fbpx

Тоҷикистону Узбекистон санадҳоро дар бораи интиқоли бору сафари сокинон имзо карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Тоҷикистону Ӯзбекистон 36 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Дар доираи сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон миёни ду кишвар 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.  Аз ҷумла созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав. Хамчунин протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни ду кишвар оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии ин кишвархо аз 17 августи соли 2018;

– Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни ду кишвар дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;

– Созишнома байни ду кишвар оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ӯзбекистон ва гайра ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ роҳбарони ду кишвар  барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Тоҷикистон мунтазири афви “тиллоӣ”. Киҳоро мебахшанду озод мекунанд?

Тоҷикистон дар пешорӯйи як афви “тиллоӣ”  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ин бора  ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад аз Вазорати адлияи кишвар иттилоъ дод.

“Ҳоло дар ин бора ҳарф задан хеле барвақт аст. Аммо одатан Пешвои миллат дар солгарди ҷашнҳои бузург маҳбусонро фаромӯш намекунад ва афв эълон мекунад”, – гуфт манбаъ.

Афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст, аммо ҳанӯз маълум нест, ки президент ин санадро кай имзо мекунад. Шояд ин санад то охири моҳи август ба имзо расад ва сипас ҷузъиёти қонуни афв маълум шавад, итминон медиҳад манбаи мо.

Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшаванда ва маҳкумшавандаҳоро озод шуданд.

Русия шумораи парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон зиёд кард

Тибқи қарори мақомоти салоҳиятдори Русия ва Тоҷикистон, аз 10 июн шумораи парвозҳои мунтазам байни Маскав ва Душанбе то ду парвоз барои ширкати UTair дар як ҳафта ва ду парвоз дар як ҳафта барои “Сомон Эйр” зиёд карда мешавад.

Дар робита ба ин, интизор меравад, ки ба парвози чартерии UTair рӯзи 12 июн унвони парвози мунтазам дода шавад,“Сомон Эйр” низ худи ҳамон рӯз парвози дуввуми худро иҷро мекунад.

“Шурӯъ аз ҳафтаи оянда ширкатҳои ҳавопаймоӣ нақша доранд, ки парвозҳои мунтазамро тибқи ҷадвали зерин анҷом диҳанд:

Парвози ҳавопаймоҳои UTair – UT803 / 804 дар масири Маскав – Душанбе – Маскавро иҷро намояд. Ҳавопаймо аз Маскав (Внуково) рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе соати 22:00 ва аз Душанбе рӯзи чоршанбе ва ҷумъа соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз хоҳад кард;

Парвози ҳавопаймоҳои UTair  – SZ201 / 202 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 8:00 аз Душанбе ва рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:50 ба вақти маҳаллӣ аз Маскав (Домодедово) парвоз мекунад”, – омадааст дар саҳифаи Facebook сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Зани кӯдаки 7 соларо кушта ба 16 соли зиндон маҳкум шуд

Суди шаҳри Душанбе сокини 53 солаи пойтахт Муборак Абдураҳмоноваро барои куштори писарбачаи 7-сола  гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад ВКД.  Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 5 марти соли равон зан кӯдакро бо роҳи фиреб ба хонаи худ бурда, латукӯб намуда гурехтааст. Ӯ пас аз 8 рӯз боздошт шуд ва дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтааст, ки аз сабаби хусумати оилавӣ ин ҷиноятро содир кардааст.

Баррасии бозсозии нақби “Истиқлол” миёни Тоҷикистону Эрон

Тоҷикистону Эрон ҷиҳати анҷоми минбаъдаи бозсозии нақби Истиқлолро, ки қисми марказии Тоҷикистонро бо шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, баррасӣ карданд. Дар мулоқот инчунин ҳамкориҳои минбаъда дар бахши нақлиёт ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Аз рӯзи 2 июн инҷониб дар нақб корҳои таъмир идома доранд. Вобаста ба ин ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд маҳдуд аст. Дар доираи корҳои навсозӣ, дар нақб системаи ҳавокашӣ, равшанӣ, назорати амниятӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ насб карда мешавад. Корро ширкати эронии “Фароб” иҷро мекунад.

Ҳукумати Эрон барои ба итмом расонидани сохтмони ин нақб ба маблағи 5,5 миллион доллар кумаки бебозгашт хоҳад расонд ва ҳукумати кишвар барои анҷом додани иншоот 5,5 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.  Нақби Истиқлол аз зери ағбаи Анзоб мегузарад, дарозии он 5,2 км мебошад.

Дар Ӯзбекистон мактаби сохтаи Тоҷикистонро ба истифода доданд

Дар толори сафеди Қасри миллат роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев тариқи онлайнӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд.

Яке бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки бо маблағгузории Тоҷикистон бунёд шудааст ва дигари Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 кат, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо маблағгузории Ӯзбекистон бунёд шудааст мавриди истифода қарор доданд.

Мактаб дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.

Қазоқистон ба ивази об ба Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ медиҳад

Қазоқистон ба Тоҷикистон ба ивази оби полезӣ барои кишти шолӣ техника ва маводи сӯзишвориву молиданӣ медиҳад, хабар додааст ба рӯзноманигорон муовини вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Серик Кожаниёзов. Зарурати чунин муомилотро намояндаи вазорат камуди оби полезӣ дар мавсими кишти шолӣ дар вилояти Қизилорда маънидод кардааст. Кожаниёзов зикр кардааст, ки яке аз чунин тадбирҳо мубодилаи мол бо кишварҳои ҳамсоя мебошад.

“Ба ин тариқ, ба ивази 370 млн метри мукааб Қирғизистон 370 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон – 250 млн кВт/соат неруи барқ мегиранд, – илова кардааст ӯ. –  Ба Тоҷикистон техника ва маводи сӯзишворӣ дода, имкон пайдо мекунем, ки аз поёноби Сирдарё иловагӣ 300-400 млн метри мукааб об гирем”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend