fbpx

Толибон худро ҳукумати ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳо медонанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз РИА Новости

Дар кӯҳҳои Ванҷ хирс ба ду сокини маҳаллӣ дарафтод

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум як хирс ба ду сокини ноҳияи Ванҷи ВМКБ дарафтодааст. Ҳодиса рӯзи 19 октябр дар деҳаи Ғумасти ҷамоати Рованди ин ноҳия рух додааст.

“Қарибиҳои соати 10:00 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ду сокини 48-сола ва 14-солаи деҳаи Вишхарви ноҳияи Ванҷ хирс дарафтодааст, – хабар медиҳад Кумита. – Ҳар ду аз ҳамлаи хирс ҷароҳат бардошта, хушбахтона, зинда мондаанд”.

Гуфта мешавад, ба ҷабрдидагон муяссар шудааст, ки аз таъқиби хирс халос шаванд ва бо ёрии сокинони маҳаллӣ онҳо ба беморхона оварда шудаанд. Айни замон вазъи солимии онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Utair парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут аз сар гирифт. Моҳи ноябр роҳандозии боз як хатсайр ба нақша гирифта шудааст.

Дар торнамои ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ дода мешавад, ки парвоз бо ин хатсайр ҳоло танҳо ҳафтае 1 маротиба  анҷом дода мешавад: аз Сургут – рӯзҳои чоршанбе соати 19:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои панҷшанбе – соати 00:10.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз 1 ноябр ширкати ҳавопаймоӣ роҳандозии боз як хатсайри дигарро ба ин самт ба нақша гирифтааст: аз Сургут – рӯзҳои ҷумъа соати 20:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои шанбе соати 01:10.

Толибон худро ҳукумати ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳо медонанд

Ҳаракати Толибон бар ин назар аст, ки ҳамаи шартҳои заруриро барои ба расмият шинохтан аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ иҷро кардааст.

Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амир Хон Муттақӣ изҳори назар кардааст, ки бо ҳайати ин кишвар ба ҷаласаи “Формати Маскав” омадааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

“Чаро онҳо набояд моро ба расмият шиносанд? Мо тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дорем ва ҳамаи шартҳоро ба иҷро расонида, ба ҳамаи меъёрҳо ҳамчун ҳукумат мувофиқем”, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири ҳукумати толибон Абдул Салом Ҳанафӣ изҳор намудааст, ки ҳукумат дар Афғонистон аллакай фарогир (инклюзивӣ) аст.

Ҳамчунин намояндагони Толибон зикр кардаанд, ки роҳ нахоҳанд дод, ки вазъияти Афғонистон ба амнияти дигар кишварҳо хатар эҷод намояд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Толибон даъват кардааст, ки Афғонистонро ба пойгоҳи амал зидди кишварҳои ҳамсоя табдил надиҳанд, хабар медиҳад ТАСС.

“Толибон”* наздик ба марзи Тоҷикистон нерӯи вижа таъсис дод

“Толибон”* барои таъмини амният дар маркази вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф як воҳиди махсус таъсис доданд, хабар медиҳад “Tolo News” бо истинод ба нерӯҳои амниятии маҳаллӣ. Вилояти Балх дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст ва бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад мебошад.

Шаҳри Мазори Шариф, ки тибқи баъзе манбаъҳо, тақрибан 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, як маркази муҳими тиҷорӣ ба ҳисоб меравад. Нерӯи махсусе, ки ҳоло бояд алайҳи ҷурму ҷиноят дар он ҷо муқобила кунад, “Лашкари Мансурӣ” гуфта мешавад.

Тоҷикистону Узбекистон нишонагузории марзро баррасӣ карданд

Нишасти мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди таъин ва нишонагузории марзи ду кишвар баргузор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз 12 то 19 -уми октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд “ҳуҷҷатгузории техникии демаркатсияи сарҳади давлатӣ”-ро тасдиқ карданд.

Ба навиштаи манбаъ, ҳамчунин “сафари муштараки саҳроӣ ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон сурат гирифт.”

Ҷузъиёти бештари дидор маълум нест. Тибқи нақша мулоқоти навбатӣ моҳи ноябри имсол дар Узбекистон баргузор мешавад.

Нақшаи даъват дар Тоҷикистон зиёда аз 52% иҷро шудааст

Нақшаи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 20 рӯз аз оғози маърака 52,1% иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии ВМКБ нақшаи даъватро 100% иҷро кард.

Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 41% ва Хатлон – 40% ба иҷро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи тобеи марказ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват ба артиш 70% ва дар шаҳри Душанбе – 79%-ро ташкил медиҳад.

* – Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend