fbpx

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Бохтар созишномаҳоро дар ҳаҷми 730 млн доллар ба имзо расониданд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи mift.uz

Иттиҳоди Аврупо ба осебдидагони обхезиҳо дар ҷануб ва ғарби кишвар 100 ҳазор евро ҷудо намуд

Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ ба сокинони  минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот оварда буданд, Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми  100,000 евро (беш аз 1,4 млн. сомонӣ) маблағ, ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд. Кӯмак бевосита ба 1800 шахсони бештар осебдида дар ноҳияҳои аз ҳама бештар зарардидаи Бохтар ва Кӯлоб, дар ҷанубу-ғарби вилояти Хатлон расонида мешавад.

Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои расондани кӯмаки фаврӣ ба аҳолӣ бо дастрас намудани ашёҳои таомпазӣ ва  асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, рахти хоб, сатил, табақҳо ва дигар ашёву лавозимоти ошхонагӣ равона хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад, ки он имкон медиҳад, то онҳо талаботҳои аз ҳама зарурии худро қонеъ намоянд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Бохтар созишномаҳоро дар ҳаҷми 730 млн доллар ба имзо расониданд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар имрӯз, 9 июн аввалин Форуми байниминтақавии тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кор оғоз намуд.

Ин Форум бо садорати муовини  аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов баргузор шуд. Ҳамчунин дар форуми мазкур 300 нафар соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои ҳарду кишвар низ иштирок доштанд.

Созишномаҳо дар бораи ташкили истеҳсолот дар якҷоягӣ, оиди истеҳсоли автомобил, трасформаторҳо, техникаи маишӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо ва як қатор шартномаҳо оиди савдо ба имзо расиданд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари низ низоми биллингии пардохти нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад

Дар ин бора 9-уми июн порлумон қарор қабул кард.Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар назди вакилон гуфт, ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар доираи тарҳи “Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон” амалӣ мешавад.

Ба ҷуз аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар Кӯлоб ва Бохтар, ҳамчунин, сохтмони зеристгоҳҳо ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.

Лоиҳаи мазкур бо харҷи 35 миллион доллар амалӣ шуда, 15 миллиони он гранти Иттиҳоди Аврупо ва 20 миллиони дигар қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аст. Лоиҳа соли 2021 оғоз шуда, то соли 2025 идома меёбад.

Соли 2013 ширкати “Барқи тоҷик” дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард. Ҳоло чунин низом дар шаҳри Хуҷанд ва таҷрибавӣ дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад.

Вазорати меҳнат аз муҳоҷирон даъват мекунад, ки то 15- июн  будубошашонро дар Русия қонуни намоянд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷироне, ки дар Русия ҳуҷҷатҳояшон камбудӣ дорад, хостааст, ки то 15-уми июн санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи Вазорат, муҳоҷироне ки ҳуҷҷатҳои худро то ин сана, яъне як ҳафтаи дигар қонунӣ намекунанд, аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Дар навори таҳиякардаи Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфта мешавад, ки муҳоҷирон барои қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳои худ бояд ба мақомоти бахши муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар Русия муроҷиат кунанд. “Аз қайди давлатӣ гузашта, тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳуқуқиро дастрас намудан лозим аст”, – гуфтааст Вазорат.

Дар робита ба ин масъала”Федератсияи муҳоҷирон” аз ниҳодҳои Русия хостааст, ки муҳлати қонунӣ кардани ҳузури шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар то 15-уми сентябр дароз кунанд.

Вадим Коженов, раиси “Федератсияи муҳоҷирон”, рӯзи 8-уми июн дар наворе гуфт, дархости онҳо пас аз навбатпоиҳои тӯлонӣ дар назди марказҳои муҳоҷирати Русия эълон шуд. “Аз мақомот хостем, то се моҳи дигар ба муҳоҷирон иҷозат диҳанд, ки ё ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ кунанд ва ё бидуни муҷозот аз кишвар раванд”, – афзудааст ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend