fbpx

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз манбаҳои кушод

Ворух, Фархор ва навоҳии водии Рашт ҳам аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар доданд

Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 %  иыро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи раисҷумҳур дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш, имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад иҷро намудаанд.

Гуфта мешавад, ба 90  наваскарони раштӣ, ки курси ронандагии ҷамъияти «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд ва барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Ҷамотаҳои деҳоти Ворӯх, Чоркӯҳ ва Нурафшони шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват паём додаанд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон якбора 3 хатсайри нави автобусро роҳандозӣ мекунанд, хабар медиҳад “Podrobno.uz“. Ширкати тоҷикии “Холдинг Азия Групп” аз 2 апрел ҳамлу нақли таҷрибавии автобусҳои байналмилалиро якбора ба чанд шаҳри Ӯзбекистон оғоз мекунад.

Аввалин ҳамлу нақли санҷишӣ дар хатсайрҳои зерин кушода мешаванд:

Душанбе – Тирмиз;

Душанбе – Деҳнав;

Панҷакент – Самарқанд.

Гуфта мешавад, ки вақти тахминии сафар дар масири Душанбе – Тирмиз тақрибан 6 соатро дар бар мегирад. Масофаи байни шаҳрҳо 251 км аст.

Роҳи 107 километр аз Душанбе то Деҳнав тақрибан 2,5 соат аз вақти сафарро мегирад.

Аз Панҷакент то Самарқанд масофаи кӯтоҳтарин, 64 км ва вақти тахминии сафар 1,5 соат аст.

Раҳмон гуфт, озодии баъзе кишварҳо “таҳти суол” қарор гирифтааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъият дар ҷаҳонро “ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо” номид ва гуфт, масъалаи истиқлолу озодии баъзе аз кишварҳо зери суол афтодааст, вале аз ҳеч давлате ном набурд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми апрел дар паёми бахшида ба оғози моҳи Рамазон гуфт, камчинии озуқаворӣ ва болоравии нархҳо мардумро сахт ба ташвиш овардааст. “Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст,” – афзуд ӯ.

“Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд,” – афзуд ӯ ва бори дигар аз шаҳрвандон хост, то захираи дусолаи ғизоро аз ёд набаранд.

Нархи билет €300. «Сомон Эйр» шумори парвозҳоро ба масири Душанбе – Маскав зиёд кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе зиёд кард.

“Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Москва (Фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти  бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ширкат.

Хотиррасон мешавад, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Арзиши билет ба хатсайри Душанбе – Маскав то охири моҳи апрел дар сомонаи расмии ширкат 300 евро (4 ҳазору 313 сомонӣ), билети парвоз аз он ҷо ба Маскав 130 евро (1 ҳазору 869 сомонӣ) нарх дорад.

Гуфта мешавад, аз 15 март вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат аст.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” чор ҳавопаймо дар ихтиёр дорад: дуто Boeing 737-800 ва дуто Boeing 737-900.

Як сокини Хоруғро бо гумони таҳқири намояндаи давлат дастгир кардаанд

Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки Манучеҳр Шеров яке аз сокинони шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият ва авбошӣ боздошт карда ва ӯро узви гуруҳи ҷиноие номидаанд, ки маъмурони милисаро маҷруҳ кардаанд.

Баръакси гуфтаи мақомот, фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон Манучеҳр Шеровро фарде хондаанд, ки гӯё ба зидди худсариҳои мақомоти интизомӣ ва беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар вилоят садо баланд мекард.

Дар баёнияе, ки вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 31-уми март нашр кард, омадааст, Манучеҳр Шеров, сокини шаҳри Хоруғро дар ҳамин рӯз дастгир кардаанд ва ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла ба “авбошӣ бо истифода аз аслиҳа ва таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифа” гумонбар ва ё муттаҳам мешавад.

Фотима Имомназарова, модари Манучеҳр Шеров рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ субҳи 31-уми март аз Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба ӯ занг зада, гуфтаанд, ки писараш дар боздоштгоҳ аст ва метавонед, ӯро хабар бигирад.

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телеҷизиони давлатӣ бо номи “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба кор оғоз кард. Дар ин бора Кумитаи радио ва телевизиони кишвар гузориш медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи телевизион бо иштироки намояндагони баландпоя имрӯз, 1 апрел сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин як телевизион огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҳадафҳои дигари ин муассисаи навтаъсис арзёбӣ мегардад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend