Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Роҳпаймоии 60 ҳазор нафара ва парчами 2011 метра: Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро чӣ хел таҷлил мекард
Дата публикации: 09:3909.09.2020
Тоҷикон имрӯз, 9-уми сентябр 29-умин солгарди Истиқлоли кишварро ҷашн мегиранд. Ин ҷашнро солҳои охир хеле бошукӯҳ ва бо иштироки васеи донишҷӯёну мактаббачагон, аскарон ва дигар кормандон, ки барои роҳпаймоӣ ҷалб мешуданд, таҷлил мекарданд.
Имсол аз сабабии пандемияи коронавирус ҳукумат таҷлили бошукӯҳи ҷашнро манъ кард ва қарор аст, он дар фазои хоксорона таҷлил шавад.
Дар маводи имрӯзаи худ, мо барои Шумо таҷлили даҳсолаи охири ҷашни Истиқлолро гирд овардем. Солҳои охир пас аз ба истифода додани Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ҳамчун анъана, ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Истиқлоли кишвар дар ин маҷмаа бо иштироки президенти кишвар гузаронида мешавад.
Чорабинии идона бахшида ба муносибати 28-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” баргузор шуд. Он бо иштироки зиёда аз даҳ ҳазор нафар роҳпаймоён, намоиши театрикунонидашуда, барномаи бошукуҳи консертӣ ва мушакпарронӣ таҷлил шуд.
[gallery size="large" columns="2" ids="4538,4542,4544,4548,4550,4552"]
[gallery columns="2" size="large" ids="4554,4556,4558,4561,4563,4565"]

[gallery columns="2" size="medium" ids="4567,4569,4571,4573"]
25 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро дар майдони марказии пойтахт бо иштирок ва роҳпаймоии 60 ҳазор нафар шаҳрвандон - табибон, муаллимон, мактаббачагон, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои давлатӣ таҷлил карданд.
Бегоҳии 9-уми сентябр тантанаи бошукӯҳ дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ бо намоиши театрикунонида шуда давом кард.
[gallery columns="2" size="medium" ids="4577,4579,4581,4583"]
[gallery size="large" columns="1" ids="4589,4591,4587"]
[gallery size="large" columns="1" ids="4596,4594,4598"]
Ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон хеле бошукӯҳ дар майдони марказии Душанбе бо гузашти паради низомӣ ва намоиши идона баргузор гардид.
Дар паради низомӣ зиёда аз 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ роҳпаймоӣ карданд. Пас аз анҷоми парад дар майдон намоиши идона баргузор шуд, ки дар он тақрибан 20 ҳазор донишҷӯ ва зиёда аз 2 ҳазор корманди ташкилотҳои гуногун ширкат карданд. Иштирокчиёни намоиш Парчами давлатии кишварро бо дарозии 2011 метр аз майдон гузарониданд.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
12 часов назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад