Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Толибон симои занҳоро аз кӯчаҳои Кобул пок карда истодаанд. Ба занҳои Афғонистон чӣ корҳо манъ карда шуд?
Дата публикации: 16:2116.09.2021
Садҳо овезаву расмҳои таблиғотӣ бо акси занҳо дар Кобул, пас аз тассаруфи шаҳр аз тарафи Толибон (гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ), пок карда шуданд. Ҳарчанд масъулини ин гурӯҳ дар аввал гуфта буданд, ки ҳуқуқи занҳоро аз рӯи қонунҳои шариат, таъмин мекунанд.
Ҳоло бошад дари тамоми кошонаҳои ҳусн, ки бештари онҳоро занҳо идора мекарданд, баста шуданд. Аз тамоми кӯчаву мағозаҳо овезаву расмҳо бо чеҳраи занон пок шуда истодаанд.
Ҳамчунин Толибон барои занҳо дар донишгоҳҳо танҳо бо либоси сиёҳ ва болопӯши кушоду ҳиҷобе, ки қисмати бештари рӯйро пӯшонад, омаданро роиҷ карданд.
Дар як синфхона таҳсил кардани зану мард низ манъ карда шуд. Ба занҳо танҳо бояд муаллимони ҷинси зан дарс гӯянд. Ё агар шумораи муаллимони ҷинси зан нокифоя бошад, ба ҷои онҳо муаллими ҷинси мард, ки синну солаш ба ҷое расида бошад, метавонад дарс гӯяд.
Донишгоҳҳо акнун гуруҳҳоро бояд аз рӯи ҷинс занона ва мардона тақсимбандӣ кунанд, ё ин ки байни занону мардон парда бикашанд.
Дар Кобул Толибон ба занҳо тавсия доданд, ки дар хона нишинанд. Онҳо занҳоро аз шабакаҳои телевизионии давлатӣ пеш карданд. Ҳама занҳоеро ки дар мақомотҳои давлатӣ фаъолият мекарданд, таъкид карданд, ки дигар ба кор наоянд.
Ҳамчунин Толибон ба варзиш машғул шудани бонувонро нолозим медонанд.
Пас аз ҷорӣ шудани мамнуиятҳо барои занон, садҳо занони фаъоли афғон дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистон алайҳи ҳукумати Толибон ҳамоишҳои эътирозӣ ташкил карданд.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
16 часов назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
4 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
7 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
7 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
8 дня назад