logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистону Туркия мумкин аст низоми раводидро бекор кунанд

Машваратҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Анқара баргузор мегардад.

Your tj

13:4621.04.2025

Тоҷикистону Туркия мумкин аст низоми раводидро бекор кунанд

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Анқара масъалаи бекор кардани низоми раводид миёни ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Сафорати Туркия дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории консулӣ, аз ҷумла имзои созишнома дар мавриди лағви раводидро муҳокима хоҳанд кард.

“Мо тавассути ҳамкориҳои зич ва муколама миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар кӯшиш дорем, ки дар оянда низоми раводидро лағв намоем”,– омадааст дар изҳороти сафорат.

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гиранд. Низоми раводид аз 20 апрели соли 2024 ҷорӣ гардида буд, вале сабаби дақиқи онро шарҳ дода нашуд. Бархе таҳлилгарон онро ба масъалаҳои амниятӣ рабт медиҳанд.

Дар ҷавоб, Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони Туркия реҷаи раводидро ҷорӣ кард. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводиди Туркия аз 90 то 160 доллар пардохт мекунанд.

Тоҷирони тоҷик пас аз ҷорӣ шудани ин низом борҳо аз мушкилоти воридоти маҳсулот ва гароншавии арзиши молҳо изҳори нигаронӣ карда буданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

15 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

15 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ