“Толибон” аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, то мушкилашонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Манъи кор ба занон дар идораи СММ

Акс аз сомонаи Спутник Ӯзбекистон

Шумораи ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон шумораи ҳайвоноте, ки таҳти муҳофизат қарор доранд, зиёд шудааст.

Баҳодур Шерализода, раиси ин Кумита дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, ки шумори ин ҳайвонот аз 8 то 25 дар сад зиёд шудааст.

“Коршиносони мо то имрӯз афзоиши 13 ҳазору 230 архар ё гӯсфанди Марко Поло, 811 сар бузи куҳии морхӯр, 434 сар гавазни бухороӣ, 414 гӯсфанди бухороӣ, 156 паланги барфӣ ва 560 хирси қаҳваии тиёншонӣ”,-гуфт раиси Кумита.

Дар Тоҷикистон гӯсфанди кӯҳии Марко Поло танҳо дар ноҳияи Мурғоби ҳаммарз бо Чину Қирғизистон мавҷуд аст ва паланги барфӣ низ аз ҳама беш дар манотиқи кӯҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ба чашм мерасад.

Соли гузашта, дар ҳамин вақт ин ниҳод гуфта буд, ки шумораи архарҳо дар Тоҷикистон ба 26 ҳазору 480 сар расидааст.

Шумори ҳайвоноти дигар, аз ҷумла бузи морхӯр то 2,7, гавазни бухороӣ аз 500 то 520, паланги барфӣ то 300-350 ва хирси қаҳваӣ то 800 сар зиёд шудаанд.

Шикори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон арзиши баланд дорад ва дар ҳоли ҳозир шикори гӯсфанди архар 55 ҳазор сомонӣ, бузи морхӯр 337,8 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ 28,1 ва хирси қаҳваӣ 10,8 ҳазор сомонӣ қиммат дорад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола шикори теъдоди маҳдуди ин ҳайвонот, аз ҷумла 13 морхур, 12 гӯсфанди бухороӣ, 100-110 архар ва 10 хирсӣ қаҳваӣ иҷозат дода мешавад.

Муҳоҷирони тоҷики дар занозанӣ иштирок карда аз Русия ихроҷ карда мешаванд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳолатҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро пас аз занозании гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи зарбазан дар шаҳри Маскав рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда шарҳ дод.

Тавре ки аз сафорат хабар доданд, муноқишаи мазкур 29-уми январи соли ҷорӣ соати 19.00 дар гузаргоҳи “Востряковский”-и шаҳри Маскав рух додааст.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда,  гумонбарон, инчунин сокинони маскуни  маҳали  ҳодисаро (дар маҷмӯъ 65 нафар)  ба идораи политсия бурдаанд”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, аз ин шумора 15 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, нисбати 7 нафарашон парвандаи маъмурӣ кушода шуда, эҳтимол аз қаламрави Россия хориҷ гарданд.

“Нисбати 1 нафар шаҳрванди дигари  Тоҷикистон  бар асоси қисми дуюми модаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид”, – зикр гардидааст дар хабар.

Аммо дар сафорат дар бораи тақдири минбаъдаи дигар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти пулис маълумот дода намешавад.

“Кормандони сафорат барои муайян намудани ҷузъиёти муноқиша ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд, – гуфта мешавад дар хабар. – Маълум шуд, ки ин муноқиша дар пайи  хусумати  хусусияти шахсӣ дошта сар задааст ва сипас ба муноқишаи гуруҳӣ табдил ёфтааст”.

Зикр мегардад, ки сафорат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост намуд, ки дар рафти тафтишоти парвандаҳои ҳодисаи мазкур дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоя карда шаванд ва дар сурати зарурӣ кормандони Хадамоти консулии сафорат омодаанд, то ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмакҳои ҳуқуқӣ расонанд.

“Сафорат аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ҳар гуна амалҳои  иғвоангез дурӣ ҷуста, қоидаҳои будубоши кишвари иқоматро ба таври лозимӣ риоя кунанд”, – дархост намудааст сафорат аз шаҳрвандон.

Ёдрас мекунем, ки аз ин ҳодиса ВАО рӯзи 31 январ огаҳӣ ёфт. Хабаргузории ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав хабар дод, ки кормандони пулиси фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз авҷгирии занозанӣ пешгирӣ кардаанд. Зикр шуд, ки муноқиша дар заминаи хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайваста, боздоштшудагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Дар парвандаи ҷиноятӣ се нафар ба авбошӣ гумонбар дониста мешаванд.

“Толибон” аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард, то мушкилашонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд

Ҳукумати “Толибон” аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф карда, аз ҷонибҳо хостааст, ки  мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

Дар ин бора сухангуӣ Вазорати умури хориҷии Толибон, Абдулқҳор Балхӣ рӯзи 31 январ дар сафҳаи Твиттераш навиштааст.

“Имороти Исломии Афғонистон  даргирӣ миёни нерӯҳои марзии ҚирғизистонуТоҷикистон ва талафоти ношӣ (баҷомонда) аз онро мояи таассуф медонад. Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд.”- навиштааст Абдулқҳор Балхӣ.

Гурӯҳи “Толибон” замони даргириҳои ахири моҳи апрели соли 2021 низ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста буданд, ки ҷанг накунанд ва мушкилро бо музокира ҳал кунанд.

Ин гуруҳ он замон, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда буданд, ки “мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст”.

Он замон паёми “Толибон”-ро  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, дар саҳфаи “Твиттер”-аш нашр карда буд: “Иморати исломӣ бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед”.

Забеҳулло Муҳоҷид дар паёми “Толибон” ҳамчунин гуфта буд, ки “мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд”.

Намояндагони ҳукумат ба оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида, изҳори тассалият карданд

Муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва раиси ноҳияи Вахш Қурбон Бсуфов ба аёдати оилаҳои муҳоҷирони дар Волгоград фавтида рафтанд.

Онҳо оилаи Файзиддиновҳоро дар деҳаи Наврафторони ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш аёдат карданд, ки дар фоҷеаи Волгоград се узви оиларо аз даст доданд: Қобилҷони 21-сола, Қосимҷони 20-сола ва Нуриддини 37-сола.

Ҳамчунин онҳо ба хонаводаи Кабутовҳо дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш рафтанд, ки писари 21-солаашон Саидакрам дар ин фоҷеа ҳалок шуд.

Абдуғаффор Раҳмонзода ва Акрам Сулаймонзода ба ин оилаҳо аз номи ҳукумат изҳори тасаллият намуда, ба онҳо кумаки моддӣ низ расонида шуд.

Рӯзҳои наздик раҳбарияти Раёсати муҳоҷирати вилоят ҳамроҳи раисони ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ ба аёдати оилаҳои боз ду муҳоҷири фавтида дар Волгоград – Идибек Саломови 30-сола ва Раҳмоналӣ Муҳаммадҷони 22-сола низ мераванд.

Ёдрас мекунем, ки ҷасадҳои шаш муҳоҷири аз бӯйи газ дар Волгоради Русия фавтида 30 январ оварда шуда,  ҳамон рӯз ба хок супурда шуданд.