Шаҳрванди Русия Павел Чернови 38 сола дар қаламрави Харангони ноҳияи Варзоб ҳангоми парвоз бо параплан, аз он афтода, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Ҳодиса рӯзи 10 сентябр рух додааст. Павел бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Шуғли асосии ӯ тиҷорати дучархаҳо (мотосиклҳо) будааст.
Ба иттилои КҲФ, соати 11:20 ба навбатдори Кумита хабар расидааст, ки дар кӯҳҳои ин маҳал як шаҳрванди Русия аз параплан ба замин афтодааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми парвоз ӯ аз уҳдаи идоракуниии параплан набаромада, ба замин меафтад ва аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Дар ин робита, КҲФ ба ҳамаи дӯстдорони навъҳои истироҳати хавфнок хотиррасон менамояд, ки хеле эҳтиёткор буда, қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамсари марди ҳалокшуда бояд барои интиқоли ҷасади шавҳараш ба Тоҷикистон ояд.