logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд парвозҳои мустақимро барқарор кунанд

Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва зарурати дастгирии густариши мероси умумии фарҳангиро дар байни насли ҷавон таъкид карданд.

Your tj

14:3604.03.2025

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд парвозҳои мустақимро барқарор кунанд

Имрӯз, 4-уми март дар шаҳри Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Одилбек Қосималиев раиси Девони вазирони Қирғизистон зимни мулоқот масъалаи барқарор кардани парвозҳои мустақим байни ду кишварро баррасӣ карданд.

"Ҷонибҳо зарурати барқарор кардани алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро ҳамчун омили муҳими фаъолсозии робитаҳои дуҷониба таъкид карданд",- иттилоъ медиҳад сомонаи Девони вазирони Қирғизистон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба муфассал муҳокима карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба дурнамои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ диққати махсус додаанд. Аз ҷумла, то соли 2030 ба 500 миллион доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол байни кишварҳоро баррасӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон инчунин ба ҳамкории муваффақона дар соҳаи энергетика диққати зиёд дода, аҳамияти зудтар амалӣ кардани лоиҳаи CASA-1000-ро таъкид кардаанд.

Манбаъ менависад, Одилбек Қосималиев барои пазироии гарм изҳори сипос карда, афзалияти рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек бо Тоҷикистонро таъкид намуд. Ӯ аз президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саломи самимӣ расонид.

Дар хотима, Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев эътимоди умумиро ба таҳкими минбаъдаи шарикии мутақобилан судманди байни Қирғизистон ва Тоҷикистон қайд намуда, ҳамчунин аҳамияти махсуси ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва зарурати дастгирии густариши мероси умумии фарҳангиро дар байни насли ҷавон таъкид карданд.

Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон бо сафари корӣ субҳи имрӯз, 4-уми март ба Тоҷикистон омад.

Қарор аст, пас аз анҷоми мулоқотҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 феврал дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии сарҳади ду кишварро имзо гардида буд ва интизор меравад, охири моҳи март санадҳои ниҳоӣ аз тарафи президенти ду кишвар имзо гардад.

27 феврал раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев ҳангоми суханронӣ дар назди вакилони парлумони Қирғизистон ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард ва гуфт, ки ду кишвари ҳамсоя кадом қитъаҳоро иваз кардаанд.

Комментарии (0)

Читайте также

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

17 часов назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

2 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

6 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

6 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

7 дня назад