logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистону Қирғизистон барои донишҷӯён бурсия ҷудо накардаанд

Қаблан гуфта шуда буд, ки 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунад ва дар сурати муроҷиат онҳоро ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Your tj

11:4301.08.2023

Тоҷикистону Қирғизистон барои донишҷӯён бурсия ҷудо накардаанд

Ин нуқтаро Ҷамшед Ҷӯразода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз 1-уми август баргузор гардид, қайд намуд.

Ӯ гуфт, ки то ба имрӯз ба таври расмӣ доир ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон маълумоти дақиқ нест.

“Аз ҷониби Қирғизистон барои Тоҷикистон бурсия ҷудо нашудааст. Дар Тоҷикистон низ бурсия ҷудо нашудааст. Ин масъала мавриди назар ва корбарӣ қарор дорад”,- гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.

Дар нишасти матбуотии гузашта Рамазон Одиназода, директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм гуфта буд, ки 42 донишҷӯи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекунанд ва дар сурати муроҷиат вазорат онҳоро бармегардонад.

“Мо омода ҳастем, ки онҳоро баргардонем ва аз рӯи ихтисоси худашон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул кунем”, – гуфта буд Рамазон Одиназода.

Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан чандин донишҷӯи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шуда буданд.

Аксари онҳо аз афзоиши фишору таъқиб дар пайи таниши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шикоят доштанд.

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

1 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

5 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

5 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

6 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

6 дня назад