Тоҷикистону Русия мехоҳанд ҳаракати қатор дар масири “Душанбе-Маскав”-ро фаъол созанд

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатори мусофирбар дар масири Душанбе–Маскав ва ба роҳ мондани хатсайрҳои автобусӣ миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия дар мулоқоти муовинони вазирони нақлиёти ду кишвар баррасӣ гардид.

Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ин масъалаҳо дар суҳбати Шоиста Саидмуродзода ва Дмитрий Зверев, ки дар ҳошияи Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, матраҳ гардидаанд. Форум рӯзҳои 1–3 апрел доир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо инчунин имкони харидории техникаи роҳи оҳан, аз ҷумла вагонҳои нави мусофирбар ва махсус, инчунин таҷҳизоту лавозимоти заруриро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳан миёни ду кишвар “раванди мусбат” арзёбӣ шуда, барои рушди минбаъдаи он ба бунёди долонҳои нави нақлиётӣ таъкид гардид.

Бояд зикр кард, ки ҳаракати қатори мусофирбар дар хатсайри Душанбе–Маскав соли 2020 ба далели паҳншавии бемории коронавирус қатъ гардида, то имрӯз барқарор нашудааст

Skip to toolbar