Тоҷикистону Эрон мехоҳанд байни Душанбе ва Шероз парвозҳои мустақим ба роҳ монанд

5–6 май дар шаҳри Шероз ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Дар он масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот баррасӣ шуд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд. Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, молия, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданок муҳокима карданд.

Дар доираи ҷаласа ҳамчунин Ҳамоиши сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ доир гардид. Муовини аввали раиси Кумита, Фаррух Юсуфзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ислоҳотро барои дастгирии бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя фаъолона пеш мебарад ва ба сармоягузорони эронӣ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод мекунад.

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, раиси вилояти Форси Эрон, Ҳусейналӣ Амирӣ пешниҳод кардааст, ки миёни шаҳрҳои Шероз ва Душанбе хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ гардад, ки метавонад ба рушди сайёҳӣ ва равобити иқтисодӣ мусоидат намояд. Ӯ гуфт, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои муолиҷа ба Шероз меоянд ва ин хатсайр ба талаботи афзоянда мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ният доранд, ки ҳаҷми савдои дуҷонибаро ба 500 млн доллар бирасонанд. Танҳо дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ба 377,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2023 қариб 50% бештар аст.

Дар анҷоми ҷаласа имзои якчанд санадҳои ҳамкорӣ дар назар дошта шуда, меҳмонон аз як қатор корхонаҳои вилояти Форс ва маконҳои таърихии Шероз боздид хоҳанд кард.

Skip to toolbar