fbpx

Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузории сарҳадҳояшонро баррасӣ мекуннд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон

Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз тармаву барфреза тоза карда шуд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд, хабар доданд аз филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

“Роҳ шоми 13 март баста шуда, нимаи дирӯз ба як самт ва шомгоҳон ба ҳар ду самт боз шуд, – хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкат. – Дар зарфи 2 рӯз дар қитъаҳои гуногуни роҳ – аз километри 62 то 87-ум қариб 20 тармаи хурду калон фаромад, ки баландиашон зиёда аз 10 метрро ташкил медод”.

Тибқи маълумоти филиали ширкат, барои роҳ надодан ба танбашавии воситаҳои нақлиёт ҳаракати автомашинаҳои боркаш маҳдуд аст.

Дар IRS ҳамчунин гуфтанд, хатари тармафароӣ ҳоло ҳам вуҷуд дошта, аз ронандагон дархост мешавад, ки эҳтиёткор бошанд.

Қирғизистониҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргаштанд

Шаҳрвандони Қирғизистон, ки пештар дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ба ватан баргаштаанд. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Бодканд хабар медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, панҷ сокини вилояти Бодканд ва ду сокини шаҳри Ӯш, ки дар убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон айбдор мешуданд, рӯзҳои 13 ва 14 март ба хонаҳояшон баргаштанд. Пештар ду сокини боздоштшудаи шаҳри Бишкек низ баргашта буданд. Масъулони ҳукумати вилояти Бодканд мегӯяд, шаҳрвандони Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ҷарима шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони убури ғайриқонунии марз дар вилояти Бодканди Қирғизистон дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, тоҷикистониҳои дастгиршуда бар асоси қонунгузории Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Интизор меравад, раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон — Омурбек Суваналиев ва Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳам мулоқот карда, масъалаи боз кардани гузаргоҳи марзии “Кулунду” ва “Кайрагач”-ро, ки дар пайи пандемия баста шудаанд, баррасӣ кунанд.

Раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот мекунанд

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Камчибек Ташиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мулоқот мекунад. Масъалаи асосӣ дар ҷараёни мулоқот аломатгузории марзҳои ду кишвар хоҳад буд. Ҷаласаи комиссияҳои ҳукуматӣ дар Хуҷанд аз 15 то 18 март идома хоҳад кард.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъкид кард, ки Ташиев ва Ятимов бори аввал мулоқот мекунанд, аз ин рӯ, илова бар масъалаи таъини марз, онҳо як қатор мавзӯъҳои муҳими дигарро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Мавзуъҳои баррасишаванда муқовимати муштарак ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳо ба амнияти ду кишвар мебошад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Баҳром Иноятзодаро рад кардааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро бетағйир гузоштааст. Иноятзодаро моҳи ноябри соли 2020 бо ҷурми суистифода аз мансаб, ришватгирӣ ва аз худ кардани молу мулк ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум карданд, вале ӯ гуноҳро напазируфт.

Раҷабалӣ Имомзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини додситони Хатлон, дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, Иноятзода барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда буд ва ҷавоби рад гирифт.

Дар номае, ки 15-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтаанд: “Бо таъиноти коллегияи Суди олии Тоҷикистон аз 17-уми феврали соли 2021 шикояти кассатсионии маҳкумшуда, Баҳром Иноятзода, қонеъ карда нашуд ва ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон аз 20-уми ноябри соли 2020 бетағйир гузошта шуд.”

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22-юми январи имсол хабар дод, ки Баҳром Иноятзода “аз 13 кас ришва гирифта, маҳсулоти хайрияро тасарруф кардааст” ва “баръало бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст”.

Бозии Тоҷикистону Муғулистон бо 10 ҳазор тамошобин мегузарад

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мазкур рӯзи панҷшанбе, 25 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар буда, арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.

Ёдовар мешавем, ин нахустин бозӣ пас аз пандемия бо ҳузури комили мухлисон дар майдон хоҳад буд.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” ҳамзамон бозиҳои моҳи июнии худро бо тимҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Дар утоқҳои зиндонҳои Тоҷикистон камераҳо насб мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти низоми зиндонҳои Тоҷикистонро то соли 2025 тасдиқ кардааст. Мувофиқи ин барнома, аз ҷумла харидорӣ ва насби дурбин ва ё камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳама зиндонҳо пешбинӣ шудааст. Дар ҷадвали ислоҳоте, ки ҳукумат тасдиқ кард гуфта мешавад, бо насби дурбинҳои назоратӣ инчунин “нуқтаи мутамаркази назорати рафтори маҳкумшудагон” дар кишвар ташкил карда мешавад.

Ҳамчунон дар доираи барномаи ислоҳот харидорӣ ва насб кардани таҷҳизоте, ки мавҷи телефони мобил ва интернетро барҳам мезанад, дар назар аст. Тибқи ин нақша дар зиндонҳо “таҷҳизоти техникии рентгении мушоҳидавӣ (GPS) насб хоҳад шуд, ки ҳама гуна мавҷи мобилӣ ва интернети фосилавиро мушоҳида карда онро маҳв мекунанд. Дар натиҷа зиндониён аз телефони мобил истифода карда наметавонанд. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон зиндониён ҳақи истифода аз телефони мобилро надоранд, аммо зиндониён бо ҳар роҳу восита онро дастрас мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend