Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0430.10.2025
Раиси КДАМ Қирғизистон Камчибек Тошиев изҳор дошт, ки эҳтимол дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии нирӯҳои марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон намонад, хабар медиҳад 24.kg.
Ин изҳорот имрӯз дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Манас баргузор шуд, садо дод.
Ба гуфтаи Тошиев, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров барои муҳайё кардани шароите талош доранд, ки шаҳрвандони ду кишвар “фақат дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд.”
Тибқи иттилои Хадамоти марзии КДАМ Қирғизистон, то санаи 25 октябри соли 2025 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон корҳои бузурги муҳандисӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 107 километр симтӯри муҳофизатӣ, сутунҳои оҳану бетонӣ ва деворҳои 3D насб гардида, зиёда аз 143 километр роҳ сохта шудааст.
Тафсилоти дигар дар бораи эҳтимоли гирифтани нерӯҳои марзбонӣ ҳанӯз ифшо нашудаанд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад