fbpx

Тоҷикистон шаҳрвандонашро, ки дар Украина қарор доштанд тавассути Полша бармегардонад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points

Қурби доллар ва евро дар Тоҷикистон боз 15% боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии долларро нисбат ба асъори маҳаллӣ – сомонӣ якбора ба андозаи 15% боло бурд.

Мувофиқи қурби муқарранамудаи БМТ, имрӯз, 9 март 1 доллар 13 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш 1 доллар ба 11,30 сомонӣ баробар буд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло ба ҳеҷ гунае вазъ дар бозори асъорро шарҳ намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ соли дуюм пас аз тасҳеҳи ахир рӯзи 4 ноябри соли 2020 бетағйир боқӣ монда буд.

Ҳамчунин Бонки миллӣ қурби расмии сомониро нисбат ба евро ба андозаи 14,9%: аз 12,3486 сомонии чанде пеш то ба 14,1908 сомонӣ ба имрӯз тағйир дод.

Қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ баръакс ба андозаи 8,5% боло рафта – аз 0,0910 сомонӣ барои 1 рубл рӯзи 8 март то ба 0,0995 сомонӣ барои имрӯз боло рафтааст.

Қобили зикр аст, ки беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон бо оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина – аз 24 феврал шурӯъ шуд. Дар ин давра қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 35,7% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратӣ ҳафтаи дуюм аст, ки ин навъи асъори серталаб фурӯхта нашуда, лекин бо камоли майл қабул карда мешавад. Бонки миллӣ вазъияти мавҷударо дар бозори асъори нақд ҳоло шарҳ надодааст.

Тоҷикистон шаҳрвандонашро, ки дар Укроина қарор доштанд тавассути Полша бармегардонад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки 10-уми март ба берун овардани шаҳрвандони кишвар аз Укроин тавассути Лаҳистон оғоз кунанд.

Сафир гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бо ташкили ду парвози ройгон мехоҳанд шаҳрвандони кишварро ба Тоҷикистон баргардонанд.

“Бино ба иттилои ахир 350 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёни онҳо занону кӯдакону шахсони солхӯрда ҳам ҳастанд мехоҳад ба ватан баргарданд. Дар миёни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд. Дар назар аст рӯзҳои 10-11-уми март ду парвоз Лаҳистон ба Душанбе сурат бигирад”,-таъкид кард Сатторов.

Сафир гуфт, ки то кунун замони парвозҳо мушаххас нашудааст ва дар сурати мушаххас шудани парвозҳо онҳо иловатан хабар хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози низоъ миёни Русияву Укроин беш аз 1 ҳазору 55 шаҳрванди Тоҷикистон марзи Лаҳистонро убур кардаанд.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд тавассути ин парвозҳо ба кишвар баргарданд, бояд ё шиносмаашонро бо худ дошта бошанд ё дар сурати надоштани шиноснома аз сафорат санади баргашт ба кишварро дарёфт кунанд.

“Сафорат ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад ва ба шаҳрвандоне, ки барои мадад муроҷиат мекунанд, ёрӣ мерасонад. Телефони сафорат (49-30) 347 93 00 бистучаҳор соат фаъол аст ва зангҳоро мепазирад”,-гуфт сафири Тоҷикистон.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар кишварҳои аврупоӣ бимонанд бояд дар давоми 30 рӯз санадҳои будубошашонро дуруст кунанд, киба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.

Бино ба иттилои расмӣ то оғози ҳамлаи Русия ба Укроин бештар аз 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин қарор доштанд, ки ин онҳоеро, ки бидуни сабти ном дар ин кишвар ба сар мебурданд ё шаҳрвандии Укроинро дарёфт карда буданд дар бар намегирад.

Аз ин пештар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистону Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз Укроин берун оварда буданд.

СММ Тоҷикистонро барои вазъи ҳуқуқи башар дар ҳаводиси Бадахшон интиқод кард

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи ахири худ аз “идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ” ва “эҷоди фазои тарс” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар гуфтааст, ки  дар Тоҷикистон саркӯби мухолифони сиёсӣ идома дорад ва шумори мухолифоне, ки барои муддатҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд, меафзояд.

Ин мақоми СММ гуфтааст, ки ин мухолифон дар чаласаҳои  додгоҳие маҳкум мешаванд, ки меъёрҳои қонунӣ мувофиқат намекунанд.

“Хушунат миёни неруҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа ба таври қобили мулоҳиза бад кард ва фазои тарсро эҷод намуд”,-гуфтааст Бачелет.

Ман аз идома ёфтани қатъи интернет дар ин минтақа афсӯс мехурам, ки қатъи интернет нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст,-гуфтааст ин мақрмдори СММ.

Тоҷикистон то кунун ба ин интиқоди СММ посух надодааст, вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон далели қатъи интернет дар ВМКБ-ро ба далоили амниятӣ марбут дониста буданд.

Як сармуҳосиб дар Вахш беш аз 2 млн. сомонии давлатро тасарруф намудааст

Оҷонсии зидди фасод сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Ф Ҳ-ро бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо боздошт кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ супурдашуда даст задааст.

Гуфта мешавад, ӯ ин корр дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ – муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур А.И. ва Ҳ.М. анҷом додаст.

Ин ниҳод мегӯяд, номбурдагон бо мақсади азони худ намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон, ба маблағи 2 миллиону 341 ҳазору 315 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Ф.Ҳ, А. И. ва Ҳ.М. бо моддаҳои 245, қисмҳои 2, 3, 4, бандҳои “а”, “б”, “г” ва 323, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки моддаи 245 ҷарима ба андозаи 116 то 172 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) бошад, ҷарима ба андозаи 23 ҳазор сомонӣ ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend