӣ гуфт?

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи бекор кардани низоми бидуни раводид рӯзи 6 апрел огоҳинома дарёфт кард.

Тавре Шоҳин Самадӣ, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, “Тоҷикистон дар асоси принсипи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад”.

Донишҷӯёне, ки дар Туркия таҳсил мекунанд, бояд чӣ кор кунанд?

Дар бораи ин савол то ҳол маълумоте нест. Ҳамчунин, хабар дар бораи аз 20 апрел ихроҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия бидуни раводид ҳастанд, расман тасдиқ нашудааст. Ин маълумотро расонаҳо бо истинод ба Sputnik нашр карданд.

Дар Туркия то охири ин ҳафта, 14-уми апрел рӯзҳои истироҳат эълон шудааст, аз ин рӯ гирифтани аксари маълумот имконнопазир аст.

Матлабро бо забони русӣ ин ҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend