logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистону Қатар масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Мақомдорони тоҷик дар Қатар масъалаи қабули муҳоҷирон, кушодани марказҳои забони арабиву англисӣ ва касбомӯзӣ аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Your tj

14:0629.11.2024

Тоҷикистону Қатар масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Гулнора Ҳасанзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Қатар масъалаи қабули муҳоҷирони корӣ, созишномаи қаблан қабулшуда ва кушодани марказҳои забономӯзиву касобмӯзӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Дар ин бора Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо нашри як хабар 27-уми ноябр дар сомонаи худ иттилоъ дод.

Ҳасанзода дар мулоқот бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ созишномаи дуҷонибаро доир ба оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар, ки соли 2019 ба имзо расида буд, баррасӣ кардаанд.

“Ҳайати Тоҷикистон дар навбати худ пешниҳод намуд, ки ҳамкории минбаъда ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар асоси муқаррароти ин созишнома, ки қонунгузорӣ ва қоидаҳои амалкунандаи ҳар ду кишварро дар бар мегирад, ба роҳ монда шавад”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Инчунин, вазири тоҷик бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер мулоқот намуд.

Қайд мешавад, ки Қатар лоиҳаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Марказҳои омӯзиши забонҳои арабию англисӣ барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷандро бо пешниҳоди ворид намудани касбомӯзии шаҳрвандон, дастгирӣ мекунад мекунад.

Ҳамзамон бо чанд ширкати қаблукунандаи қувваи корӣ мулоқот анҷом дода шудааст.

Ширкати "Qatar Manpower Solutions Со” (Ҷусур), ки ҳоло аз Тоҷикистон коргар қабул мекунад, платформаи нави электронии худро муаррифӣ кардааст.

Инчунин масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Қаблан вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дода буд, ки Қатар омода аст, аз Тоҷикистон қувваи корӣ ҷалб намояд:

Ширкат: “Jusoor”

  • Шумораи ҷойҳои кории холӣ: 500;
  • Музди меҳнат: 300-5000 доллари ИМА;
  • Соҳа: нақлиёт, сохтмон,хизматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ;
  • Имтиёз: даъватномаи ройгон, ҷойи кори муайян, хобгоҳи ройгон, хӯрок як маротиба, либоси корӣ;
  • Талабот: донистани забори арабӣ ва англисӣ, доштани ҳуҷҷати тастиқкунандаи касбият ;
  • Тамос: 2213967, 555551080, ш.Душанбе, кӯчаи лоҳутӣ 108.
Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ