Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2730.01.2025
Тоҷикистон соли 2024 наздики 2,5 мллиард кВт. соат нерӯи барқ содирот кардааст, ки маблағи он 906,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Вазорати энергетикаи кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, содироти барқ нисбат ба соли 2023 - 7,8% ё 203 млн. кВт. соат коҳиш ёфтааст.
Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содирот шудааст.
Аз ҷумла:
Дар умум соли 2024 дар кишвар 22 млрд. 427 млн. кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки барқи содиротшуда беш аз даҳ дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябр лимити барқ ҷорӣ аст ва сокинони кишвар рӯзе 10 соат ва ҳатто камтар аз он барқ доранду халос.
Сокинон аз риоя нашудани меъёри муайяншудаи лимит шикоят мекунанд.
Мақомот борҳо изҳор доштанд, ки барқ дар фасли тобистон ҳангоми кор кардани неругоҳҳои кишвар бо иқтидори пурраашон ва аз меъёри истеъмол барзиёд истеҳсол шудани барқ содирот карда мешавад. Вале тибқи иттилои Агентии омори кишвар танҳо моҳи декабри соли 2024 ба маблағи 6,4 миллион доллар барқ содирот кардааст, ки нисбати як моҳи пеш 53% зиёд аст.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
11 часов назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
12 часов назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
4 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
8 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад