Тоҷикистон ва Миср ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

15 апрел Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири навтаъйини Миср дар Тоҷикистон Томер Ҳаммод мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ дорои имконоти васеъ мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҳанӯз пурра истифода нашудаанд ва тақвияти робитаҳои мустақим миёни ду кишвар зарур мебошад.

Ҷонибҳо масъалаи баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ карданд.

Skip to toolbar