Тоҷикистону Қирғизистон ба раванди аломатгузории марз суръат бахшидан мехоҳанд

“Чанд тир тасодуфан гузашт”. Вокуниши Тоҷикистон ба тирпаронӣ аз тарафи Афғонистон

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пасманзари хабарҳои тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт, чанд тир тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд.

Иттилоияи расмии ин ниҳод, рӯзи 8 майи соли равон, як рӯз пас аз хабарҳо дар мавриди тирпаронӣ дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ ва “Толибон” дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон дар рӯзи 7-уми май ва дар рӯ ба рӯйи дидбонгоҳи сарҳадии рақами 12 дар ноҳияи Панҷ якуним соат идома кардааст.

«Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», – омадааст дар баёния.

Ин ниҳод гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса, неруҳои марзбонӣ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.

«Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи “Толибон” дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд», – омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Вокуниши расмии ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 7-уми майи соли ҷорӣ баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон хабар доданд.

Бо гузашти чанд соат аз ин хабарҳо ҷангҷӯёни гуруҳи террористии ДОИШ бо нашри як баёния масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро бар уҳда гирифтаанд.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил буда, он таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.

Тоҷикистону Қирғизистон ба раванди аломатгузории марз суръат бахшидан мехоҳанд

Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ба ҷараёни таъйину аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо, инчунин фаъол шудани кори ҳайатҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили сарҳад суръат бахшидан зарур аст.

Ин нукта зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими қабули эътимоднома аз сафири нави Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар Душанбе зикр шудааст.

Тибқи маълумоти ВКХ Қирғизистон, дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, соҳаи об, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳамкориҳои наздимарзӣ ва байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ба масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, доир ба идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳи вазорату идораҳо тавофуқ ҳосил шудааст ва ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳои ояндаро дар сатҳи баланд ва олӣ баррасӣ кардаанд.

Аз қариб 990 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 660 километраш мувофиқа шудааст. Дар мулоқоти рӯзи 17 апрели соли равон бо сокинони Исфара президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки аз 987 километри сарҳ 663,7 километр ё худ 68,4%-аш таъйину аломатгузорӣ шудааст.

Чанде қабл президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов дар ин робита изҳор намуда буд, ки “дар гуфтушунид оид ба таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешрафт ҳаст, аммо масоили марбут ба мавзеъҳои баҳснок “то ҳол мушкил боқӣ монда, ҳалли онҳо “эҳтиёткорӣ, таҳаммулпазирӣ ва пайдарпайиро талаб мекунад”.

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад.

Муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 12 апрел дар ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғд сар зада, бар асари тирпаронӣ байни ҷонибҳо марзбони 27-солаи тоҷик Зойир Саидумаров ҳалок шуд. Тирпаронӣ пас аз вохӯрии намояндагони мақомоти вилоятҳои наздисарҳадӣ қатъ шуд.

Обуҳавошиносон боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола ва раъду барқ пешгӯӣ мекунанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки аз 10 то 16-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

“Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддат ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарӣ андешанд, муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор, занбурӯғҳо, чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

“Ҳавои номусоид кор дар чарогоҳҳоро мушкил мекунад, дар ин рӯзҳо хеле бояд эҳтиёткор буд, – ҳушдор дода мешавад дар хабари Кумита. – Хуб мешуд чорвои хонагиро як муддат ба саҳро набаред”.

Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур буда, хуб мешуд дар ин лаҳзаҳо аз телефон ва таҷҳизоти барқӣ истифода нашавад.

“Ронандагони мошинҳо ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ҳавои боронӣ мушкили дид дорад ва хуб мешуд суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаро риоя кунанд. Ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ шабона барои ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, низ маслиҳат нест”, – тавсия дода мешавад ба ронадагон.

Аз аҳолӣ инчунин дархост мешавад, ки қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза карда, телефонҳояшон бояд ҳамеша омода бошанд, то дар сурати пеш омадани ягон ҳолати фавқулода тавонанд бе мамониат занг зананд.

Имсол ҳам Суперҷоми футболи Тоҷикистонро “Истиқлол” гирифт

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, бори ёздаҳум дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҳамлагар Рустам Соиров, ки беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд, муаллифи голи ягонаи дидор гардид.

Гуфта мешавад, қаблан “Истиқлол” дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуда буд.

Вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардидида, “Истиқлол” 11 маротиба ва ду маротибаи дигар ин ҷоизаро дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор соҳиб шудаанд.

Skip to toolbar