fbpx

Тоҷикистон созишномаи тамдиди интиқоли барқ ба Афғонистонро имзо кард

Дар ҳоле, ки Афғонистон қарзи пештараашро пардохт накарда буд, дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шудааст.


0
Имзои созишномаи интиқоли барқ ба Афғонистон
Акс аз интернет

Тоҷикистон барои тамдиди интиқоли нерӯи барқ бо Афғонистон шартнома кард. Қарордоди мазкурро ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Брешно” ба имзо расониданд. Қарордоди ворид кардани барқ миёни ширкати “Брешно” ва “Барқи тоҷик” барои соли 2023 тамдид шуд, иттилоъ додааст Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон*.

Дар “Твиттер”-и ин вазорат хабари имзои созишномаи зикршуда аз ҷониби Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Мулло Муҳаммадҳаниф “Ҳамза”, масъули ширкати “Брешно” нашр шудааст.

Дар маросими имзои он Мулло Абдулатиф Мансур, сарпарасти Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон иштирок доштааст. Гуфта мешавад, ки дидору мулоқоти масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ва “Брешно” рӯзи 10 – уми январ дар Туркия сурат гирифтааст.

Ҷузъиёти бештари ин созишнома дастрас нест ва маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2023 ба ҳамсоякишвари худ чӣ миқдор барқ мефурӯшад. Аммо масъулини “Брешно” дар тобистони гузашта гуфта буданд, ки, интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб як баробар зиёд шудааст.

Кобул, яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 734 миллион киловат соат барқ содир шуда буд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021, 276 миллион киловат соат бештар аст.

Он замон гуфта шуд, ки нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент мебошад. Дар 9 вилояти Афғонистон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.

Дар моҳи августи соли 2022 масъулини ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки тарафи афғонистонӣ то ҳол натавонистааст пули барқро ба пуррагӣ бипардозад. Кишвари ҳамсоя таҳрими бонкҳои худро монеаи пардохти маблағи барқ гуфта буд.

Масъулини “Барқи тоҷик” он замон қарзи “Брешно” дар назди ин ширкатро 33 миллион доллар гуфта буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки аз он замон то кунун “Брешно” чӣ миқдор аз ин пулро пардохт кардааст.

* – созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend