Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 20:2009.02.2023
Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯйӣ – наҷотдиҳӣ дар Туркия наҷотдиҳандагон се шаҳрванди Узбекистонро аз зери харобаҳо наҷот доданд, хабар медиҳад kun.uz бо истинод ба сафорати Узбекистон дар Туркия.
Наҷотдиҳандагон дар вилояти Ҳатай Асал Шотирбекова, зодаи 41-солаи Чирчиқро аз зери харобаҳо берун оварданд. Ба вай ёрии зарурӣ расонида шуд.
Дар вилояти Малатя Акрамҷон Ҳошимови 27 – соларо наҷот дода, аллакай ба беморхона бурданд.
Дар вилояти Қаҳрамонмараш низ як шаҳрванди дигари Узбекистон Рашид Бойбеков аз зери харобаҳо пайдо шудааст. Ҳоло ӯ дар беморхона аст.
Қаблан дар бораи марги як зани узбекистонӣ дар вилояти Малатияи Туркия ва дар бораи 4 нафари узбекҳои нопадидшуда хабар дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия маълумоте нест.
Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба хабар дод, ки то рӯзи 7 феврал тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, дар миёни ҳалокшудагон ва осебдидагон тоҷикон нестанд.
173 ҳазору 634 нафар тоҷикистониён дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин рақам шумораи рекордӣ дониста мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот додааст.

Дар муқоиса бо соли 2021, ки 103 ҳазору 681 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд, омори соли 2022 қариб 70 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Агар омори соли 2022 - ро ба як соли тақвимӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 476 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.
Дар дарёфти шаҳрвандии Русия байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон пешсафанд.
Соли 2022 ба сурати умум 691 ҳазору 45 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор дорад.
Ҳамчунин тибқи маълумоти ВКД Русия, 121 ҳазору 122 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доранд. Ин маънои онро дорад, ки то шаҳрванди Русия шудани онҳо як қадами дигар мондааст. Ба гумони ғолиб, соли 2023 онҳо ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд.
Боз 47 ҳазору 987 нафар тоҷикистониён дорои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) мебошанд. Ин қадами аввал барои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия аст.
Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, оби нӯшокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстон мефиристад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Кӯмак бо дастури фаврии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омода гардида, қисме аз он шаби 8 феврал тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба Туркия фиристода шуд, омадааст дар хабар.
Қаблан КҲФ гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия барои кӯмак ба осебдидагон рафтанд. Дар назар аст, ки аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.
Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд. Ин барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст.
Ҳамчунин, ин ниҳод навиштааст, ки якҷо бо наҷотдиҳандагон 25 тонна кӯмаки Тоҷикистон низ ба Туркия фиристода шуд.
Сокинони Душанбе даъвати кӯмак ба осебдидагон дар Туркияро дастгирӣ намуданд. Онҳо аз дирӯз ба Сафорати Туркия либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.
Рӯзи 6-уми феврал заминларзаи бо қувваи 7,7 балл Туркия ва Суриявро такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт. Ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд. Тибқи иттилои охирин, теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расида. Дар Сурия ин шумора ба беш аз 2992 нафар расидааст.
Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
3 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
3 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
5 дня назад